ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w23 ноябр саҳ. 14-19
  • Бо ёрии Яҳува дар дунёи ноустувор устувор монед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо ёрии Яҳува дар дунёи ноустувор устувор монед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУДИЁНЕРО, КИ БА ЕРУСАЛИМ БАРГАШТАНД, ЧӢ ГУНА МУШКИЛИҲО ПЕШ ОМАД?
  • ҲАМЕША ХОСТИ ХУДОРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНЕД
  • ЧӢ ТАВР БОВАРИЯМОНРО БА ЯҲУВА ҚАВӢ СОЗЕМ?
  • ТО ОХИР АЗ ЯҲУВА ДИЛПУР БОШЕД
  • Оё шумо чизеро, ки Закарё дид, мебинед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Такя ба мадади Худо
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
w23 ноябр саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 48

Бо ёрии Яҳува дар дунёи ноустувор устувор монед

«Устувор бошед,.. зеро ман бо шумоям,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо» (ҲАҶ. 2:4).

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

ПЕШГУФТОРa

1, 2. а) Вазъияти хизматгорони имрӯзаи Яҳува бо вазъияти яҳудиёне, ки ба Ерусалим баргаштанд, чӣ монандӣ дорад? б) Кӯтоҳак гӯед, ки бар сари яҳудиён чӣ гуна мушкилиҳо омаданд. (Ба чорчӯбаи «Замонҳои Ҳаҷҷай, Закарё ва Эзро» нигаред.)

ОЁ ШУМО баъзан дар бораи оянда хавотир мешавед? Эҳтимол, шумо коратонро аз даст додед ва намедонед чӣ хел оилаатонро таъмин кунед. Ё шояд вазъияти ноустувори сиёсӣ, озору азият ё муносибати манфии одамон ба хизматамон шуморо маҷбур месозанд, ки дар бораи бехатарии наздиконатон хавотир шавед. Пас, хуб мебуд дида бароед, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба исроилиён барои паси сар кардани чунин душвориҳо кумак мекард.

2 Ба яҳудиёне, ки аз Бобил ба Ерусалим баргашта буданд, имон даркор буд. Зеро онҳо ҳаёти бароҳатро дар қафо монда, ба кишваре раҳсипор шуданд, ки аксарашон онро надида буданд. Вақте онҳо ба он ҷо расиданд, каме пас бо мушкилиҳо дакка хӯрданд: онҳо барои таъмини оила душворӣ мекашиданд, вазъияти сиёсӣ ноором буд ва халқҳои гирду атроф ба онҳо зиддият нишон медоданд. Аз ин рӯ ба баъзеҳо диққатро ба сохтмони ибодатгоҳ равона кардан душвор буд. Ана барои чӣ Яҳува соли 520-уми пеш аз милод ба назди онҳо ду пайғамбар, Ҳаҷҷай ва Закарёро, фиристод. Онҳо бояд дар дили мардум оташи ғайратро аз нав меафрӯхтанд (Ҳаҷ. 1:1; Зак. 1:1). Чи хеле мебинем, ин пайғамбарон аз уҳдаи вазифаашон ба хубӣ баромаданд. Лекин тақрибан баъди 50 сол боз ғайрати яҳудиён суст гашт. Он гоҳ аз Бобил нусхабардори бомаҳорати Шариат, Эзро, ба Ерусалим омада, ба халқ қувваи тоза бахшид, то онҳо парастиши Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд (Эзро 7:1, 6).

Замонҳои Ҳаҷҷай, Закарё ва Эзро

Дар ҷадвал воқеаҳои асосии замони Ҳаҷҷай, Закарё ва Эзро оварда шудаанд (ҳамаи солҳо пеш аз милод). 537: Яҳудиён аз асирии Бобил озод шуда мераванд. 520: Ҳаҷҷай ва Закарё пайғамбар дар Ерусалим ба исроилиён гап мезананд. 515: Ибодатгоҳи Ерусалим. 484: Малика Эстер ба тахти шоҳ Ахашверуш наздик мешавад. 468: Эзро бо корвон ба роҳ баромадааст. 455: Деворҳои Ерусалим.

ҲАМАИ СОЛҲО ПЕШ АЗ МИЛОД

  1. 537: Гурӯҳи якуми яҳудиён ба Ерусалим бармегарданд

  2. 520: Ҳаҷҷай ва Закарё дар Ерусалим пешгӯйӣ мекунанд

  3. 515: Сохтмони ибодатгоҳ ба охир мерасад

  4. 484: Эстер баъди баровардани дастури Хашиёршои як (Ахашверуш) дар бораи нобуд кардани яҳудиён ба ин масъала дахолат мекунад

  5. 468: Эзро ва гурӯҳи дуюми яҳудиён роҳи Ерусалимро пеш мегиранд

  6. 455: Деворҳои Ерусалим сохта мешаванд

3. Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем? (Панднома 22:19).

3 Закарёву Ҳаҷҷай ба исроилиён кумак карданд, ки ба душмании халқҳои гирду атроф нигоҳ накарда ба Яҳува такя кунанд. Суханони ин пайғамбарон ба мо низ дар ин ҳаёти ноустувор ёрдам карда метавонанд. (Панднома 22:19-ро хонед.) Пешгӯйии Ҳаҷҷай, Закарё ва Эзроро дида баромада, ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: яҳудиёнеро, ки ба Ерусалим баргаштанд, чӣ гуна мушкилиҳо пеш омад? Чаро мо бояд дар вазъиятҳои мушкил хости Худоро дар ҷойи аввал монем? Чӣ тавр дар замонҳои ноустувор бовариямонро ба Яҳува қавӣ созем?

ЯҲУДИЁНЕРО, КИ БА ЕРУСАЛИМ БАРГАШТАНД, ЧӢ ГУНА МУШКИЛИҲО ПЕШ ОМАД?

4, 5. Чаро шавқу завқи яҳудиёне, ки ба Ерусалим баргаштанд, суст шуд?

4 Вақте яҳудиён ба Ерусалим баргаштанд, онҳоро корҳои зиёд дар пеш буд. Онҳо аз як гиребон сар бароварда даррав қурбонгоҳи Яҳуваро бино карданд ва таҳкурсии ибодатгоҳро гузоштанд (Эзро 3:1–3, 10). Лекин ба зудӣ шавқу завқи онҳо суст шуд. Чаро? Онҳо ғайр аз барқарор кардани ибодатгоҳ бояд барои худ хона месохтанд, киштукор мекарданд ва оилаашонро мехӯронданд (Эзро 2:68, 70). Ба болои ин, душманон пеши роҳи сохтмони ибодатгоҳро гирифтанӣ буданд (Эзро 4:1–5).

5 Ба ҳаёти исроилиёне, ки аз ғуломӣ баргашта буданд, ноустувории иқтисодӣ ва вазъиятҳои сиёсӣ душвориҳо ба миён меовард. Сарзамини онҳо акнун ба империяи Форс тааллуқ дошт. Соли 530-и пеш аз милод, баъди марги Куруш, вориси ӯ Камбуҷия, бар зидди Миср лашкар кашид. Лашкари ӯ аз замини исроилиён гузашта, эҳтимол, сарбозон аз сокинони он хӯрду хӯрок, об ва ҷойи хоб талаб мекарданд ва ин аҳволи исроилиёнро боз ҳам бадтар мекард. Баъди ба сари қудрат омадани Дориюш низ вазъият беҳтар нашуд: дар аввали ҳукмронии вай дар ҳар ҷо шӯришҳо сар мезаданд. Бешубҳа, аз чунин вазъият исроилиён хавотир буданд, ки чӣ хел оилаашонро таъмин мекунанд. Ба сабаби ҳамаи ин нотинҷиву ноҳамвориҳои зиндагӣ баъзеҳо фикр мекарданд, ки ҳоло вақти сохтани ибодатгоҳи Яҳува нест (Ҳаҷ. 1:2).

6. Мувофиқи Закарё 4:6, 7 яҳудиён боз бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд ва Закарё онҳоро аз чӣ дилпур кард?

6 Закарё 4:6, 7-ро хонед. Лекин мушкилиҳои исроилиён танҳо норасоии иқтисодӣ ва вазъияти ноустувори сиёсӣ набуд. Онҳо боз аз дасти душманонашон озор медиданд. Соли 522-и то милод душманон кори сохтмони хонаи Яҳуваро хобонданд. Лекин Закарё халқро дилпур сохт, ки Яҳува бо рӯҳи пурқудраташ тамоми монеаҳоро бартараф мекунад. Соли 520-и то милод шоҳ Дориюш иҷозат дод, ки сохтмонро давом диҳанд. Ӯ ҳатто аз хазинаи давлат маблағ ҷудо кард ва ба ҳокимони маҳаллӣ таъйин кард, ки онҳоро дастгирӣ кунанд (Эзро 6:1, 6–10).

7. Вақте яҳудиён пурра аз пайи иҷрои хости Яҳува шуданд, ӯ онҳоро чӣ баракат дод?

7 Яҳува ба воситаи Ҳаҷҷай ва Закарё ба хизматгоронаш ваъда дод, ки, агар онҳо сохтмони ибодатгоҳро аз нав сар кунанд, ӯ бо онҳо мешавад (Ҳаҷ. 1:8, 13, 14; Зак. 1:3, 16). Яҳудиён аз суханони ин пайғамбарон чунон рӯҳбаланд шуданд, ки соли 520-и то милод сохтмони ибодатгоҳро ба роҳ монда, панҷ сол нашуда ба охир расонданд. Азбаски яҳудиён ба тамоми мушкилиҳо нигоҳ накарда фидокорона ба хости Яҳува амал карданд, Яҳува ҳам ниёзҳои ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонияшонро қонеъ кард. Оқибат ҳамаи онҳо шоду хурсандона Яҳуваро парастиш карданд (Эзро 6:14–16, 22).

ҲАМЕША ХОСТИ ХУДОРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНЕД

8. Чӣ тавр суханони Ҳаҷҷай 2:4 ба мо ёрдам мекунанд, ки диққатро ба хости Яҳува равона кунем? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

8 Мо дар омад-омади азоби азим ҳастем. Барои ҳамин ҳозир аз пештара дида ба одамон расондани хушхабар муҳимтар аст (Марқ. 13:10). Лекин, агар мо аз бепулӣ ё кампулӣ азоб кашем ё моро барои мавъиза карданамон озору азият диҳанд, диққатро ба хизмат равона кардан душвор аст. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки кори Подшоҳиро дар якум ҷо монем? Ҳамеша дар ёд доред, ки «Яҳува, Худои лашкарҳо»b тарафдори мост. Агар кори супурдаи Яҳува бароямон аз фоидаи худамон дида болотар истад, ӯ моро дастгирӣ мекунад. Бинобар ин аз ҳеҷ чиз натарсед. (Ҳаҷҷай 2:4-ро хонед.)

9, 10. Чӣ тавр як зану шавҳар ба ҳаққонияти суханони Матто 6:33 бовар ҳосил карданд?

9 Биёед мисоли ҳамсарон Олег ва Иринароc бинем, ки пешрав хизмат мекарданд. Онҳо барои кумак ба ҷамоате ба дигар ҷо кӯчиданд. Азбаски вазъияти иқтисодӣ дар он давлат бад шуд, онҳо ҳеҷ кори доимӣ ёфта наметавонистанд. Ин ҳолати тираи онҳо як сол давом ёфт. Чӣ хел онҳо устувор монданд? Олег ва Ирина доимо дастгирии Яҳуваро ҳис мекарданд ва бародару хоҳарон мушкилкушояшон мешуданд. Олег, ки дар аввал қариб умедашро гум карда буд, мегӯяд: «Мо худро саргарми хизмат карда, намемондем, ки ҳушу ёдамон ба дигар чизҳо шавад». Ин ҳамсарон бо хизмат банд буданд ва ҳамзамон кор мекофтанд.

10 Як рӯз, вақте Олегу ҳамсараш аз хизмат ба хона бармегаштанд, дар остонаи дарашон ду борхалтаи хӯроквориро диданд. Маълум гашт, ки як дӯсташон 160 километр роҳро тай карда, ба онҳо туҳфа овардааст. Олег мегӯяд: «Он рӯз дарк кардем, ки Яҳува ва ҳамимонон моро сахт дӯст медоранд. Мо дар ҳаёти худ дидем, ки вазъият чӣ қадар беилоҷ натобад, Яҳува хизматгоронашро намепартояд» (Мат. 6:33).

11. Агар бо иҷрои хости Яҳува банд бошем, ба чӣ умед баста метавонем?

11 Яҳува мехоҳад, ки мо аз кори наҷотбахши шогирдсозӣ дур нашавем. Чи хеле дар сархати 7 гуфта шуд, Ҳаҷҷай ходимони Худоро даъват кард, ки солҳои беамалиро фаромӯш карда, ба хизмати муқаддас бо завқу шавқ часпанд, гӯё навакак таҳкурсии ибодатгоҳро гузошта бошанд. Агар ҳамин тавр мекарданд, Яҳува ваъда дода буд, ки баракаташро ба сари онҳо мерезад (Ҳаҷ. 2:18, 19). Биёед мо низ дилпур бошем, ки, агар ба супориши Яҳува бо ҷону дил миён бандем, ӯ кӯшишҳои моро баракат медиҳад.

ЧӢ ТАВР БОВАРИЯМОНРО БА ЯҲУВА ҚАВӢ СОЗЕМ?

12. Чаро ба Эзрою ҳамроҳонаш имони қавӣ лозим буд?

12 Соли 468-и то милод Эзро бо дуюм гурӯҳи исроилиён аз Бобил ба Ерусалим роҳ пеш гирифт. Барои ба ин сафар розӣ шудан ба онҳо имони мустаҳкам даркор буд. Онҳо бо худ тиллою нуқраи бисёреро гирифта буданд, ки барои ибодатгоҳ хайрия шуда буд. Дар роҳ бошад, ғоратгарон ба онҳо ҳуҷум оварда метавонистанд (Эзро 7:12–16; 8:31). Ғайр аз ин, каме пас, онҳо дарк карданд, ки худи Ерусалим ҳам ҷойи бехатар набудааст. Дар шаҳр одамон кам буданд, девору дарвозаҳои он бошад, таъмирталаб буд. Лекин Эзро ба Яҳува такя кард. Мо аз ӯ чӣ меомӯзем?

13. Чӣ бовари Эзроро ба Яҳува устувор мекард? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

13 Эзро аллакай дида буд, ки Яҳува дар вақти тангӣ халқашро наҷот дода буд. Соли 484-и то милод шоҳ Ахашверуш қонунеро имзо кард, ки тамоми яҳудиён дар сар то сари империяи Форс нест карда шаванд. Эҳтимол, Эзро он вақт дар Бобил зиндагӣ мекард (Эст. 3:7, 13–15). Ҳаёти ӯ дар хатар буд. Инро шунида, яҳудиёни «ҳар вилоят» рӯза дошта, мотам гирифтанд ва, эҳтимол, аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсиданд (Эст. 4:3). Тасаввур кунед, вақте Эзро ва дигар яҳудиён фаҳмиданд, ки душманони чоҳкани онҳо зери чоҳ шуданд, чӣ ҳис карданд? (Эст. 9:1, 2). Чизҳое, ки дар он рӯзҳо Эзро аз сар гузаронд, ӯро ба озмоишҳои оянда тайёр кард ва боварии ӯро ба қуввати наҷотбахши Яҳува қавӣ сохт. Ӯ дилпур гашт, ки Яҳува халқашро ҳимоя мекунадd.

14. Вақте як хоҳар дар сахтияш дасти Яҳуваро дид, чӣ омӯхт?

14 Вақте мебинем, ки Яҳува дар беилоҷиҳо бароямон роҳ мекушояд, боварамон ба ӯ меафзояд. Мисоли Анастасия аз Аврупои Шарқӣ далел аст. Барои нигоҳ доштани бетарафӣ ӯ аз кораш баромад. Анастасия мегӯяд: «Пеш ман ягон бор бепул намонда будам». Баъд ӯ илова мекунад: «Ман ин ташвишамро ба дасти Яҳува супоридам ва дидам, ки ӯ чӣ хел бо меҳрубонӣ ба ман ғамхорӣ мекунад. Агар ин дафъа бекор монам, тамоман наметарсам. Агар Падари осмониям имрӯз дар ҳаққи ман ғамхорӣ кунад, пас, пагоҳ ҳаргиз маро намепартояд».

15. Чӣ ба Эзро ёрдам дод, ки ба Яҳува такя кунад? (Эзро 7:27, 28).

15 Эзро дасти Яҳуваро дар ҳаёташ медид. Ӯ замонҳоеро, ки Яҳува ба мададаш расида буд, ба ёд оварда, бовару такяаш ба Худояш меафзуд. Бинед Эзро чӣ мегӯяд: «Дасти Худоям Яҳува бар ман буд». (Эзро 7:27, 28-ро хонед.) Ибораҳои ба ин монанд дар китоби Эзро шаш бор вомехӯранд (Эзро 7:6, 9; 8:18, 22, 31).

Дар кадом вазъиятҳо мо дасти Яҳуваро равшантар дида метавонем? (Ба сархати 16 нигаред.)e

16. Дар кадом вазъиятҳо мо дасти Яҳуваро равшантар дида метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Ҳангоми бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданамон Яҳува ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Масалан, вақте мо аз роҳбари корхонаамон барои анҷуман ҷавоб мегирем ё барои иштирок дар ҳама ҷамъомадҳо хоҳиш мекунем соати кориямонро дигар кунад, чашми имонамонро ба дидани дасти Яҳува мекушоем. Эҳтимоли зиёд аст, ки аз чӣ тавр ранг гирифтани вазъият ҳайрон шавем. Он гоҳ бинои имонамон қавитару қавитар мешавад.

Эзро бо дигар исроилиён дар ибодатгоҳ гиря мекунад. Шаканё ба Эзро ёрдам медиҳад, ки ба по хезад.

Эзро аз гуноҳи исроилиён зиқ шуда, дар ибодатгоҳ ашкрезон дуо мегӯяд. Мардум низ гиря мекунанд. Шаканё Эзроро тасалло дода, мегӯяд: «Барои Исроил то ҳол умеде ҳаст... мо бо ту ҳастем» (Эзро 10:2, 4) (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чӣ тавр Эзро дар замони тангӣ хоксорӣ нишон дод? (Ба расми муқова нигаред.)

17 Эзро хоксорона аз Яҳува ёрдам пурсид. Ҳар дафъае ки бори масъулият ба Эзро вазнинӣ мекард, ӯ хоксорона ба Яҳува дуо мегуфт (Эзро 8:21–23; 9:3–5). Вақте одамони гирду атрофаш рӯҳияи Эзроро медиданд, ӯро дастгирӣ карда, мисли ӯ рафтор кардан мехостанд (Эзро 10:1–4). Агар шумо дар бораи бехатарии оилаатон ё хӯрондани онҳо фикр карда, аз ҳол рафта бошед, бе дудилагӣ ба Яҳува рӯ оред.

18. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба Яҳува бисёртар бовар кунем?

18 Агар хоксорона кумаки Яҳуваро ҷӯему дастгирии ҳамдинонамонро қабул кунем, дилпуриямон ба Яҳува меафзояд. Эрика, ки соҳиби се фарзанд аст, доимо боварияшро ба Яҳува нигоҳ медорад. Ба сари ӯ чанд фоҷиаи даҳшатнок омад. Дар муддати кӯтоҳ ӯ аз шавҳари меҳрубону кӯдаки шикамаш маҳрум шуд. Ба гузашта назар карда, ӯ мегӯяд: «Ту пешакӣ намедонӣ, ки Яҳува чӣ хел амал мекунад. Ӯ ҳамеша маро қоил мекард. Яҳува бисёр вақт ба дуоҳоям ба воситаи гапу кори дӯстонам ҷавоб медод. Агар ман ба дӯстонам дарди дил кунам, онҳо дарҳол дасти маро мегиранд».

ТО ОХИР АЗ ЯҲУВА ДИЛПУР БОШЕД

19, 20. Мо аз яҳудиёне, ки ба Ерусалим баргашта натавонистанд, чӣ меомӯзем?

19 Мо ҳамчунин аз яҳудиёне, ки ба Ерусалим баргашта натавонистанд, дарси муҳим гирифта метавонем. Баъзеи онҳо пиронсол буданд, касалии ҷиддӣ ё уҳдадориҳои оилавӣ доштанд. Лекин онҳо Эзро ва ҳамроҳонашро бо чизҳои моддӣ дастгирӣ карданд (Эзро 1:5, 6). Тахминан баъди 19 соли ба ватан баргаштани гурӯҳи аввали яҳудиён, яҳудиёне, ки дар Бобил монда буданд, аз афташ, то ҳол ба Ерусалим хайрия мефиристоданд (Зак. 6:10).

20 Агар мо хизмати Яҳуваро чӣ қадаре хоҳем, карда натавонем, дилмонда намешавем, зеро Яҳува аз таҳти дил кӯшиш карданамонро қадр мекунад. Мо инро аз куҷо медонем? Дар рӯзҳои Закарё Яҳува ба пайғамбараш гуфт, ки аз нуқраву тиллое, ки асирони дар Бобил монда фиристоданд, тоҷе бисозад (Зак. 6:11). «Ин тоҷи боҳашамат чун ёдоварӣ» аз хайрияҳои саховатмандонаи онҳо мебошад (Зак. 6:14, поварақ). Дилпур бошед, Яҳува ҳеҷ гоҳ хизмати фидокоронаи моро, ки дар ин замони ноором мекунем, фаромӯш намекунад (Ибр. 6:10).

21. Чӣ кор кунем, ки ба оянда бо дилпурӣ назар дӯзем?

21 Мо медонем, ки дар ин рӯзҳои охир аз мушкилиҳо ҷойи гурез нест ва дар оянда ҳатто вазъият бадтар шуда метавонад (2 Тим. 3:1, 13). Лекин ба воҳима афтодан даркор нест. Суханони Яҳуваро дар ёд доред, ки дар рӯзҳои Ҳаҷҷай ба халқаш гуфта буд: «Ман бо шумоям... натарсед» (Ҳаҷ. 2:4, 5). Агар мо аз таҳти дил хости Худоро ба ҷо орем, ӯ бо мо мешавад. Дар ин мақола мо пешгӯйии Ҳаҷҷаю Закарё ва мисоли Эзроро дидем. Агар чизҳои фаҳмидаамонро ба кор барем, ба оянда бо сари баланд назар мекунем ва дар замонҳои нотинҷиву нооромӣ ба Яҳува таваккал менамоем.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Чӣ тавр мушкилиҳову нотинҷиҳо моро дар хизмати Яҳува суст карда метавонанд?

  • Чаро мо бояд ҳатто дар вақтҳои ноором диққатамонро ба иҷрои хости Яҳува равона кунем?

  • Чӣ тавр дар замонҳои нотинҷ боварамонро ба Яҳува устувор созем?

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

a Ин мақола ба мо ёрдам мекунад, ки ҳангоми бепулӣ, нооромиҳои сиёсӣ ё вақте барои хизматамон бо озору азият дучор мешавем, дилпуриямонро ба Яҳува устувор кунем.

b Ибораи «Худои лашкарҳо» дар китоби Ҳаҷҷай 14 бор вомехӯрад. Он ба яҳудиён ва ба мо хотиррасон мекунад, ки Яҳува соҳиби қудрати бепоён аст ва дар ихтиёраш лашкари бузурги фариштагон мебошад (Заб. 103:20, 21).

c Баъзе номҳо иваз шудаанд.

d Азбаски Эзро нусхабардори моҳири Шариати Худо буд, то ба Ерусалим омаданаш бовари комил дошт, ки пешгӯйиҳои Яҳува ҳамеша амалӣ мегарданд (2 Воқ. 36:22, 23; Эзро 7:6, 9, 10; Ирм. 29:14).

e ШАРҲИ РАСМ: Бародаре аз сардораш барои анҷуман ҷавоб пурсида истодааст, лекин сардораш ӯро шунидан намехоҳад. Бародар аз Яҳува кумак пурсида, барои боз як бор ҷавоб гирифтан тайёрӣ мебинад. Ӯ ба сардораш даъватномаи анҷуманро нишон дода, аҳамияти таълими Каломи Худоро мефаҳмонад. Дили сардораш об мешаваду ӯ қарорашро дигар мекунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан