КУМАК БА МОТАМЗАДАГОН
Душвориҳое, ки рӯ ба рӯ шуда метавонед
Баъзе равоншиносон мегӯянд, ки якчанд марҳилаи мотамзадагӣ вуҷуд дорад, вале ҳар кас онро ба таври худ паси сар мекунад. Агар ҳар кас ҳар хел мотам гирад, оё ин маънои онро дорад, ки баъзеҳо камтар ғамгин мешаванд ё ҳиссиёташонро пахш мекунанд? Не, албатта. Ҳарчанд ба дарди ҷудоӣ тан додан ё ҳиссиёти худро пинҳон накардан ба одам ёрдам мекунад, ки тезтар ба худ ояд, ин ягона роҳи дурусти мотам гирифтан нест. Бисёр чиз ба маданият, шахсият, таҷрибаи ҳаётии шахси мотамзада ва чӣ гуна ӯ шахси наздикашро аз даст дод, вобаста аст.
ДАРДИ ҶУДОӢ ТО ЧӢ АНДОЗА САХТ ШУДА МЕТАВОНАД?
Баъзан шахс ҳатто пай намебарад, ки то чӣ андоза марги шахси наздикаш ба ӯ таъсир карда метавонад. Лекин баъзе ҳиссиёту душвориҳои табиие ҳастанд, ки одатан ҳама мотамзадагон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Биёед якчандтояшро дида бароем.
Рӯҳафтодагӣ. Одами мотамзада метавонад гиря кунад, шахси вафоткардаро ёд кунад ва рӯҳияаш тез-тез дигар шуда истад. Хотираву хобҳо ғами одамро дучанд карда метавонанд. Аммо дар аввал одам ҳайратзада мешавад ва ба марги шахси барояш наздик бовараш намеояд. Тина, ки шавҳараш Тиморо ногаҳон аз даст дод, дар бораи ҳиссиёташ чунин мегӯяд: «Ман шах шуда мондам. Дар аввал ҳатто гиря карда наметавонистам. Ман чунон рӯҳафтода будам ки, ҳатто нафас кашидан бароям душвор буд. Боварам намеомад, ки ҳамаи ин бо ман рӯй дода истодааст».
Хавотирӣ, хашмгинӣ ва ҳисси гунаҳкорӣ. Иван мегӯяд: «Ман писари 24-солаам, Эрикро, аз даст додам. Баъди якчанд вақт ману занам Иоланда сахт ба хашм омадем ва аз ин ҳайрон шудем, чунки пеш ин хел одами бадхашм набудем. Ғайр аз ин, ҳисси гунаҳкорӣ моро азоб медод. Мо доим фикр мекардем, ки “шояд, барои ба писарамон кумак кардан ҳама корро накардем”». Алехандро низ, ки занаш баъди бемории тӯлонӣ вафот кард, худро гунаҳкор ҳис мекард. Ӯ мегӯяд: «Дар аввал фикр мекардам, ки, агар Худо ба ин азоби сахт роҳ дода бошад, пас ман ягон гуноҳ кардаам. Баъдтар виҷдонам азоб дод, охир бо ин фикр ман Худоро айбдор мекардам». Костас, ки суханонаш дар мақолаи гузашта оварда шудаанд, мегӯяд: «Баъзан ман ҳатто аз София ба хашм меомадам, ки маро партофта рафт. Баъдтар барои ин корам худро гунаҳкор ҳис мекардам, охир ӯ айбдор набуд-ку».
Парешонҳолӣ. Баъзан одами мотамзада метавонад дар бораи чизе фикр кунад ё чизе гӯяд, ки аз ақл берун аст. Барои мисол ба назари ӯ чунин намуданаш мумкин аст, ки ӯ овози мурдаро мешунавад, ҳузурашро ҳис мекунад ё ӯро мебинад. Ба чунин нафарон диққатро ҷамъ кардан ва ё ягон чизро ба ёд овардан душвор шуда метавонад. Тина мегӯяд: «Баъзан, вақте бо касе суҳбат мекардам, пай мебурдам, ки ӯро тамоман нашунида истодаам ва ҳушам дар дигар ҷой аст. Ман доим дар бораи марги Тимо фикр мекардам, диққатамро ҷамъ карда наметавонистам ва аз ин сахт зиқ мешудам».
Гӯшанишинӣ. Шахси мотамзада худро дар ҳузури дигарон ноорому нороҳат ҳис мекунад. Костас мегӯяд: «Ман худро дар байни оиладорон нороҳат ҳис мекардам, дар байни муҷаррадон ҳам худро нағз ҳис намекардам». Зани Айван, Ёланда, ба хотир меорад: «Суҳбат бо касоне, ки душвориҳояшон дар пеши душвориҳои мо ночиз буданду шикоят мекарданд, осон набуд. Боз баъзеҳо фарзандонашонро ба мо таъриф мекарданд, мо барои онҳо хурсанд будем, лекин баъзан ба суханонашон гӯш додан душвор буд. Ману шавҳарам мефаҳмидем, ки зиндагӣ давом дорад, лекин хоҳиш ва тоқати бо дигарон вақт гузаронданро надоштем».
Душвориҳо бо саломатӣ. Одатан шахсони мотамзада иштиҳо надоранд, фарбеҳ ё хароб мешаванд ва бехобӣ мекашанд. Орун дар бораи соле, ки падарашро аз даст дод, чунин мегӯяд: «Ман нағз хоб рафта наметавонистам. Ҳар шаб дар як вақт бедор шуда дар бораи марги падарам фикр мекардам».
Алехандро мегӯяд, ки худро бад ҳис мекард: «Якчанд бор духтурон маро ташхис карданд ва гуфтанд, ки ман сип-сиҳатам. Ба фикрам, сабаби дардҳои ҷисмам зиқию рӯҳафтодагӣ буд». Ин дардҳо рафта-рафта нест шуданд. Лекин Алехандро нағз кард, ки ба духтурон муроҷиат намуд. Ғамзадагӣ метавонад иммунитетро суст карда сабаби авҷ гирифтани касалиҳои куҳна ё пайдо шудани бемориҳои нав гардад.
Кардани корҳои зарурӣ душвор буда метавонад. Айван мегӯяд: «Мо бояд марги Эрикро на фақат ба хешу табору дӯстон, балки ба сардори кораш ва соҳибхонааш низ хабар медодем. Боз бояд ҳуҷҷатҳои зиёдеро тайёр мекардем. Баъд чизу чораи Эрикро аз назар гузарондан даркор буд. Ҳамаи ин вақту қувватро талаб мекард, мо бошем, беҳад монда шуда будем».
Лекин баъзан душворӣ дертар пайдо мешавад, масалан, вақте бо корҳое машғул мешавем, ки шахси вафоткардаамон мекард. Аз сари Тина айнан ҳамин чиз гузашт. Ӯ мегӯяд: «Тимо масъалаҳои пулиро худаш ҳал мекард. Акнун ҳамаи ин бар гардани ман буд ва аз ин ғаму ташвишҳоям зиёд мешуданд. Ман метарсидам, чунки фикр мекардам, ки аз уҳдаи ин корҳо баромада наметавонам».
Душвориҳое, ки дар боло номбар кардем, метавонанд дарди шахси мотамзадаро дучанд гардонанд. Дар ҳақиқат, ғаму ташвиш зиёд буда метавонад. Лекин, агар шахси мотамзада донад, ки бо кадом ҳолатҳо рӯ ба рӯ шуда метавонад, дардаш хеле сабук мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки ҳама душвориҳои номбаршуда ба сари як одам намеоянд, чунки ҳар кас ба таври худ месӯзад. Беш аз ин, вақте баъзеҳо мефаҳманд, ки зиқию рӯҳафтодагӣ аз марги шахси наздик ҳиссиёти табиӣ аст, каме бошад ҳам, тасаллӣ меёбанд.
ОЁ МАН АЗ НАВ ХУШБАХТ МЕШУДА БОШАМ?
Душвориҳое, ки рӯ ба рӯ шуда метавонед. Дарди ҷудоӣ абадӣ нест, он бо гузашти вақт сабуктар мешавад. Лекин ин маънои онро надорад, ки одам шахсеро, ки аз даст додааст, пурра фаромӯш мекунад ва дигар ёд намекунад. Масалан, ягон хотира ё солгарди тӯй метавонад ногаҳон дарду алами шахсро тоза кунад. Вале аксари одамон метавонанд, ки ҷилави ғаму ғуссаро ба даст гирифта мисли пештара ҳаёташонро пеш баранд. Барои ин дастгирии хешовандону дӯстон ва кӯшишҳои шахси мотамзада муҳим аст.
Ин чӣ қадар давом мекунад? Баъзеҳо якчанд моҳ аз дарди ҷудоӣ азоб мекашанд, ба баъзеи дигар барои ба худ омадан як-ду сол даркор мешавад. Ба дигарон бошад, вақти зиёдтар лозим астa. Алехандро мегӯяд: «Ғаму сӯзи ман қариб се сол давом кард».
Нисбат ба худ пуртоқат бошед. Бо фикри имрӯз зиндагӣ кунед, худро бо дигарон муқоиса накарда ба пеш ҳаракат кунед ва дар ёд доред, ки дарди ҷудоӣ абадӣ нест. Лекин худи ҳозир чӣ ба шумо кумак карда метавонад, ки ба дарди ҷудоӣ тоб оред ва аз ҳад зиёд ба ғаму дард дода нашавед?
Ғаму сӯз ҳиссиёти табиӣ аст.
a Ғаму сӯзи баъзеҳо беҳад сахт буда, тӯл мекашад ва дар натиҷа ба дарди «куҳна» табдил меёбад. Шояд, ба ин хел шахсон ёрдами равоншинос лозим шавад.