ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 январ саҳ. 8-13
  • Шавҳарон, занони худро иззат кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шавҳарон, занони худро иззат кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БА ЗАНАТОН БАДРАФТОРӢ НАКУНЕД
  • ДАСТ КАШИДАН АЗ БАДРАФТОРӢ
  • ЗАНАТОНРО ИЗЗАТ КУНЕД
  • Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Хушбахтии оила. Қисми 1
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Ду калид барои дастёбӣ бар издивоҷи бардавом
    Сирри хушбахтии оила
  • Чаро тамошои порнография хатарнок аст?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 январ саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2

СУРУДИ 36 «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайваст»

Шавҳарон, занони худро иззат кунед

«Эй шавҳарон... занонро... эҳтиром намоед» (1 ПЕТ. 3:7).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр шавҳар бо рафтору гуфтораш занашро иззат карда метавонад.

1. Чаро Яҳува ба мо пайванди издивоҷро ато кард?

ЯҲУВА Худои хушбахт аст ва мехоҳад, ки мо ҳам хушбахт бошем (1 Тим. 1:11). Ӯ барои ҳаёти моро рангину зебо гардондан атоҳои бисёре додааст (Яъқ. 1:17). Яке аз ин атоҳо оиладорист. Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо қавл медиҳанд, ки якдигарро дӯст дошта, ҳурмат мекунанд ва азиз медоранд. Дӯстии наздик бо якдигар ба ҳар дуяшон шодии зиёд меорад (Пнм. 5:18).

2. Имрӯз аҳволи оилаҳо чӣ гуна аст?

2 Мутаассифона, бисёр зану шӯ ваъдаеро, ки дар рӯзи тӯй дода буданд, фаромӯш мекунанд. Аз ин рӯ оилаи онҳо хушбахт нест. Мувофиқи маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бисёр шавҳарон ба сари занашон даст мебардоранд ё онҳоро паст мезананд. Баъзе чунин мардон дар пеши дигарон худро шавҳари хубу меҳрубон гирифта, дар хона пӯстинашонро чаппа мепӯшанд. Гоҳе муносибати зану шавҳар аз он зарар мебинад, ки шавҳар порнография тамошо мекунад.

3. Чаро баъзе шавҳарон бадхашманд?

3 Барои чӣ баъзе шавҳарон чунин бадхашманд? Шояд, онҳо падари золим доштанду чунин рафтор дар назарашон муқаррарӣ метобад. Ё, шояд, ба онҳо фикри нодурусти мардуми маҳаллашон таъсир кардааст, ки мегӯянд: «Мард бояд бо мушт сиёсаташро шинонад. Агар ин хел накунад, зан болои сараш мебарояд». Дигар мардон ғазабашонро дошта наметавонанд, онҳо худдориро ёд нагирифтаанд. Баъзеи дигар бошанд, аз тамошои порнография майнаашон чунон заҳрнок шудааст, ки ба занон назари ғалат доранд ва дар назари онҳо зан фақат барои қонеъ кардани шаҳвати мард аст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо вабои COVID-19 ин душвориҳоро дучанд гардондааст. Албатта, ҳеҷ яке аз ин далелҳо рафтори бераҳмонаи чунин шавҳаронро сафед намекунад.

4. Шавҳарони масеҳӣ бояд аз чӣ эҳтиёт шаванд ва чаро?

4 Шавҳари масеҳӣ бояд эҳтиёт шавад, ки ба занон назари нодуруст пайдо накунадa. Барои чӣ? Барои он ки рафтори одам аз назару фикрронияш сар мезанад. Павлуси расул масеҳиёни тадҳиншудаи Румро огоҳ кард, ки «дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» насозанд (Рум. 12:1, 2). Аз афташ, дар вақти навишта шудани номаи Павлус аз ташкил ёфтани ин ҷамоат якчанд сол гузашта буд, аммо аз суханони Павлус маълум аст, ки фикрронии ҷаҳон то ҳол ба аҳли ин ҷамоат таъсир мекард. Аз ин рӯ ӯ онҳоро даъват кард, ки рафтору фикрронияшонро дигар кунанд. Ин маслиҳат имрӯз ҳам ба шавҳарони масеҳӣ дахл дорад. Афсӯс, ки баъзеҳо ба таъсири ҷаҳон дода шуда, занашонро озор додаандb. Яҳува мехоҳад, ки шавҳар бо занаш чӣ хел муносибат кунад? Биёед аз ояти асосии ин мақола ҷавобашро фаҳмем.

5. Мувофиқи 1 Петрус 3:7 шавҳар бо занаш бояд чӣ хел муомила кунад?

5 1 Петрус 3:7-ро хонед. Яҳува аз шавҳар талаб мекунад, ки занашро эҳтиром кунад. Шавҳаре, ки занашро иззату ҳурмат мекунад, бо ӯ меҳрубону ғамхор аст. Аз ин мақола мефаҳмем, ки шавҳар ин корро чӣ тавр карда метавонад. Вале дар аввал биёед бинем, ки чӣ гуна муносибат ба занон беиззативу бадрафторӣ ҳисобида мешавад.

БА ЗАНАТОН БАДРАФТОРӢ НАКУНЕД

6. Вақте шавҳар ба занаш зӯроварӣ мекунад, Яҳува ба ин чӣ хел менигарад? (Қӯлассиён 3:19).

6 Латукӯб ва зӯроварӣ. Яҳува ҳар як инсони бадхашму зӯроварро бад мебинад (Заб. 11:5). Шавҳаре, ки зани худро озор медиҳад, ба ӯ маъқул нест. (Мал. 2:16; Қӯлассиён 3:19-ро хонед.) Аз ояти асосии ин мақола 1 Петрус 3:7 мефаҳмем, ки шавҳаре, ки бо занаш муомилаи нағз намекунад, ба дӯстияш бо Худо зарар меорад. Шояд, ҳатто Яҳува ба дуоҳои ӯ гӯш наандозад.

7. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:31, 32 шавҳар бояд аз чӣ гуна гуфтор парҳез кунад? (Ҳамчунин ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо» нигаред.)

7 Суханони пасту баланд. Баъзе шавҳарон суханони талху тунд гуфта, занашонро паст мезананд, вале Яҳува аз «қаҳр, ғазаб, доду фарёд, дашном»c нафрат дорад. (Эфсӯсиён 4:31, 32-ро хонед.) Яҳува ҳама чиро мешунавад. Ӯ бодиққат гӯш меандозад, ки шавҳар ҳатто дар танҳоӣ бо занаш чӣ хел гап мезанад. Шавҳари бадгапу талхгуфтор на фақат оилаашро, балки дӯстияшро бо Худо низ вайрон мекунад (Яъқ. 1:26).

8. Яҳува ба порнография чӣ назар дорад ва чаро?

8 Тамошои порнография. Яҳува ба порнография чӣ назар дорад? Ӯ аз он нафрат дорад. Шавҳаре, ки тасвирҳои бадахлоқона тамошо мекунад, аз Яҳува дур мешавад ва занашро паст мезанадd. Яҳува мехоҳад, ки шавҳар ба занаш на фақат дар рафтор, балки дар фикраш низ вафодор монад. Исо гуфта буд, ки марде, ки бо чашми шаҳват ба зане нигоҳ кардан мегирад, аллакай дар дилаш бо вай зино кардааст (Мат. 5:28, 29)e.

9. Агар шавҳар бо ягон роҳ занашро озор диҳад, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

9 Беэҳтиромӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ. Вақти алоқаи ҷинсӣ шавҳар набояд занашро ба коре маҷбур кунад, ки табъаш намекашад ё аз кардани он худро беқадру паст ҳис мекунад. Яҳува аз чунин худбинию бераҳмӣ нафрат дорад. Яҳува мехоҳад шавҳар бо занаш ғамхору меҳрубон бошад ва ҳиссиёти ӯро ба назар гирад (Эфс. 5:28, 29). Агар шавҳар бо ягон роҳ занашро озор диҳад ё порнография тамошо кунад, чӣ тавр дигар шуда метавонад? Чӣ тавр ӯ рафтору фикрронияшро ислоҳ карда метавонад?

ДАСТ КАШИДАН АЗ БАДРАФТОРӢ

10. Шавҳар аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонад?

10 Шавҳаре, ки занашро озор медиҳад ё паст мезанад, чӣ тавр ислоҳ шуда метавонад? Ӯ бояд кӯшиш кунад аз Исо ибрат гирад. Ҳарчанд Исо зан нагирифта буд, шавҳарон аз рафтори ӯ бо шогирдонаш бисёр чизро омӯхта метавонанд (Эфс. 5:25). Барои мисол биёед бинем, ки ӯ бо шогирдонаш чӣ хел рафтор мекард ва чӣ тавр бо онҳо гап мезад.

11. Исо бо расулонаш чӣ тавр муносибат мекард?

11 Исо бо расулонаш меҳрубонона ва бо иззату ҳурмат рафтор мекард. Ӯ бо онҳо сахтгап набуд ва калонгирӣ намекард. Ҳарчанд Исо Ҳазрат ва Устоди онҳо буд, ӯ дар байнашон раисӣ намекард ва аз пайи он набуд, ки алови чашмашонро гирад. Ӯ бо камоли хоксорӣ ба онҳо хизмат мекард (Юҳ. 13:12–17). Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Аз ман таълим ёбед, зеро ман нармдилу хоксор ҳастам ва ба шумо қуввати тоза мебахшам» (Мат. 11:28–30). Аҳамият диҳед, Исо нармдилу мулоим буд. Одами мулоим сустирода нест. Барои орому вазнин мондан иродаи қавӣ даркор аст. Вақте ба асаби чунин кас мерасанд, ӯ ҷилави эҳсосоташро сар намедиҳад.

12. Исо бо дигарон чӣ хел гап мезад?

12 Исо бо суханонаш ба одамон ҷон мебахшиду онҳоро дилбардорӣ мекард. Ӯ бо пайравонаш сахтгап набуд (Луқ. 8:47, 48). Ҳатто вақте душманон ӯро дашном медоданд ва ба асабаш нохун мезаданд, ӯ дар ҷавоб чунин намекард (1 Пет. 2:21–23). Баъзан ба ҷойи ҷавоби талх додан Исо хомӯш мемонд (Мат. 27:12–14). Ин барои шавҳарони масеҳӣ дарси хубест.

13. Аз рӯйи Матто 19:4–6 шавҳар чӣ тавр «бо зани худ мепайвандад»? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Исо амр дод, ки шавҳарон бояд ба зани худ вафодор бошанд. Ӯ суханони Худоро иқтибос оварда гуфт, ки шавҳар «бо зани худ мепайвандад». (Матто 19:4–6-ро хонед.) Феъли юноние, ки ин ҷо «мепайвандад» тарҷума шудааст, маънои «часпидан»-ро дорад. Пайванди заношӯйӣ бояд чунон сахт бошад, ки гӯё зану шавҳарро ба якдигар маҳкам часпонда бошанд. Азбаски онҳо як тан шудаанд, агар пайванди миёнашонро канданӣ шавӣ, ҳар дуяшон зарар мебинанд. Агар шавҳар хоҳад бо занаш чунин пайванди ноканданӣ дошта бошад, ӯ бояд аз ҳар навъи порнография парҳез кунад. Ӯ одат дорад, ки дарҳол чашмашро «аз дидани чизи ношоиста» дур кунад (Заб. 119:37). Ӯ гӯё бо чашмонаш шартнома мебандад, ки бо ҳавас ба дигар занон нигоҳ намекунад (Айюб 31:1).

Бародаре дар мошинхона кор мекунад. Ӯ таклифи ҳамкоронашро дар бораи тамошо кардани маҷаллае, ки порнография дорад, рад мекунад.

Шавҳаре, ки ба ҳамсараш вафодор аст, ҳеҷ гоҳ порнография тамошо намекунад (Ба сархати 13 нигаред.)g


14. Шавҳари зӯровар бояд чӣ кор кунад, то муносибаташро бо Яҳува ва занаш обод гардонад?

14 Шавҳаре, ки ба занаш даст мебардорад ё бо суханонаш ӯро озор медиҳад, барои барқарор кардани пайванди дӯстияш бо Яҳува ва занаш бояд якчанд қадам монад. Якум, ӯ бояд дарк кунад, ки ин масъалаи ҷиддист. Ҳеҷ як рафтори нодурусташ аз Яҳува пинҳон нест (Заб. 44:21; Пандгӯ 12:14; Ибр. 4:13). Дуюм, ӯ бояд озор додани занашро бас кунаду рафторашро ислоҳ кунад (Пнм. 28:13). Сеюм, ӯ бояд аз Яҳува ва занаш бахшиш пурсад ва барои бахшоишро соҳиб шудан кӯшиш ба харҷ диҳад (Кор. 3:19). Ӯ ҳамчунин бояд аз Яҳува барои ислоҳ шудан қуввату хоҳиш пурсад, то ҷилави забон, фикр ва рафторашро кашида тавонад (Заб. 51:10–12; 2 Қӯр. 10:5; Флп. 2:13). Чорум, ӯ бояд мувофиқи дуоҳояш амал карда, бад дидани ҳар навъ озори ҷисмониву забониро ёд гирад (Заб. 97:10). Панҷум, ӯ бояд дарҳол аз чӯпонони меҳрубони ҷамоат кумак ҷӯяд (Яъқ. 5:14–16). Шашум, ӯ бояд нақшае кашад, то чунин рафтори бадро дар оянда пешгирӣ кунад. Ин қадамҳо ҳамчунин ба шавҳаре кумак карда метавонад, ки порнография тамошо мекунад. Шавҳаре, ки дар роҳи беҳбудиву ислоҳ чунин қадамҳоро мемонад, баракату кумаки Яҳуваро соҳиб мешавад (Заб. 37:5). Вале барои шавҳар кам аст, ки ин хел рафтори ношоистаро тарк кунад. Ӯ ҳамчунин бояд иззат кардани занашро таълим гирад. Чӣ тавр?

ЗАНАТОНРО ИЗЗАТ КУНЕД

15. Шавҳар чӣ тавр ба занаш муҳаббат нишон дода метавонад?

15 Муҳаббататонро нишон диҳед. Баъзе бародароне, ки оилаашон хушбахт аст, одат доранд, ки ҳар рӯз бо ягон роҳ муҳаббаташонро ба занашон нишон диҳанд (1 Юҳ. 3:18). Масалан, шавҳар метавонад дасти занашро бо навозиш ба дасти худ гирад ё ӯро гарм ба оғӯш гирад. Ӯ метавонад ба занаш паёмак навишта аз ҳолаш хабардор шавад ё «ёдат кардам» нависад. Гоҳ-гоҳ ӯ метавонад номача навишта, бо суханони зебо меҳрашро ба занаш баён кунад. Бо чунин корҳои хурд шавҳар занашро иззат мекунад ва ниҳоли дӯстияшро бо ӯ об медиҳад.

16. Чаро шавҳар бояд занашро қадрдонӣ кунад?

16 Занатонро қадрдонӣ кунед. Шавҳаре, ки занашро иззат мекунад, ӯро тез-тез таъриф мекунад ва миннатдорӣ баён мекунад. Масалан, ӯ барои тамоми хизматҳо ва корҳои неки занаш раҳмат гуфтанро фаромӯш намекунад (Қӯл. 3:15). Вақте шавҳар аз таҳти дил занашро таъриф мекунад, дили ӯ ба шӯяш гарм мешавад. Ӯ муҳаббат, қадрдонӣ ва пуштибонии шавҳарашро ҳис мекунад (Пнм. 31:28).

17. Чӣ тавр шавҳар занашро эҳтиром карда метавонад?

17 Меҳрубону боэҳтиром бошед. Шавҳаре, ки занашро дӯст медорад, ӯро қадр мекунад ва азиз медорад. Дар чашми ӯ занаш атои пурқимате аз Яҳува аст (Пнм. 18:22; 31:10). Аз ин рӯ дар ҳама рафтораш, аз ҷумла дар муносибатҳои маҳрамона бо занаш, муҳаббату ҳурмати ӯ дида мешавад. Аз ин рӯ вақти алоқаи ҷинсӣ ӯ занашро ба коре маҷбур намекунад, ки вай аз он нороҳат мешавад, виҷдонаш намебардорад ё аз он худро пасту беарзиш ҳис мекунадf. Худи шавҳар ҳам кӯшиш мекунад, ки назди Яҳува виҷдони тоза дошта бошад (Кор. 24:16).

18. Шавҳарон бояд чӣ азм дошта бошанд? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Чор маслиҳат барои нишон додани эҳтиром ба ҳамсар» нигаред.)

18 Шавҳарон, вақте шумо мекӯшед дар тамоми ҷонибҳои зиндагӣ занатонро иззат кунед, ин аз чашми Яҳува пӯшида намемонад. Яҳува ин рафторатонро қадр мекунад. Аз таҳти дил бикӯшед, ки аз рафтори ношоиста дур бошед, нармрафтор, мулоимгуфтор, баҳурмат ва меҳрубон бошед. Ҳамин тавр шумо муҳаббату қадрдониятонро ба ҳамсаратон нишон медиҳед. Занатонро иззат карда, шумо муҳимтарин пайванди дӯстиро нигаҳ медоред — дӯстӣ бо Яҳуваро (Заб. 25:14).

Шавҳаре бо ҳамсараш бо меҳрубонӣ гап мезанад.

ЧОР МАСЛИҲАТ БАРОИ НИШОН ДОДАНИ ЭҲТИРОМ БА ҲАМСАР

Суханони масеҳиён бояд ҳамеша форам бошанд (Қӯл. 4:6). Шавҳар дар муомила бо занаш чӣ тавр аз рӯйи ин дастур амал карда метавонад?

  1. 1. Ба Яҳува пайравӣ карда боэҳтиром гап занед, масалан, суханони «илтимос» ва «раҳмат»-ро истифода баред (Зак. 1:4; Мал. 3:10). Ин хел рафтор карда, шумо танҳо ботарбия буданатонро нею балки эҳтиромро ба занатон нишон медиҳед.

  2. 2. Занатонро барои ҳама корҳои хубаш таъриф кунед (Пнм. 31:28, 29). Дар пеши дигарон хатоҳои ӯро ёдовар нашавед (Заб. 50:20).

  3. 3. Дар шунидан бошитоб бошеду дар гуфтан оҳиста (Яъқ. 1:19).

  4. 4. Ҳатто агар бо фикри занатон розӣ набошед, бо ӯ мулоим гап занед (Қӯл. 3:8, 12).

Силсиларасм: 1. Шавҳаре, ки дар расми боло оварда шудааст, дар пеши дигарон занашро таъриф мекунад. 2. Вақте зан дилашро холӣ мекунад, шавҳар ӯро бодиққат гӯш мекунад.

ЧӢ ТАВР ШАВҲАР МАСЛИҲАТИ ИН ОЯТҲОРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНАД?

  • Қӯлассиён 3:19

  • Эфсӯсиён 4:31, 32

  • Матто 19:4–6

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

a Шавҳарон маслиҳатҳои судмандро аз мақолаи «Оё шумо дар муносибат бо занон аз Яҳува ибрат мегиред?» ёфта метавонанд, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи январи соли 2024 оварда шудааст.

b Агар шумо аз зӯроварӣ азоб кашида бошед, мақолаи «Кумак ба ҷабрдидагон дар оила»-ро аз сомонаи jw.org ва барномаи JW Library® хонда метавонед (БИБЛИОТЕКА > СЕРИИ СТАТЕЙ > РАЗНОЕ).

c МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаи «дашном» паст задан, ба иззати нафс расидан, айбдоркунии дағалонаро ҳам дар бар мегирад. Ҳар суханеро ки бо мақсади ба хок яксон кардан ё озор додани шахс гуфта мешавад, дашном гуфтан мумкин.

d Ба мақолаи «Порнография хатар барои оила»-ро аз сомонаи jw.org ё JW Library хонед (БИБЛИОТЕКА > СЕРИИ СТАТЕЙ > ПОМОЩЬ СЕМЬЕ).

e Агар шавҳар порнография тамошо кунад, ба зан маслиҳатҳои мақолаи «Вақте ҳамсаратон порнография тамошо мекунад» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи августи соли 2023 кумак мекунанд.

f Китоби Муқаддас батафсил намегӯяд, ки чӣ гуна рафтори шаҳвонии миёни зану шавҳар пок ё нопок ҳисобида мешавад. Ҳар як ҷуфти масеҳӣ вақти якҷоя қарор кардан бояд ин чизҳоро ба назар гиранд: онҳо иззати Яҳуваро ба ҷо оранд, ниёзҳои якдигарро қонеъ кунанд ва виҷдони покро нигоҳ доранд. Одатан зану шавҳар ин масъалаи шахсиву нозукро ба дигарон намегӯянд.

g ШАРҲИ РАСМ: Ҳамкорони бародаре ӯро маҷбур мекунанд, ки маҷаллаеро, ки порнография дорад, тамошо кунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан