Оё чунин эҳсоси ғаму андӯҳ табиист?
МАРДЕ, КИ аз марги шахси наздикаш сӯгвор аст, менависад: «Маро, ки дар Англия ба воя расидаам, аз хурдӣ меомӯзонданд, то эҳсосоти худро дар назди одамон нишон надиҳам. Ҳар боре ки аз чизе сахт озор медидам, падарам, ки ҳарбии собиқ буд, зери дандонҳои ба ҳам фишурдааш ба ман мегуфт: “Гиря накун!”. Дар хотир надорам, ки модарам ягон бор касе аз фарзандонашро бӯса ё оғӯш карда бошад (мо чор нафар будем). Дар 56–солагии ман падарам мурд. Қалби ман аз ин талафоти бузург пора– пора шуд. Вале дар аввал ман ба гиря кардан қодир набудам».
Дар маданияти баъзе халқҳо ошкоро зоҳир кардани эҳсосот ҷоиз аст,—одамон шодиву маҳзунии худро аз дигарон пӯшида намедоранд. Дар минтақаҳои дигари дунё бошад, хусусан дар шимоли Аврупову Бритониёи Кабир, одамон, хусусан мардҳо тарбият гирифтаанд, ки эҳсосоти худро пӯшида доранд. Вале оё ҳангоми аз даст додани шахси наздике изҳор кардани ғаму андӯҳ нодуруст аст? Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
Шахсоне, ки аз ашкҳояшон Китоби Муқаддас ёдовар мешавад
Китоби Муқаддасро ибриёни минта-қаи шарқии баҳри Миёназамин навиштаанд, ки инсонҳои пурэҳсос буданд. Ин китоб дорои намунаҳои шахсони зиёдест, ки ғаму андӯҳи худро ошкоро зоҳир менамуданд. Подшоҳ Довуд ҳангоми марги писараш Амнӯн навҳа мекард. Навишта шудааст, ки ӯ «зор–зор гирист» (2 Подшоҳон 13:28–39). Довуд ҳатто ҳангоми аз даст додани писари хиёнаткори худ Абшолӯм, ки барои аз падараш гирифтани подшоҳӣ саъй намуда буд, нола мекард. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Подшоҳ ба изтироб омад ва ба ҳуҷраи болои дарвоза баромада, гиря кард; ва ҳангоми қадам заданаш чунин мегуфт: “Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!”» (2 Подшоҳон 18:33). Довуд мисли ҳар падари дигаре мотам дошт. Ва чандин борҳо волидон орзу карданд, ки кош ба ҷои фарзандашон мемурданд. Охир то чӣ андоза ғайритабиист пеш аз волидон мурдани фарзанд!
Эҳсосоти Исои Масеҳ ҳангоми марги дӯсташ Лаъзор чӣ гуна буд? Ӯ дар сари қабри дӯсташ гиря кард (Юҳанно 11:30–38). Дертар, Марями Маҷдалия назди мадфани Исо ашк мерехт (Юҳанно 20:11–16). Албатта бар хилофи одамоне, ки эътиқоди оиди мурдагон доштаашон дар Китоби Муқаддас асос намеёбад, шахсоне ки бо умеди эҳёи мурдагон аз Каломи Худо шиносанд, дардашон тасаллопазир аст. Вале ҳатто бо чунин умед бар эҳё, масеҳиёни ҳақиқӣ мисли ҳар инсон, ҳангоми ба дасти марг супоридани шахси наздикашон ғаму андӯҳ ва сӯгворӣ доранд (1 Таслӯникиён 4:13, 14).
Гиря кардану накардан
Имрӯз бошад, дар хусуси вазъи мо ҳангоми марги шахси наздике чӣ метавон гуфт? Оё аз зоҳир намудани эҳсосоти худ шарм медоред ё душворӣ мекашед? Равоншиносон дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳанд? Назари имрӯзаи онҳо одатан фақат такрорест аз хиради Китоби Муқаддас, ки бо илҳоми илоҳӣ навишта шудааст. Ин мутахассисон тавсия мекунанд, ки ғаму андӯҳро изҳор бояд кард, на ин ки даруни худ фурӯ нишонд. Ин ба мо намунаҳои мардони ба Худо содиқи қадим аз қабили Айюб, Довуд ва Ирмиёро ба хотир меоварад, ки зуҳуроти ғаму ҳасраташон дар Китоби Муқаддас тасвир шудааст. Онҳо эҳсосоти худро пӯшида намедоштанд. Бинобар ин, хуб намешуд, ки худро аз одамон канор гирем, ин фикр дар Масалҳо 18:1 омадааст: «Одами худхоҳ худро аз дигарон канор мекашад ва бо ақоиди дурусташон мухолифат меварзад» (ТТФ). Албатта, ғаму андӯҳ дар маданиятҳои ҳархела бо роҳҳои гуногун изҳор мегардад ва аз ақидаҳои динии дар он ҷо маъмул низ вобастагӣ дорадa.
Агар гиряатон ояд–чӣ? Гиря кардан як ҷузъи табиати одамист. Бори дигар воқеаи марги Лаъзорро ба ёд оред, ҳангоме ки Исои Масеҳ «аз дил оҳи аламноке кашид ва... гиря кард» (Юҳанно 11:33, 35). Ҳамин тавр ӯ зоҳир намуд, ки гиря як аксуламали табииест бар марги шахси наздик.
Ғаму андӯҳ ва гиря ҳангоми марги шахси наздик аксуламали комилан табиист
Ин ҳақиқатро ҳодисаи дигаре, ки бо модаре бо номи Энн рӯй дод, тасдиқ менамояд. Кӯдаки ӯ Рэйчели зоҳиран саломат аз “синдроми марги ногаҳонӣ” мурд. Шавҳари Энн нақл мекунад: “Аҷибаш он буд, ки дар маросими мотам на Энн мегиристу на ман. Дигарон бошад, гиря мекарданд”. Энн дар ҷавоб гуфт: «Ҳа, вале баъд аз ба хоксупории духтарчаамон ман ашкҳои зиёде ба ҷои ҳардуямон рехтам. Чанд ҳафтае пас аз фоҷиа, ҳангоме ки билохир ман дар хона танҳо мондам, эҳсос намудам, ки чӣ андоза дарднок аст ин зарба. Ман рӯзи дароз гиря кардам. Вале ин хело кӯмакам кард. Эҳсоси талхӣ каме паст шуд. Ман бояд ба марги кӯдакам мегиристам, бояд... Ва мӯътакид ҳастам, ки ба гиря кардани онҳое, ки касеро аз даст додаанд, монеъ набояд шуд. Ҳарчанд ки ба атрофиён “гиря накун” гуфтан осон аст, дар ин вазъ чунин суханҳо бефоидаанд».
Эҳсосоти баъзеҳо
Эҳсосоти баъзеҳо аз марги каси наздик чӣ гуна аст? Масалан, Хуанита бо дарди аз даст додани кӯдак ошност. Ӯ аллакай панҷ маротиба кӯдаки батн афтонд. Ва ҳоло боз ҳомила аст. Тасаввур метавон кард, ки чӣ эҳсоси дилғашкунандае дошт ӯ, пас аз дучори садамаи автомобилӣ шуда ба бемористон афтоданаш. Баъд аз ду ҳафта, пеш аз мӯҳлат дарди зоиши вай оғоз ёфт ва Ванессаи кӯчак таваллуд шуд, ки ҳамагӣ 900 грамм вазн дошт. “Ман чунон хушбахт будам,— ёдовар мешавад Хуанита,— билохир модар гаштам!”
Вале хушҳолии ӯ дер давом накард. Баъд аз чор рӯз Ванесса ба хоби марг рафт. Хуанита ба ёд меорад: “Холигии мутлақеро дар вуҷуди худ ҳис мекардам. Модариро аз ман рабуданд. Дар назари худ ноқис менамудам. Чӣ талх буд ба хона, ба ҳуҷрае ки барои Ванесса тайёр кардем, баргашта, дидани парпечҳое, ки барояш харида будам. Чанд моҳи дигар ман фақат бо ёди рӯзи ба дунё омадани ӯ мезистам. Ҳеҷ хоҳише бар дидану шунидани касе надоштам”.
Эҳсосоти аз ҳад зиёд? Шояд ба назари баъзеҳо чунин тобад, аммо онҳое ки ин гуна мусибатро аз сар гузарондаанд, нақл мекунанд, ки ғаму ғуссаашон аз мурдани кӯдак ҳамон гунае буд, ки дар ҳоли аз даст додани шахси зиндагидида мекарданд. Онҳо мегӯянд, ки кӯдак ҳанӯз хеле пеш аз тавлидаш барои падару модараш азизу маҳбуб аст. Ин як пайванди махсусе байни модару кӯдак мебошад. Барои модар марги кӯдак—марги як шахсияти нотакрор аст. Ва ин аст чизе, ки атрофиён бояд бифаҳманд.
Асари эҳсоси ғазаб ё гунаҳгорӣ
Модари дигаре, эҳсосоти худро баъд аз шунидани хабари марги ногаҳонии писари 6–солааш, ки мубталои бемории модарзодии қалб буд, ин тавр нақл мекунад: “Ман як қатор эҳсосотро дар худ ҳис кардам; аз лоливу нобоварӣ то ба гунаҳгоркунии шавҳарам ва духтур, ки то чӣ андоза ҷиддӣ будани вазъияти кӯдакро дарк намекарданд”.
Аломати дигари андӯҳ ғазаб аст. Он метавонад нисбати табибону ҳамшираҳои шафқат барангезад бо гумони он ки ба таври кофӣ ба бемор нигоҳубин накарданд. Ё ғазаб метавонад бар дӯстону хешовандон шӯр бигирад, ки гӯё гуфтору рафторашон нодуруст аст. Ҳастанд касоне ки ба фавтида хашм мегиранд, ки ба саломатиаш эътибори лозимӣ надод. Стелла нақл мекунад: “Дар хотир дорам, ки ба шавҳарам ғазаб мекардам, зеро медонистам, ки воқеа метавонист дигар хел сурат бигирад. Ӯ ҷиддан бемор буд, вале бо ин ҳол ба огоҳиҳои духтурон беэътиноӣ менамуд”. Ва баъзан шахси нав мурдаро барои ташвишҳое, ки марги ӯ ба наздикон овард, гунаҳкор мекунанд.
Баъзеҳо аз ин гуна хашму ғазаби худ шарм медоранд, ё ин ки худро барои доштани чунин ҳиссиёт маҳкум менамоянд. Касоне низ ҳастанд, ки дар марги шахси наздики фавтида худро гунаҳкор мекунанд. “Вай намемурд,— худро итминон медиҳанд онҳо,— фақат агар ӯро тезтар ба назди духтур мебурдам” ё “агар маҷбураш мекардам, ки назди духтури дигар равад”, ё “...агар ӯро водор мекардам, ки ба саломатиаш бештар аҳамият бидиҳад”.
Гум кардани фарзанд фоҷиаи мудҳишест, ки захми амиқ мегузорад. Ҳамдардиву дилсӯзӣ волидонро дастгирӣ хоҳад кард.
Дигарон бошанд, дар эҳсосот аз ин ҳам дуртар мераванд, хусусан агар шахси наздикашон аз марги ногаҳонӣ бимирад. Онҳо ба хотироварии тамоми воқеаҳоеро оғоз мекунанд, ки дар онҳо ба шахси фавтида дар зиндагиаш хашм гирифта ё бо ӯ баҳсу талош карда буданд. Ё ба назарашон чунин метобад, ки на ҳар чизи аз дасташон меомадаро барои фавтида карданд.
Ғуссаи дурударози модарони фарзандгумкарда ақидаи мутахассисони зиёдро исбот мекунад; марги фарзанд дар ҳаёти волидон, хусусан модарон осори зудуданашаванда мегузорад.
Ҳангоми марги ҳамсар
Аз даст додани ҳамсар, хусусан агар ҳарду бо ҳамдигар вақти зиёд мегузаронданд, зарбаи сахте буда метавонад. Ҳама амалҳои муштаракашон — саёҳат, корҳо, истироҳат ва вобастагие, ки аз якдигар доштанд, поён ёфт.
Юнис эҳсосоти худро баъд аз марги нобаҳангоми аз сактаи дил расидаи шавҳараш ин тавр нақл мекунад: “Ҳафтаи аввал ман дар як ҳолати карахтии эҳсосот будам, гӯё ки ҳама узвҳоям аз кор монданд. Ҳатто маззаи хӯрок ё бӯйро ҳис намекардам. Вале ба ҳар ҳол, ақлу ҳушам барҷо буд. Вақте ки духтурон бо ёрии таҷҳизоти эҳёи қалбу шуш ва доруҳо саъй мекарданд, ки шавҳарамро аз ҳолати вазнин бароранд, ман назди ӯ будам аз ин рӯ аломатҳои инкори воқеият, ки дар чунин вақтҳо бо одамон рӯй медиҳад, дар ман набуданд. Бо вуҷуди ин, эҳсоси шадиди нотавонӣ қалбамро мефишурд,— мисли оне ки мошинеро равона бар ҷарӣ медидам, вале барои бозистоданаш ҳеҷ кор карда наметавонистам”.
Оё Юнис гиря мекард? “Албатта, мегиристам, хусусан ҳангоми хондани садҳо номаҳои ҳамдардӣ. Ман дар сари ҳар яке аз онҳо гиря мекардам. Онҳо маро кӯмак менамуданд, ки то ба охири рӯз дошт диҳам. Вале ҳар дафъаи навбатие, ки ҳолпурсиям мекарданд, намедонистам, ки чӣ ҷавоб гӯям. Ман хеле маҳзун будам”.
Чӣ ба Юнис кӯмак кард, ки бар ғаму андӯҳи худ боло ояд? “Бе он ки худ дарк намоям, дар қалбам қарор кардам, ки ба зиндагӣ идома хоҳам дод,— мегӯяд ӯ,— ҳарчанд то ҳанӯз фикре маро азият медиҳад; шавҳарам, ки зиндагиро хеле дӯст медошт, нест, ки аз он лаззат бубарад...”
“Гуфтаҳои дигаронро ба дил наздик нагиред...”
Муаллифони китоби “Падруд; кай ва чӣ тавр хайрухуш бояд кард”, мегӯянд: “Нагузоред, ки тарзи рафтор ё эҳсос кардани шуморо дигарон муайян карда, идора намоянд”. Равиши эҳсосоти ғаму андӯҳи ҳар як инсон фарқ дорад. Баъзеҳо метавонанд фикр кунанд,— ва ё ҳатто шояд ба шумо бигӯянд, ки аз ҳад зиёд ғам мехӯред, ё баръакс, андӯҳатон кофӣ нест. Чунин шахсонро бахшед ва ин корашонро фаромӯш кунед. Агар бикӯшед, ки худро ба қолаби сохтаи дигарон ё ҷомеа мувофиқ кунед, ин ба барқарор шудани рӯҳияи шумо монеа хоҳад шуд.
Албатта, таври азсаргузаронии ғаму андӯҳи ҳар як инсон фарқ мекунад. Мо намехоҳем бигӯем, ки як тарзи он аз тарзи дигар барои ҳар як инсон беҳтар аст. Вале агар беҳбудие дар аҳволи шахси доғдида ба назар нарасад ва ӯ ба ҳолати нави зиндагӣ одат накунад, воқеият хавфнок аст. Дар ин вақт шояд кӯмаки дӯстони дилсӯз лозим ояд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад». Аз ин рӯ, аз ҷустуҷӯи кӯмак, аз сӯҳбат ё гиря кардан натарсед (Масалҳо 17:17).
Ғаму андӯҳ як аксу- ламали табие аст, ки ҳангоми фавтидани ка- се рӯй медиҳад ва агар ғам хӯрдани шумо ба дигарон аён бошад, ин ҳеҷ нодурустие надорад. Аммо саволҳои зерин дар миён боқиянд: “Бо ин ғам чӣ гуна зиндагӣ метавон кард? Оё эҳсоси гунаҳкорию ғазаб табиист? Бар ин эҳсосот чӣ гуна ғолиб оям? Чӣ маро ёрӣ хоҳад дод, ки ғаму андӯҳро пушти сар кунам?” Боби дигар ба ин ва суолҳои дигар ҷавоб хоҳад дод.
a Масалан, халқи Ёрубаи мамлакати Нигерия эътиқод ба реинкарнатсия [тавлиди дубора ё аз ҷисми мурда ба ҷисми дигар (наботот, ҳайвон, инсон) гузаштани рӯҳ] доранд. Аз ин рӯ, ҳангоме ки кӯдаке мемирад, модари ӯ гиряву навҳаи зиёд мекунад, аммо фақат ба муддати кӯтоҳе, зеро як зарбулмасали ёрубагӣ чунин аст: “Об рафт, лек зарф боқист”. Яъне, ба ақидаи онҳо модар мисли зарфи об аст, ки метавонад кӯдаки дигареро “оварад”, ки вай “дорои рӯҳи кӯдаки мурда” хоҳад буд. Шоҳидони Яҳува ба ҳеҷ яке аз урфу одатҳое, ки аз хурофот ё аз эътиқоди дурӯғини намирандагии рӯҳ (мисли реинкарнатсия) баромадаанд ва асосе дар Китоби Муқаддас надоранд, пайравӣ намекунанд (Воиз 9:5, 10; Ҳизқиёл 18:4, 20).