ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 феврал саҳ. 26-27
  • Хурсандиро гум накарда Яҳуваро интизор шавед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Хурсандиро гум накарда Яҳуваро интизор шавед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ МО ӮРО ИНТИЗОР ШАВЕМ?
  • ЧӢ ТАВР ХУРСАНДИРО ГУМ НАКАРДА ИНТИЗОР ШАВЕМ?
  • Оё шумо Яҳуваро пурсаброна интизоред?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Оё шумо Яҳуваро босаброна интизорӣ мекашед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Рӯзи Яҳуваро мунтазирем
    Ба Яҳува бо шодӣ бисароед
  • Умедатонро устувор нигоҳ доред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 феврал саҳ. 26-27

Хурсандиро гум накарда Яҳуваро интизор шавед

Шоҳ Довуд аз тирезаи қаср бо умед ба дурӣ нигоҳ мекунад.

ОЁ ШУМО бесаброна замонеро интизоред, ки Яҳува тамоми бадиро нест карда, ҳама чизро нав месозад? (Ошкор. 21:1–5). Албатта! Лекин интизорӣ хеле сахт аст, махсусан, вақте душвориҳо дошта бошем. Агар ба чизе умед бандему он тӯл кашад, диламон ба дард меояд (Пнм. 13:12).

Ба ҳар ҳол Яҳува мехоҳад, ки мо замони муайян кардаи ӯро пурсаброна интизор шавем. Чаро Яҳува инро хоҳон аст? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хурсандиро аз даст надода, ӯро интизор шавем?

ЧАРО ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ МО ӮРО ИНТИЗОР ШАВЕМ?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд, ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад, зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст. Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд» (Иш. 30:18). Ин гапҳоро Ишаъё ба яҳудиёни якрав гуфта буд (Иш. 30:1). Лекин дар байни онҳо хизматгорони бовафои Яҳува низ буданд ва ин ваъда ба чунин шахсон умед бахшид. Ин суханон ба хизматгорони содиқи замони мо низ умед мебахшанд.

Худи Яҳува пурсаброна интизор аст, пас, мо низ бояд интизориро пеша кунем. Ӯ аллакай замонеро муайян кардааст, ки ин ҷаҳони бадкорро нест кунад ва ҳоло он рӯзу соатро интизор аст (Мат. 24:36). Вақте он замон меояд, рӯз барин равшан мешавад, ки туҳмати Шайтон бар зидди Яҳува ва хизматгорони ӯ дурӯғи маҳз будааст. Баъд Яҳува Шайтон ва касонеро, ки ӯро тарафдорӣ мекунанд, несту нобуд месозад, аммо ба мо раҳм мекунад.

Сад афсӯс ки мо имрӯз бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ҳарчанд Яҳува ҳамеша моро аз онҳо халос намекунад, ӯ ваъда медиҳад, ки дар замони интизорӣ мо шод монда метавонем. Чи хеле Ишаъё гуфт, ҳангоми ба чизи хубе умед бастан мо хушбахт буда метавонем (Иш. 30:18)a. Чӣ тавр соҳиби чунин хушбахтӣ гардем? Ба мо чор маслиҳат кумак мекунад.

ЧӢ ТАВР ХУРСАНДИРО ГУМ НАКАРДА ИНТИЗОР ШАВЕМ?

Назаратонро ба фикрҳои хуб равона кунед. Шоҳ Довуд дар давоми ҳаёташ бо беинсофиҳои зиёде дучор шуд (Заб. 37:35). Бо вуҷуди ин ӯ чунин гуфт: «Пеши Яҳува хомӯш бош, ва ӯро пурсаброна интизор шав. Аз барор ёфтани корҳои ҳилагарон ғамгин машав» (Заб. 37:7). Худи Довуд аз рӯйи ин суханон амал карда, диққаташро ба ваъдаҳои Яҳува равона мекард. Ғайр аз ин, ӯ бораи некиҳое, ки Яҳува дар ҳаққаш карда буд, миннатдор буд (Заб. 40:5). Агар мо низ худро ба гирдоби фикрҳои манфӣ напартоему аз вазъияти ҳозираамон чизҳои хубро пайдо кунем, Яҳуваро интизор шудан осонтар мегардад.

Яҳуваро бисёртар ситоиш кунед. Нависандаи китоби Забур 71, аз афташ Довуд, ба Яҳува чунин гуфт: «Ман доимо умедвор хоҳам буд. Туро пайваста шукру сипос хоҳам гуфт» (Заб. 71:14). Ӯ чӣ тавр Яҳуваро ҳамд мегуфт? Ӯ ба дигарон дар бораи Яҳува гап мезад ва бо суруд ӯро ситоиш мекард (Заб. 71:16, 23). Мисли Довуд мо ҳам дар вақти интизор шудани Яҳува хурсандиро нигоҳ дошта метавонем. Мо дар хизмат, суҳбати ҳаррӯза ва бо сароидани сурудҳо Яҳуваро ҷалол дода метавонем. Ин дафъа, вақте сурудҳои Подшоҳиро месароед, ба мазмуни шодибахши онҳо аҳамият диҳед.

Аз суҳбати бародару хоҳарон қувват ёбед. Вақте Довуд бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд, ба Яҳува гуфт: «Дар ҳузури вафодоронат ба номи ту умед хоҳам баст» (Заб. 52:9). Мо низ аз суҳбати хизматгорони бовафои Яҳува на танҳо дар ҷамъомадҳою хизмат, балки дар нишастҳои дӯстона қувват гирифта метавонем (Рум. 1:11, 12).

Умедатонро устувор гардонед. Дар Забур 62:5 омадааст: «Хомӯш Худоро интизор мешавам, зеро умедам аз ӯст». Ба мо умеди мустаҳкам даркор аст, махсусан, агар охири ин замона, вақти интизориямон наояд. Чи қадаре интизор нашавем, мо бояд ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува заррае шубҳа накунем. Чӣ тавр умедамонро устувор гардонем? Бо хондани Каломи Худо. Масалан, ба пешгӯйиҳо, ҳамоҳангии Китоби Муқаддас ва ба чизҳое, ки он дар бораи Яҳува мегӯяд, аҳамият диҳед (Заб. 1:2, 3). Илова бар ин, минбаъд низ «бо рӯҳи муқаддас дуо гӯед». Ҳамин тавр шумо то иҷро шудани ваъдаи Яҳува дар бораи ҳаёти ҷовидона бо ӯ муносибати хубро нигоҳ медоред (Яҳд. 20, 21).

Силсиларасм: Хоҳари пиронсоле дар бораи чизҳои аз Калом хондааш мулоҳиза меронад. Дар пешаш қуттиҳои дору истодаанд. 1. Ӯ дар аробаи маъюбӣ ҳангоми бо аробачаи адабиётдор хизмат карданаш ба зане мавъиза мекунад. 2. Ӯ бо бародару хоҳарон вақт мегузаронад. 3. Ӯ дуо мегӯяд.

Аз шоҳ Довуд ибрат гирифта, дилпур бошед, ки Яҳува касонеро, ки чашмашон ба ӯ чор аст, мушоҳида мекунад ва онҳоро хеле дӯст медорад (Заб. 33:18, 22). Дар бораи чизҳои хуб мулоҳиза ронед, Худоро васф кунед, аз суҳбати ҳамдинон қувват ёбед ва умедатонро фурӯзон нигоҳ доред. Ҳамаи ин ба шумо қувват мебахшад, ки Яҳуваро пурсаброна интизор шавед.

a Суханоне, ки дар ин оят «умед мебанданд» тарҷума шудаанд, ҳамчунин маънои «чизеро бесаброна интизоранд» ё «чашмашон чор аст»-ро дошта метавонад. Ин нишон медиҳад, ки наҷотамонро бесаброна интизор шудан табиист.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан