ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g20 № 2 саҳ. 14-15
  • 5. Оё ранҷу азоб рӯзе ба охир мерасад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 5. Оё ранҷу азоб рӯзе ба охир мерасад?
  • Бедор шавед!—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?
  • Дар ин бора фикр кунед:
  • Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
    Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Худо дарду азоби моро дида чӣ ҳис мекунад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
  • Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?
    Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2020
g20 № 2 саҳ. 14-15
Оилае дар назди кӯле истироҳат доранд. Онҳо дам мегиранд ва бо якдигар хандаю шӯхӣ мекунанд.

5. Оё ранҷу азоб рӯзе ба охир мерасад?

Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?

Агар умед дошта бошем, ки азобу уқубатҳо хотима меёбанд, мо ба ҳаёт бо назари мусбӣ менигарем ва инчунин ба Худо наздиктар мешавем.

Дар ин бора фикр кунед:

Бисёриҳо мехоҳанд, ки дарду азоби одамонро кам кунанд, вале ба ҳалли душвориҳо зӯрашон намерасад. Масалан, ба ин чизҳо аҳамият диҳед:

• Имрӯз соҳаи тиб хеле пеш рафтааст, вале...

  • Шумораи зиёди одамон то ҳол аз бемориҳои дил вафот мекунанд.

  • Касалии саратон ҳар сол миллионҳо нафарро аз ҳаёт маҳрум месозад.

  • Дар як маҷалла номзади илмҳо Дэвид Блум чунин мегӯяд: «Дар дунё ғайр аз бемориҳои мавҷудбуда бемориҳои нав пайдо шуда истодаанд ва баргаштани бемориҳои қадима ба чашм мерасанд» (Frontiers in Immunology).

Ҳарчанд баъзе давлатҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш рафтаанд...

  • Ҳар сол миллионҳо кӯдакон мемиранд, хусусан дар ҷойҳое, ки одамон қашшоқ мебошанд.

  • Миллиардҳо одамон шароити одии санитарӣ надоранд ва маҷбуранд, ки дар муҳити чиркин зиндагӣ кунанд.

  • Садҳо миллион одамон аз оби тозаи нӯшока танқисӣ мекашанд.

Имрӯз ҳуқуқи инсон бештар эътироф карда шавад ҳам...

  • Дар бисёр давлатҳо одамфурӯшӣ то ҳол давом дорад ва касоне, ки бо ин кор машғуланд, қонунан ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, зеро ҳокимиятдорон аз ин чизҳо бехабаранд ё барои ҷазо додани ин ҷинояткорон маблағ надоранд. (Аз ҳисоботи Созмони Миллали Муттаҳид.)

    ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

    Видеонавори «Подшоҳии Худо чист?»-ро дар сайти jw.org тамошо кунед.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

Худо ба мо ғамхор аст.

Ӯ ба дарду ранҷу мо бепарво нест.

«[Худо] мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад, ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт, балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд» (ЗАБУР 21:25).

«Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 ПЕТРУС 5:7).

Ранҷу азоб то абад давом намеёбад.

Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки Худо нияташро нисбати мо ҳатман иҷро мекунад.

«Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд. Он чӣ пештар буд, гузашт» (ВАҲЙ 21:3, 4).

Худо ҳамаи он чизеро, ки ба мо азобу уқубат меорад, нест мекунад.

Ӯ инро бо воситаи Подшоҳиаш, ки ҳокимияти ҳақиқии осмонӣ аст, ба амал меорад.

«Худои осмон салтанате [ҳокимияте] барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд. Он... то абад хоҳад истод» (ДОНИЁЛ 2:44).

Оё ранҷу азоб рӯзе ба охир мерасад?

Албатта! Вале ин аз дасти одамон намеояд. Ҳокимиятҳои одамӣ кӯшиш мекунанд, ки ранҷу азоби инсониятро сабук кунанд, Худо бошад, бо воситаи Подшоҳиаш тамоми дарду азобро нест мекунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан