ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Ҳамдардӣ зоҳир кунед
Ҳамдардӣ ин худро ба ҷойи дигар одам монда фаҳмидани он аст, ки ӯ ба чӣ ниёз дорад, чиро ҳис мекунад ва барояш чӣ муҳим мебошад. Агар мо ба одамон аз таҳти дил ёрдам додан хоҳем, ҳамдардӣ кардан осонтар мешавад. Вақте мо ба одамон ҳамдардӣ мекунем, онҳо инро даррав ҳис мекунанд. Дар хизмат ба дигарон ҳамдардӣ зоҳир намуда мо ба онҳо ёрдам мекунем, ки муҳаббат ва ғамхории Яҳуваро ҳис кунанд. Ин дар навбати худ дар дилашон хоҳиши шинохтани Ӯро пайдо месозад (Фп 2:4).
Ҳамдардӣ сохта буда наметавонад. Шахси ҳамдард дигаронро бодиққат гӯш мекунад ва бо рафтору гуфтор, имову ишора ва қиёфаи рӯяш ҳамдардиашро нишон медиҳад. Агар мо ҳамдард бошем, ба эътиқод, чизҳои дӯстдошта ва вазъияти шахс таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем. Мо бо омодагӣ ба ӯ маълумоти муфидро пешкаш намуда дасти ёрӣ дароз менамоем, лекин маҷбур намекунем, ки ҳаёташро тағйир диҳад. Вақте дигарон кумаки моро қабул мекунанд, ин моро беҳад хурсанд месозад.
ВИДЕОНАВОРИ «МАҲОРАТИ ХУДРО БЕҲТАР ГАРДОНДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. ҲАМДАРДӢ ЗОҲИР КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Вақте Ҷейд дер кард, чӣ тавр Нита ҳамдардӣ нишон дод?
Вақте Ҷейд гуфт, ки барои омӯзиш қувват надорад, чӣ тавр Нита ҳамдардӣ зоҳир намуд?
Ҳамдардии мо одамонро ба Яҳува наздик месозад
Вақте Ҷейд гуфт, ки корҳояшро ба тартиб дароварда наметавонад, чӣ тавр Нита ҳамдардӣ нишон дод?