ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp22 № 1 саҳ. 8-9
  • 2 | Қасд нагиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 2 | Қасд нагиред
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Каломи Худо чӣ мегӯяд?
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Шумо чӣ кор карда метавонед?
  • Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Юсуф бародаронашро мебахшад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
wp22 № 1 саҳ. 8-9
Ду марди бадқаҳр ба шохаҳои дарахте муқобили ҳамдигар нишастаанд. Ҳар яки онҳо шохаеро, ки бар он нишастаанд, арра карда истодаанд.

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

2 | Қасд нагиред

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед... қасд нагиред... чунки навишта шудааст: “Қасос аз ман аст, ман сазо медиҳам”,— мегӯяд Яҳува» (РУМИЁН 12:17–19).

Ин чӣ маъно дорад?

Албатта, вақте касе моро меранҷонад, ба ғазаб омадан як чизи табиӣ аст. Бо вуҷуди ин Яҳува мехоҳад, ки мо ба он шахс зарар нарасонем. Беҳтараш ҳамаашро ба дасти Яҳува супорем ва шубҳа накунем, ки як рӯз не, як рӯз ӯ адолатро барқарор мекунад (Забур 37:7, 10).

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Вақте одами нокомил қасд мегирад, ба оташи нафрату кароҳаташ равған мерезад. Аз ин рӯ, агар ягон кас шуморо хафа карда бошад, дар ҷавоб ӯро хафа накунед. Баръакс, оромӣ ва худдориро нигоҳ доред. Дар баъзе мавридҳо оиди кори шудагӣ фаромӯш кардан беҳтар аст (Панднома 19:11). Аммо воқеаҳое мешаванд, ки дар бораашон ҳатман гуфтан лозим. Масалан, агар шуморо ғорат кунанд, шояд дар ин бора ба полис ё дигар кормандони дахлдор хабар диҳед.

Қасдгирӣ ба худи шахс зарар меорад

Вале агар ба назаратон мушкилиро оромона ҳал кардан номумкин тобад-чӣ? Ё фарз кардем барои оромона ҳал кардани мушкилие шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро кардед. Чи хеле набошад, қасд нагиред, охир ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Ба ҷойи ин занҷири нафратро канед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува мушкилиро ҳал мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ба ӯ такя кун ва ӯ амал хоҳад кард» (Забур 37:3–5).

Воқеа аз ҳаёт. АДРИАН

Дигар қасд намегирад

Адриан.

Дар наврасиаш Адриан шахси қасдгир буд ва бо онҳое, ки ӯро хафа мекарданд, дар кӯча шапошап мекард. Ӯ ба ёд меорад: «Ман одатан тирпарронӣ мекардам, якчанд маротиба дар берун оғуштаи хун қариб ҷон медодам».

Адриан дар синни 16-солагиаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ мегӯяд: «Чи қадаре Китоби Муқаддасро бештар меомӯхтам, ҳамон қадар дарк менамудам, ки бояд ба ҳаётам дигаргунӣ дарорам». Бале, ӯ бояд нафратро аз дилаш решакан мекард ва дигар ба зӯроварӣ даст намезад. Ба Адриан Румиён 12:17–19 хеле маъқул шуд, ки дар он ҷо оиди қасд нагирифтан гуфта мешавад. Ӯ илова мекунад: «Ман фаҳмидам, ки Яҳува худаш беадолатиро ба таври ба ӯ писанд ва дар вақташ бартараф мекунад. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста бадхашмиро аз худ дур кардам».

Як бегоҳ гурӯҳе, ки Адриан пеш бо онҳо меҷангид, ба ӯ ҳамла кард. Сардори онҳо дод зада гуфт: «Худро муҳофизат кун!» Адриан ба ёд меорад: «Он лаҳза хунам меҷӯшид». Вале ба ҷойи ҷанг кардан ӯ дар дилаш кӯтоҳ дуо гуфта, ҷойи ҳодисаро тарк кард.

Ӯ илова мекунад: «Рӯзи дигар боз бо сардори он гурӯҳ вохӯрдам. Ин дафъа ӯ танҳо буд. Ман ба ғазаб омада хостам қасд гирам, вале боз Яҳуваро зора кардам, то кумак кунад, ки худро идора карда тавонам. Лекин чизе ки баъдтар рӯй дод, маро ба ҳайрат овард. Он ҷавон наздам омада гуфт: “Мебахшӣ ки ман дирӯз ба ту ҳамла кардам. Рости гап, мехоҳам мисли ту бошам. Ман ҳам Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехоҳам”. Ман бениҳоят хурсанд шудам, ки қаҳрамро идора карда тавонистам. Ниҳоят бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам».

Саргузашти Адрианро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и №5, соли 2016, саҳифаи 14, 15 (рус.) хонда метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан