ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 декабр саҳ. 8-13
  • Чӣ тавр ҳаёти абадиро соҳиб шавем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр ҳаёти абадиро соҳиб шавем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • НОНИ ЗИНДА ВА ҶИСМИ ИСО
  • ФАРҚ МИЁНИ ДУ ВОҚЕА
  • СУХАНОНИ ИСО БА ШУМО ЧӢ ДАХЛ ДОРАНД?
  • Муъҷизаи тақсими нон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Исо «нони ҳаёт» аст
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Бисёриҳо аз суханони Исо ба ғазаб меоянд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 декабр саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШӢ 49

СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад

Чӣ тавр ҳаёти абадиро соҳиб шавем?

«Ҳар кӣ Писарро қабул кунад ва ба ӯ имон орад, ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (ЮҲ. 6:40).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигар аз қурбонии Исои Масеҳ манфиат гирифта метавонанд.

1. Баъзеҳо дар бораи ҳаёти ҷовидона чӣ фикр доранд?

БИСЁРИҲО барои солим мондан ба хӯрду хӯрокашон аҳамият медиҳанд ва мунтазам бо варзиш машғул мешаванд. Лекин онҳо медонанд, ки ин корҳо пеши роҳи маргро намегиранд. Фикри ҷовидона зистан барои онҳо хаёли хом метобад. Онҳо намехоҳанд бо дарду азобҳои пирӣ ҷовидона зиндагӣ кунанд. Лекин Исо дар бораи «ҳаёти ҷовидонӣ» суханони умедбахш гуфт (Юҳ. 3:16; 5:24).

2. Юҳанно боби 6 дар бораи ҳаёти ҷовидона чӣ мегӯяд? (Юҳанно 6:39, 40).

2 Боре Исо ба воситаи муъҷиза ҳазорҳо одамро бо нону моҳӣ сер кардa. Ин ҳайратовар буд, лекин суханоне, ки Исо рӯзи дигар гуфт, ҳайрати мардумро дучанд сохт. Он рӯз мардум аз паси Исо ба Кафарнаҳум, ба соҳили Ҷалил, омаданд. Дар он ҷо Исо ба онҳо гуфт, ки мурдагон зинда карда мешаванд ва онҳо ҷовидона зиста метавонанд. (Юҳанно 6:39, 40-ро хонед.) Суханони Исо моро дилпур месозанд, ки мурдагони зиёде зинда мешаванд. Дӯстону наздиконеро, ки аз даст додаед, пеши назар оред. Шумо бо онҳо сарҷамъ шуда, аз ҳаёти беохир лаззат мебаред. Лекин ба суханони навбатии Исо, ки дар боби шашуми Юҳанно омадаанд, бисёриҳо сарфаҳм нарафтанд. Ӯ чӣ гуфта буд? Биёед бинем.

3. Дар Юҳанно 6:51 Исо дар бораи худаш чӣ гуфт?

3 Шунавандагони Исо дар Кафарнаҳум байни муъҷизаи Исо ва манне, ки Яҳува ба бобоёнашон дода буд, монандӣ диданд. Китоби Муқаддас маннро «нони осмонӣ» меномад (Заб. 105:40; Юҳ. 6:31). Аз ин рӯ Исо ба воситаи манн як чизи муҳимро ба шунавандагонаш омӯхт. Ҳарчанд манн муъҷизаи Худо буд, касоне, ки аз он хӯрданд, охиру оқибат мурданд (Юҳ. 6:49). Исо бошад, худро «нони ҳақиқӣ» аз осмон, «нони Худо» ва «нони ҳаёт» номид (Юҳ. 6:32, 33, 35). Исо фарқи асосӣ байни худ ва маннро нишон дод. Ӯ гуфт: «Он нони зиндае, ки аз осмон фуруд омадааст, манам. Касе аз ин нон бихӯрад, то абад зинда мемонад». (Юҳанно 6:51-ро хонед.) Вақте яҳудиён ин суханонро шуниданд, сарашон гаранг шуд. Онҳо, шояд, фикр карданд: «Ӯ чӣ ҳақ дошт, ки худро нони осмонӣ номад ва худро аз манне, ки Худо ба аҷдодонамон додааст, беҳтар шуморад?» Исо дар бораи худаш чунин гуфт: «Ноне, ки ман медиҳам, ҷисми ман аст». Ӯ чиро дар назар дошт? Мо мехоҳем ба мағзи гапи Исо расем. Фаҳмидани суханони ӯ барои мову наздиконамон роҳи ҳаёти ҷовидонаро мекушояд.

НОНИ ЗИНДА ВА ҶИСМИ ИСО

4. Чаро баъзеҳо аз суханони Исо сахт ба ҳайрат омаданд?

4 Вақте Исо гуфт, ки ҷисмашро «барои одамизод» медиҳад, ҳуш аз сари баъзе шунавандагонаш парид. Шояд, онҳо фикр карданд, ки Исо гӯшти баданашро барои онҳо пешкаш карда, дар асл, онҳоро ба одамхӯрӣ даъват мекунад (Юҳ. 6:52). Суханони навбатии Исо онҳоро боз ҳам ҳайронтар кард. Ӯ гуфт: «Агар ҷисми Фарзанди одамро нахӯред ва хуни ӯро нанӯшед, соҳиби ҳаёт намешавед» (Юҳ. 6:53).

5. Мо аз куҷо медонем, ки, вақте Исо дар бораи нӯшидани хунаш гуфт, хуни аслияшро дар назар надошт?

5 Дар замонҳои Нӯҳ Худо гуфта буд, ки одамон аз хун парҳез кунанд (1 Мӯсо 9: 3, 4). Яҳува дар Шариате, ки ба исроилиён дод, ин амрашро такрор кард. Ҳар касе ки хунро истеъмол мекард, «бояд аз миёни халқи худ решакан» мешуд (3 Мӯсо 7:27). Исо барои иҷро кардани Шариат омада буд (Мат. 5:17–19). Барои ҳамин, агар ӯ яҳудиёнро даъват мекард, ки ҷисмашро хӯранду хунашро нӯшанд, зидди Шариат амал мекард. Бо ин суханони ғайриодӣ Исо роҳи ҳаёти ҷовидониро ба одамон таълим доданӣ буд (Юҳ. 6:54).

6. Суханони Исо дар бораи хӯрдани ҷисму нӯшидани хунаш чӣ маъно доштанд?

6 Ин гапҳои Исо чӣ маъно дошт? Суханони Исо маънои маҷозӣ доштанд. Суҳбати ӯро бо зани сомарӣ ба ёд оред. Исо ба зан чунин гуфт: «Ҳар кӣ аз обе, ки ман медиҳам, нӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад, балки обе, ки ман медиҳам, дар ӯ чашмае мегардад, ки ҷӯш мезанаду ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад» (Юҳ. 4:7, 14)b. Исо гуфтанӣ набуд, ки зани сомарӣ ягон оби аслиро нӯшида, соҳиби ҳаёти абадӣ мегардад. Дар Кафарнаҳум низ суханони Исо маънои аслӣ надоштанд. Мардум барои соҳиби ҳаёти ҷовидона шудан набояд аслан гӯшти бадани Исоро мехӯрданду хунашро менӯшиданд.

ФАРҚ МИЁНИ ДУ ВОҚЕА

7. Баъзеҳо дар бораи суханони Юҳанно 6:53 чӣ даъво доранд?

7 Баъзе диндорон даъво мекунанд, ки Исо дар Юҳанно 6:53 дар бораи Шоми ёдбуд гап мезанад, чунки вақти барпо кардани ин ҷашн Исо суханони монандро гуфтааст (Мат. 26:26–28). Ба ин оят такя карда, онҳо мегӯянд, ки ҳар кӣ ба Шоми ёдбуд меояд, бояд нону шаробро истеъмол кунад. Оё дар ҳақиқат чунин буд? Ҷавоби дурусти ин саволро ёфтан муҳим аст. Охир, ҳар сол миллионҳо одамон ба ин маросим меоянд. Биёед бинем, ки суханони Исо дар Юҳанно 6:53 аз суханонаш ҳангоми Шоми ёдбуд чӣ фарқ доранд.

8. Ин ду воқеа аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

8 Дар ин воқеаҳо ба ду чиз аҳамият диҳед. Якум, Исо суханони Юҳанно 6:53–56-ро кай ва дар куҷо гуфт? Ӯ ин суханонро соли 32-юми милодӣ, як сол пеш аз барқарор кардани Шоми ёдбуд, ба мардуме, ки дар Ҷалил ҷамъ омада буданд, гуфт. Дуюм, ӯ ба кӣ муроҷиат кард? Ба шунавандагонаш дар Ҷалил, ки дар ғами хӯрдан буданд, на аз пайи худоҷӯйӣ (Юҳ. 6:26). Барои ҳамин вақте ба ягон гапи Исо сарфаҳм намерафтанд, дарҳол дилашон хунук мешуд. Ҳатто баъзе шогирдонаш аз ӯ рӯ гардонданд (Юҳ. 6:14, 36, 42, 60, 64, 66). Вале дар бораи касоне, ки соли 33-юми милодӣ, вақти барқарор кардани Шоми ёдбуд ҷамъ омаданд, ин тавр гуфтан мумкин набуд. Он рӯз 11 расули вафодори Исо таълимоти ӯро пурра нафаҳманд ҳам, бо ӯ буданд. Баръакси шунавандагонаш дар Ҷалил расулони содиқи Исо дилпур буданд, ки ӯ Писари Худо мебошаду аз осмон омадааст (Мат. 16:16). Ӯ онҳоро таъриф карда гуфт: «Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳоям бо ман будед» (Луқ. 22:28). Ин ду фарқият нишон медиҳанд, ки суханони Юҳанно 6:53 намуна барои гузарондани Шоми ёдбуд набуданд. Дар ин бора дигар далелҳо низ ҳастанд.

Силсиларасм: 1. Исо бо мардум гап мезанад. Баъзеҳо шикваю шикоят мекунанду дигарон ҳуш аз сарашон паридааст. 2. Исо бо расулони вафодораш Шоми ёдбудро мегузаронад.

Дар боби 6-уми Юҳанно Исо ба яҳудиёни зиёди Ҷалил муроҷиат мекунад (чап). Як сол пас ӯ бо гурӯҳи хурди расулони вафодораш гап мезанад (рост) (Ба сархати 8 нигаред.)


СУХАНОНИ ИСО БА ШУМО ЧӢ ДАХЛ ДОРАНД?

9. Исо дар Шоми ёдбуд ба кӣ муроҷиат карда сухан гуфт?

9 Дар вақти гузарондани Шоми ёдбуд Исо нони бехамиртурушро ба расулонаш дода, гуфт, ки он рамзи бадани ӯст. Баъд Исо шаробро ба шогирдонаш дароз карда гуфт, ки он рамзи «хуни аҳд» мебошад (Марқ. 14:22–25; Луқ. 22:20; 1 Қӯр. 11:24). Ин фикри муҳим буд. Аҳди нав бо «хонадони [рӯҳонии] Исроил» баста шуд, бо касоне, ки дар «Подшоҳии Худо» мешаванд, на бо тамоми одамизод (Ибр. 8:6, 10; 9:15). Он вақт расулон ин аҳдро пурра намефаҳмиданд, лекин ба наздикӣ онҳо бояд бо рӯҳи муқаддас тадҳин мешуданд ва ба аҳди нав дохил мегаштанд. Ҳамин тавр онҳо имкон пайдо мекарданд, ки ба Исо дар осмон ҳамроҳ шаванд (Юҳ. 14:2, 3).

10. Шоми ёдбуд аз воқеаи Ҷалил боз аз кадом ҷиҳат фарқ мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Дар Шоми ёдбуд Исо диққаташро ба «рамаи хурд» равона кард. Аввалин касоне, ки ба ин гурӯҳи хурд дохил шуданд, расулони содиқаш буданд, ки бо Исо дар болохона ҷамъ омаданд (Луқ. 12:32). Онҳо ва дигар нафароне, ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, аз рамзҳо истеъмол карда метавонанд: аз нон ва шароб. Маҳз онҳо ба осмон, ба назди Исо, мераванд. Маълум мешавад, ки суханони Исо дар Шоми ёдбуд ба ин гурӯҳи хурд дахл дошт, на ба мардуми зиёд. Дар Ҷалил бошад, ӯ ба одамони бисёр муроҷиат карда сухан гуфт.

Бародаре аз нони Шоми ёдбуд мехӯрад.

Дар Шоми ёдбуд аз нону шароб одамони кам мехӯранд, лекин ҳар касе, ки ба Исо имон меорад, ҷовидона зиста метавонад (Ба сархати 10 нигаред.)


11. Мо аз куҷо медонем, ки суханони Исо дар Ҷалил ба тамоми одамон дахл дошт?

11 Вақте Исо соли 32-юми милодӣ дар Ҷалил буд, одамон асосан аз ӯ нони аслӣ интизор буданд. Лекин Исо диққати онҳоро ба чизи муҳимтар равона кард. Ӯ роҳи соҳиб шудани ҳаёти ҷовидониро ба онҳо ошкор сохт. Исо гуфт, ки одамоне, ки аз дунё чашм пӯшидаанд, дар рӯзи охир зинда шуда, ҷовидона зиндагӣ карда метавонанд. Ҳангоми баргузор кардани Шоми ёдбуд ӯ дар бораи гурӯҳи хурди одамон гап зад. Дар Ҷалил бошад, ӯ чизи дигарро дар назар дошт. Дар Ҷалил ӯ дар бораи баракате гап зад, ки ба тамоми одамон дастрас мешавад. Исо гуфт: «Касе аз ин нон бихӯрад, то абад зинда мемонад. Ноне, ки ман медиҳам, ҷисми ман аст, ки онро барои одамизод медиҳам, то соҳиби ҳаёт шаванд» (Юҳ. 6:51).

12. Барои соҳиби ҳаёти ҷовидона шудан шахс бояд чӣ кор кунад?

12 Исо ба яҳудиёни дар Ҷалил ҷамъомада нагуфт, ки ҳар як инсон худ ба худ ин баракатро соҳиб мешавад. Барои ин шахс бояд ин нонро хӯрад, яъне ба Исо имон орад. Ба гумони бисёр масеҳиёни ин ҷаҳон, агар одам ба Исо фақат бовар дошта бошаду ӯро халоскори худ ҳисобад, наҷот меёбад (Юҳ. 6:29). Лекин имони хушку холӣ кифоя нест, зеро касоне, ки ба Исо танҳо имон доштанд, ӯро тарк карданд. Чаро?

13. Аз шогирдони ҳақиқии Исо чӣ дар талаб аст?

13 Агар Исо муъҷизаҳо мекард, мардумро шифо медод, ниёзҳояшонро қонеъ мекард ё чизҳои маъқули дили мардумро таълим медод, онҳо ӯро хурсандона пайравӣ мекарданд. Лекин Исо танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои одамон ба замин наомада буд. Исо нишон дод, ки аз шогирдони ҳақиқии ӯ чизи бештар дар талаб аст. Онҳо бояд ба назди Исо омада, таълимоти ӯро қабул мекарданд ва ба он гӯш медоданд (Юҳ. 5:40; 6:44).

14. Чӣ тавр аз ҷисму хуни Исо фоида гирифтан мумкин?

14 Исо ба мардум фаҳмонд, ки бояд имон зоҳир кунанд. Ба чӣ? Ба қувваи наҷотбахши ҷисму хунаш, ки ба наздикӣ қурбон мекард. Ба он яҳудиён зарур буд, ки ба ин қурбонӣ имон оранд. Ба мо низ чунин имон доштан муҳим аст (Юҳ. 6:40). Агар хоҳем, ки аз ҷисму хуни Исо, ки дар Юҳанно 6:53 омадааст, манфиат гирем, мо бояд ба товони Исо имонро дар амал нишон диҳем. Дари ин имконият барои одамони бешумор боз аст (Эфс. 1:7).

15, 16. Аз боби 6-уми Юҳанно чиро фаҳмидем?

15 Суханони боби шаши Юҳанно барои мову наздиконамон ганҷи бебаҳо мебошад. Он нишон медиҳад, ки Исо чӣ қадар одамонро дӯст медорад. Дар Ҷалил ӯ беморонро шифо медод, гушнагонро сер мекард ва дар бораи Подшоҳии Худо таълим медод (Луқ. 9:11; Юҳ. 6:2, 11, 12). Аз ҳама муҳимаш ӯ ба мардум фаҳмонд, ки «нони ҳаёт» мебошад (Юҳ. 6:35, 48).

16 Касоне, ки Исо «гӯсфандони дигар» номид, набояд дар Шоми ёдбуд нону шаробро хӯранд (Юҳ. 10:16). Агар онҳо ба товони Исо имон зоҳир кунанд, аз ҷисму хуни ӯ фоида гирифта метавонанд (Юҳ. 6:53). Лекин нафароне, ки нону шаробро мехӯранд, нишон медиҳанд, ки онҳо ба аҳди нав дохил мешаванд ва дар Подшоҳии осмон ҳукмронӣ мекунанд. Воқеаи боби шаши Юҳанноро дида баромада, фаҳмидем, ки он ҳам барои тадҳиншудагон ва ҳам барои гӯсфандони дигар хеле муҳим мебошад. Дар ин боб қайд шудааст, ки дари ҳаёти ҷовидона танҳо ба воситаи имони фаъолу зинда ба товони Исо боз мегардад.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Барои ҷовидона зистан мо бояд чӣ кор кунем?

  • Суханоне, ки Исо дар Ҷалил соли 32-и милодӣ гуфт, аз суханоне, ки соли 33-и милодӣ дар аввалин Шоми ёдбуд гуфт, чӣ фарқ мекарданд?

  • Гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул накунанд ҳам, мувофиқи Юҳанно 6 чӣ гуна умеди зебо доранд?

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

a Юҳанно 6:5–35 дар мақолаи гузашта муҳокима шуда буд.

b Вақте Исо дар бораи об гап зад, ӯ ҳама корҳои Яҳуваро дар назар дошт, ки ба хотири умри ҷовидона бахшидан ба одамизод мекунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан