ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w21 октябр саҳ. 29-31
  • 1921 — Сад сол пеш

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 1921 — Сад сол пеш
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ВОИЗОНИ ДАЛЕР
  • ОМӮЗИШИ ШАХСӢ ВА ОИЛАВӢ
  • КИТОБИ НАВ
  • КОРИ ДАР ПЕШ БУДА
  • Аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кардан баракат меорад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • 1922 — Сад сол пеш
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • 1923. Сад сол пеш
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
w21 октябр саҳ. 29-31

1921 — Сад сол пеш

ДАР «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми январи соли 1921 чунин савол омада буд: «Дар ин сол мо бояд кадом корро ба анҷом расонем?» Дар он аз Ишаъё 61:1, 2 ҷавоб оварда шуда буд, ки ба халқи Худо дар бораи супориши мавъиза кардан хотиррасон менамуд. «Рӯҳи Парвардигор Яҳува... маро тадҳин кардааст, ки хушхабарро ба нармдилон расонам... ва рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам».

ВОИЗОНИ ДАЛЕР

Барои ин супоришро иҷро кардан ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас далерӣ лозим буд, чунки онҳо бояд «хушхабарро ба нармдилон» мерасонданд, ҳамчунин ба бадкорон «рӯзи интиқоми Худо»-ро хабар медоданд.

Бародар Ҷон Ҳоскин, ки дар Канада зиндагӣ мекард, нигоҳ накарда ба зиддият хабари Худоро мерасонд. Баҳори соли 1921, рӯзе ӯ бо як воизи калисо вохӯрд. Бародар Ҷон ба ӯ гуфт: «Биёед дар бораи Навиштаҳо оромона суҳбат кунем. Раваду агар бо ягон чиз розӣ набошем, баҳс накарда дар фикри худ мемонем ва ба нағзӣ хайрухуш мекунем». Лекин ба гуфти бародар нашуд. Бародар Ҳоскин нақл кард: «Мо ҳамагӣ якчанд дақиқа суҳбат карда будем, ки он мард дарашро чунон сахт зад, ки, фикр кардам шишаҳояш ҳозир дар рӯйи фарш майда-майда мешавад».

Он мард дод зада гуфт: «Беҳтараш ба назди бутпарастон рав!» Бародар Ҳоскин дар ҷавоб ба ӯ даҳон накушод, лекин ба худ гуфт: «Охир ман ҳозиракак бо яктоаш суҳбат кардам».

Хизматгори калисо бо ин ором нашуд. Рӯзи дигар ба касоне, ки барои шунидани нутқаш омада буданд, дар бораи бародар Ҳоскин суханҳои дурӯғ гуфт. Бародар мегӯяд: «Ӯ ба одамон гуфтааст, ки ман дар тамоми шаҳр дурӯғгӯйи ашадиам ва маро парондан даркор». Бародар ба тарс дода нашуд, ӯ хизматашро давом дод ва комёб гашт. Ӯ мегӯяд: «Он вақтҳои беҳад хуб буд. Ман бо одамон дар бораи Худо суҳбат карда, хурсандӣ мегирифтам. Дар хизмат ҳатто баъзеҳо ба ман мегуфтанд: “Туро худи Худо фиристодааст”. Онҳо баъзан ёрдами худро пешниҳод мекарданд ва ман аз ҳеҷ чиз камӣ надоштам».

ОМӮЗИШИ ШАХСӢ ВА ОИЛАВӢ

Барои он ки одамон Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳманд, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар маҷаллаи «Асри тиллоӣ»a барномаҳои омӯзишӣ нашр мекарданд. Дар бахши «Тадқиқотчиёни ҷавони Китоби Муқаддас» саволҳое буданд, ки волидон бо кӯдаконашон муҳокима карда метавонистанд. Волидон ин саволҳоро дода ба кӯдаконашон ёрӣ мерасонданд, ки ҷавобашро аз Китоби Муқаддас ёбанд. Баъзе саволҳо одӣ буданд, ба монанди «Дар Китоби Муқаддас чандто китоб ҳаст?» Дигарашон бошад, ба мисли «Оё ҳар як масеҳиро озор медиҳанд?» Чунин саволҳо ҷавононро тайёр мекард, ки воизони далер шаванд.

Ҳамчунин барои касоне, ки дар бораи Китоби Муқаддас дониши бисёртар доштанд, барномаи омӯзишии чуқуртаре вуҷуд дошт. Ба саволҳое, ки дар он барнома буданд, ҷавобро аз ҷилди якуми «Таҳқиқи Навиштаҳо» ёфтан мумкин буд. Аз ин барномаҳо ҳазорон одамон манфиат гирифтанд, лекин дар маҷаллаи «Асри тиллоӣ» аз 21-уми декабри соли 1921 эълон шуд, ки онҳо дигар нашр намегарданд. Барои чӣ?

КИТОБИ НАВ

Китоби «Сози илоҳӣ»

Супоришҳо барои хониш

Кортҳои саволдор

Бародароне, ки роҳбариро ба уҳда мегирифтанд, фаҳмиданд, ки ба омӯзандагони нав ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро зина ба зина омӯзондан лозим аст. Аз ин рӯ моҳи ноябри соли 1921 китоби «Сози илоҳӣ» («The Harp of God») нашр гардид. Шахсоне, ки нусхаи ин китобро мегирифтанд, ба барномаи омӯзишӣ номнавис мешуданд, ки он барои омӯзиши мустақилона пешбинӣ шуда буд. Ин барнома ба одамон ёрӣ медод, ки дар бораи нияти Худо, ки ӯ ба инсоният ҳаёти ҷовидона мебахшад, бисёртар фаҳманд. Омӯзиш чӣ хел мегузашт?

Вақте шахс нусхаи китобро мегирифт, ба ӯ ҳамроҳи китоб корти хурд дода мешуд. Дар он саҳифаҳое қайд шуда буданд, ки шахс бояд онҳоро мехонд. Баъди як ҳафта ба ӯ бо нома корти дигаре фиристода мешуд, ки дар асоси чизҳои хондааш саволҳо дошт. Дар охири корт супоришҳо барои хониши ҳафтаи оянда буданд.

Ин курси омӯзишӣ барои 12 ҳафта омода шуда буд. Ҳар ҳафта ҷамоати маҳаллӣ ба омӯзанда корти нав мефиристод, ки супоришҳо дошт. Одатан ин корро ба бародару хоҳароне месупориданд, ки пиронсол ё аз сабаби саломатиашон хона ба хона хизмат карда наметавонистанд. Масалан, хоҳар Ана Гарднер, ки аз Милвели Пенсилвания (ИМА) мебошад, ба ёд меорад: «Вақте китоби “Сози илоҳӣ” нашр гардид, хоҳарам Тэйл, ки маъюб буд, бисёртар хизмат карда метавонист. Ӯ ба одамон кортҳои ҳарҳафтаинаи саволдор мефиристод». Баъди тамом шудани барномаи омӯзишӣ бародар ё хоҳаре ба назди шавқманд рафта, ба ӯ кумак мекард, то Китоби Муқаддасро хубтар фаҳмад.

А. Хоҳар Тэйл Гарднер дар аробачаи маъюбиаш

КОРИ ДАР ПЕШ БУДА

Дар охири сол бародар Ҷозеф Рутерфорд ба ҷамоатҳо нома фиристод. Дар он қайд шуда буд, ки «хабари Подшоҳӣ дар ин сол назар ба тамоми солҳои дарав васеътар ва самараноктар эълон карда шуд». Ӯ фикри ояндаро карда гуфт: «Ҳоло дар пеш кор бисёр аст. Дигаронро даъват кунед, ки дар ин кори пурбаракат ҳамроҳ шаванд». Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба ин маслиҳат гӯш доданд, зеро соли 1922 онҳо хабари Подшоҳиро чунон далерона ва боғайратона паҳн карданд, ки пештар ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд.

Дӯстони далер

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба якдигар муҳаббати бародарона зоҳир мекарданд. Чи хеле ки воқеаи зерин нишон медиҳад, онҳо дар ҳақиқат дӯстони далере буданд, «ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Пнм. 17:17).

Рӯзи сешанбе, 31-уми майи соли 1921, дар шаҳри Толсои иёлоти Оклаҳома (ИМА), баъди ҳабси марди сиёҳпӯсте, ки дар ҳамла кардан ба як зани сафедпӯст айбдор дониста шуд, бетартибиҳои нажодии Толсо сар зад. Дар давоми он зиёда аз 1000 авбошони сафедпӯст бо гурӯҳи камтари сиёҳпӯстон ҷанг карданд ва ин ҷанг тез ба маҳалли Гринвуд гузашт, ки дар он асосан сиёҳпӯстон зиндагӣ мекарданд ва зиёда аз 1400 хонаву корхона ғорат гашта, сӯзонда шуд. Аз рӯйи маълумоти расмӣ дар он бетартибиҳо 36 одам кушта шуд, лекин аз афташ дар асл садҳо нафар ҳалок гаштанд.

Бародар Ричард Ҳилл Тадқиқотчии сиёҳпӯсти Китоби Муқаддас, ки дар маҳалли Гринвуд зиндагӣ мекард, чунин гуфта буд: «Дар шабе, ки бетартибиҳо сар зад, мо ҷамъомад доштем, баъди он ки вохӯрӣ тамом шуд, мо дар маркази шаҳр тирпаррониро шунидем ва то хобамон бурдан овози он ба гӯшамон мерасид». Саҳарии чоршанбеи 1-уми июн вазъият боз бадтар шуд. «Баъзеҳо ба назди мо омада гуфтанд, ки агар паноҳ ёфтан хоҳед, беҳтараш ба толори ҷамъиятии шаҳр равем». Аз ин рӯ бародар Ҳилл бо зану панҷ фарзандаш ба толори ҷамъиятии шаҳри Толсо гурехт. Дар он ҷо қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ, ки барои барқарор кардани тартиб омада буданд, тақрибан 3000 мардуми сиёҳпӯстро ҷобаҷо карданд.

Тақрибан дар он вақт бародар Артур Клаус, ки марди сафедпӯст буд, амали далерона кард. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман шунидам, ки гурӯҳи ғоратгарон дар Гринвуд гашта, хонаҳоро тороҷ мекунанду оташ мезананд, ман қарор кардам, ки ба назди дӯсти азизам, бародар Ҳилл рафта, ӯро хабар мегирам».

Бародар Артур Клаус ва 14 кӯдаке, ки бо онҳо аз китоби «Сози илоҳӣ» омӯзиш мекард

Вақте Артур Клаус ба хонаи бародар Ҳилл омад, ӯ дар он ҷо ҳамсояи сафедпӯсту милтиқдор ӯро вохӯрд. Ин ҳамсояаш, ки дӯсти бародар Ҳилл буд, фикр кард, ки Артур яке аз ғоратгарон мебошад. Ӯ дод зада пурсид: «Дар ҳавлии ин мард чӣ кор карда истодаӣ?»

Артур ба ёд меорад: «Агар ҷавоби ман ба ӯ маъқул намешуд, ӯ маро мепарронд. Ман ӯро бовар кунондам, ки дӯсти бародар Ҳилл буда тез-тез ба хонааш меомадам». Артур ва ҳамсояи бародар Ҳилл молу мулкашро бомуваффақият аз ғоратгарон ҳимоя карданд.

Дере нагузашта Артур фаҳмид, ки бародар Ҳилл дар толори ҷамъиятии шаҳр мебошад. Ба ӯ гуфтанд, ки бе иҷозати сардори афсарон, Генерал Баррет, ягон шахси сиёҳпӯст аз он ҷо баромада наметавонад. Артур мегӯяд: «Бо генерал вохӯрдан осон набуд. Вақте хоҳишамро гуфтам, ӯ пурсид: “Оё дар бораи ин оила ғамхорӣ карда бехатариашро таъмин карда метавонӣ?” Ман бо ҷону дил “ҳа” гуфтам».

Артур иҷозатномаро ба даст гирифта ба толори ҷамъиятӣ шитофт. Ӯ онро ба афсар нишон дод ва афсар ҳайрон шуда гуфт: «Наход худи генерал онро имзо кардааст. Медонӣ, ту нахустин шахсе мебошӣ, ки касеро аз ин ҷо мебарорад». Сипас бародар Ҳилл ва оилаашро ёфта ҳамаашонро ба мошини Артур шинонда ба хона равон карданд.

«Дар байни халқи Худо ҳама баробаранд»

Бародар Артур Клаус кӯшиш мекард, ки дӯсташ Ҳилл ва оилааш дар бехатарӣ бошанд. Вақте дигарон далерӣ ва муҳаббати бародаронаи Артурро диданд, қоил шуданд. Ӯ нақл мекунад: «Эҳтироми ҳамсояе, ки дар ҳимояи хонаи бародар Ҳилл кумак мекард, нисбати хизматгорони Яҳува зиёдтар гашт. Ғайр аз ин, якчанд одам ба хабари Подшоҳӣ шавқ зоҳир карданд, чунки онҳо медиданд, ки дар байни халқи Худо ҳама баробаранд ва якдигарро аз рӯйи нажод ҷудо намекунанд».

a Соли 1937 маҷаллаи «Асри тиллоӣ» «Тасаллӣ» ном гирифт ва он аз соли 1946 инҷониб «Бедор шавед!» ном дорад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан