Ба одамон дилсӯз бошед
Душворӣ
Агар мо доимо диққатамонро ба он равона кунем, ки дигарон то чӣ андоза аз мо фарқ мекунанд, ба назарамон чунин метобад, ки онҳо фақат камбудӣ доранд. Дар натиҷа, мо мумкин ба ягон гурӯҳи одамон чун ба одамони навъи дуюм назар кунем. Агар дар дили мо нисбати дигарон ҳиссиёти манфӣ пайдо шавад, он гоҳ зоҳир кардани ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба мо душвор мешавад. Норасоии дилсӯзӣ нишонаи «бемории» ҷиддиест, ки номи он бадгумонӣ аст.
Китоби Муқаддас мегӯяд:
«Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон — гиря» (РУМИЁН 12:15).
Ин чӣ маъно дорад? Ин оят ба мо таълим медиҳад, ки дилсӯз бошем. Дилсӯзӣ ин хислатест, ки шахс худро дар ҷойи каси дигар гузошта дарди ӯро ҳис карда метавонад.
Барои чӣ дилсӯз будан лозим аст?
Вақте мо худро ба ҷойи дигарон мемонем, мо мефаҳмем, ки бисёр умумият дорем. Мо дарк мекунем, ки дар ин ё он вазъият онҳо низ худро мисли мо ҳис мекунанд. Дилсӯзӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки ба ҳамаи одамон, новобаста аз куҷо ва кадом миллат буданашон чун ба аъзои як оилаи калон нигарем. Чи қадаре ки мо диққатамонро ба ҷиҳатҳои ба онҳо монандамон равона кунем, ҳамон қадар ақидаи манфиамон дар бораи онҳо кам мегардад.
Дилсӯзӣ инчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки дигаронро эҳтиром кунем. Масалан, Анн-Мари ном зан аз Сенегал ба одамоне, ки дар назари дигарон табақаи паст ҳисоб меёфтанд, назарбаландона муносибат мекард. Вай нақл мекунад, ки чӣ тавр дилсӯзӣ ба вай кӯмак кард: «Вақте медидам, ки одамони табақаҳояшон паст чӣ гуна душвориҳои сахтро аз сар мегузаронанд, ман ба андеша рафтам: “Агар ман дар ҷойи онҳо мебудам, худро чӣ хел ҳис мекардам?” Баъд дар ман савол пайдо шуд: “Оё ман ҳақ дорам, ки худро аз онҳо боло ҳисобам? Охир, ман ҳеҷ кор накардаам, ки сазовори мавқеи беҳтар бошам”». Чи хеле мебинем, агар мо ба фаҳмидани душвориҳои шахси дигар кӯшиш кунем, мо ӯро бисёр танқид намекунем, балки диламон ба вай месӯзад.
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Агар ба ягон гурӯҳи одамон назари манфӣ дошта бошед, на танҳо ба ҷиҳатҳои фарқкунанда, балки ба ҷиҳатҳои бо шумо умумӣ аҳамият диҳед. Масалан, тасаввур кунед, ки дар ҳолатҳои зерин онҳо чӣ ҳис мекунанд:
Вақте мо худро ба ҷойи каси дигар мемонем, мо мефаҳмем, ки ҳама одамон қисми як оилаи калонанд
вақте бо оилаи худ хӯрок мехӯранд;
вақте ки рӯзи дароз сахт кор карда ба хона бармегарданд;
вақте бо дӯстонашон муошират мекунанд;
вақте мусиқии дӯстдоштаашонро гӯш мекунанд
Баъд, худро дар ҷойи онҳо тасаввур карда ба худ чунин саволҳо диҳед:
Агар одамон маро паст мезаданд, ман худро чӣ хел ҳис мекардам?
Агар дигарон ҳоло бо ман шинос нашуда пешакӣ дар бораи ман ақидаи манфӣ медоштанд, оё ман аз ин зиқ намешудам?
Агар ман аз қабили онҳо мебудам, нисбати худ чӣ гуна муносибатро мехостам?