ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 3 саҳ. 15
  • Ояндаатон дар дасти худатон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ояндаатон дар дасти худатон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧӢ ТАВР НИШОН ДИҲЕМ, КИ ЯҲУВАРО ДӮСТ МЕДОРЕМ ВА БА ОВОЗАШ ГӮШ МЕДИҲЕМ?
  • Пешгуфтор
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Роҳ сӯйи ояндаи дурахшон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Аз оянда хотирҷамъ будан — орзуи ҳамагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?
    Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 3 саҳ. 15
Марде дар қаҳвахона ба дӯсташ аз телефон чизе нишон дода истодааст.

Ояндаатон дар дасти худатон

Қариб 3500 сол пеш Яҳува Худо ба парастандагонаш гуфт, ки барои соҳиби ояндаи дурахшон шудан бояд чӣ кор кунанд: «Имрӯз осмон ва заминро дар пешатон ба шоҳидӣ даъват мекунам. Ман ба ту ҳаёту марг ва баракату лаънатро пешниҳод кардам. Пас, ҳаётро интихоб кун, то худат ва наслат зинда монӣ» (5 Мӯсо 30:19).

Барои ояндаи хушбахт доштан он одамон бояд қарорҳои дуруст мебароварданд. Имрӯз низ мо бояд интихоби дуруст кунем. Каломи Худо ба мо кумак карда метавонад, ки ояндаи дурахшонро интихоб намоем. Масалан, дар он гуфта мешавад, ки мо бояд Яҳува Худоро дӯст дорем ва ба овози ӯ гӯш диҳем (5 Мӯсо 30:20).

ЧӢ ТАВР НИШОН ДИҲЕМ, КИ ЯҲУВАРО ДӮСТ МЕДОРЕМ ВА БА ОВОЗАШ ГӮШ МЕДИҲЕМ?

КИТОБИ МУҚАДДАСРО ОМӮЗЕД: Барои дӯст доштани Яҳува аввалан дар бораи ӯ аз Китоби Муқаддас дониш гирифтан даркор аст. Баробари хондани Каломаш шумо мефаҳмед, ки Худо меҳрубон аст ва беҳбудиатонро мехоҳад. Ӯ шуморо даъват мекунад, ки дуо гӯед, «зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Дар Китоби Муқаддас ваъдае ҳаст, ки мувофиқи он агар кӯшиш карда ба Худо наздик шавед, «ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8).

АЗ РӮЙИ ДОНИШИ ГИРИФТААТОН АМАЛ КУНЕД: Ба овози Худо гӯш кардан маънои онро дорад, ки мо аз рӯйи дастуроти хирадмандонаи ӯ амал кунем. Яҳува мегӯяд, ки агар ин тавр кунӣ, «он гоҳ корҳоят барор мегиранд ва ту бохирадона амал мекунӣ» (Юшаъ 1:8).

Маълумоти бештарро аз сомонаи jw.org меёбед. Аз он ҷо Китоби муқаддасро онлайн хонда метавонед, инчунин курси омӯзиши Китоби Муқаддас гузаштан мумкинa ё аз касе хоҳиш карда метавонед, ки ҳамроҳатон омӯзиш гузаронад.

Китоби Муқаддасро чун роҳнамо сӯйи ояндаи дурахшон интихоб намоед!

a Айни замон ба ҳафт забон, аз ҷумла ба забони хитоӣ (мандаринӣ ва кантонӣ) дастрас аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан