ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g20 № 3 саҳ. 12-13
  • Муҳаббат зоҳир кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Муҳаббат зоҳир кунед
  • Бедор шавед!—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Душворӣ
  • Китоби Муқаддас мегӯяд:
  • Чӣ кор кардан мумкин аст?
  • Онҳо бадгумониро аз дил решакан карданд
    Бедор шавед!—2020
  • Бадгумонӣ. Оё шумо низ аз он сироят ёфтаед?
    Бедор шавед!—2020
  • Ман бо беадолатӣ мубориза мебурдам
    Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад
  • Бигзор ҳамаи мо як бошем, чуноне ки Яҳува ва Исо яканд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2020
g20 № 3 саҳ. 12-13
Як зани ҳинду ба зани пиронсоли сафедпӯст барои бо сумкаи озуқавориаш ба зинапоя баромадан кӯмак карда истодааст.

Муҳаббат зоҳир кунед

Душворӣ

Ҳисси бадгумонӣ ба зудӣ нест намешавад. Чи хеле ки барои аз вирус шифо ёфтан вақту кӯшиш лозим аст, барои бадгумониро аз худ дур кардан низ вақт ва кӯшиш даркор аст. Чӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки бар ҳисси бадгумонӣ ғолиб оед?

Китоби Муқаддас мегӯяд:

Расмҳо: 1. Марде аз Осиё ба марди сиёҳпӯсте, ки дар даст қаҳва дорад, барои дарро кушодан ёрдам медиҳад. 2. Он марди сиёҳпӯст ба ҳамкоронаш, аз он ҷумла ба он зани ҳинду, ки болотар тасвир шуда буд, қаҳва пешниҳод мекунад.

«Муҳаббатро дар бар кунед, чунки он ягонагии пурра меорад» (ҚӮЛАССИЁН 3:14).

Ин чӣ маъно дорад? Барои якдигар корҳои нек кардан одамонро бо ҳам аҳлу тифоқ месозад. Чи қадаре ки ба одамон зиёдтар муҳаббат зоҳир кунед, бадгумониатон ҳамон қадар кам мешавад. Вақте ки дар дилатон муҳаббат ба одамон зиёд шудан мегирад, барои нафрату бадбинӣ дар он ҷой намемонад.

Чӣ кор кардан мумкин аст?

Расмҳо: 1. Ба як зани пиронсоли аврупоӣ зани ҳиндуе ёрӣ медиҳад, ки бо сумкаи озуқавориаш ба зинапоя барояд. 2. Он зани пиронсол ба ҳамсояаш — марди осиёгӣ, ки дар боло тасвир шуда буд, ширинӣ меорад.

Агар шумо ба ягон гурӯҳи одамон назари манфӣ дошта бошед, фикр кунед, ки ба шахсе, ки аз он гурӯҳ аст, бо кадом роҳ муҳаббат нишон дода метавонед. Нақшаи амалро то чизҳои майда-чуйда тартиб додан шарт нест. Як ё якчанд маслиҳати дар поён овардашударо ба кор баред:

Ҳар боре ки некии хурде мекунед, бадгумонӣ дар дилатон торафт кам мешавад

  • Ҳангоми даромадан ё баромадан аз бино дарро барои шахс кушоед ё қапида истед ва ё дар нақлиёт ба ӯ ҷой диҳед.

  • Бо шахс кӯтоҳ сӯҳбат кунед, ҳатто агар вай бо забони шумо равон гап назанад.

  • Агар ягон рафтори ӯ шуморо асабӣ кунад, пуртоқат бошед.

  • Вақте шахс дар бораи душвориҳояш нақл мекунад, дилсӯзӣ нишон диҳед.

Мисоли ҳаётӣ: Назаре (Гвинея-Бисау)

«Пеш ман ба муҳоҷирон бадгумонӣ доштам. Ман зуд-зуд мешунидам, ки муҳоҷирон бисёр вақт бо роҳи фиреб аз давлат кӯмакпулӣ мегиранд ё бисёри онҳо ҷинояткоранд. Барои ҳамин бо онҳо хуб муносибат кардан ба ман душвор буд. Ман ҳиссиёти худро дуруст меҳисобидам, чунки аксари одамон низ оиди муҳоҷирон ақидаи манфӣ доштанд.

Лекин бо гузашти вақт ман дарк кардам, ки ман аз муҳоҷирон гумони бад дорам. Ва Китоби Муқаддас ба ман ёрдам дод, ки нисбати онҳо меҳрубонтар шавам. Ҳозир ман аз онҳо худро дур намекашам. Баръакс, ман бо онҳо саломуалейк мекунам ва бо хурсандӣ сӯҳбат мекунам. Ман кӯшиш мекунам, ки бо ҳар яки онҳо шинос шавам. Муносибати ман ба онҳо дигар шуд ва ҳоло ман худро бо онҳо хеле бароҳат ҳис мекунам».

«Ман бо беадолатӣ мубориза мебурдам»

Рафика Моррис.

Рафика барои мубориза бурдан бо беадолатие, ки нисбати нажодҳо медид, ба як гурӯҳи сиёсӣ ҳамроҳ шуд. Вале вақте ба анҷумани Шоҳидони Яҳува омад, ӯ ниҳоят ягонагиеро ёфт, ки доимо ҷустуҷӯ мекард.

Видеонавори «Рафика Моррис: Ман бо беадолатӣ мубориза мебурдам»-ро тамошо кунед. Дар сайти jw.org номи видеонаворро ба сатри ҷустуҷӯ дароред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан