Бадгумонӣ оё шумо низ аз он сироят ёфтаед?
Бадгумониро ба бемории гузарандае монанд кардан мумкин аст. Ин «беморӣ» хеле хатарнок мебошад ва одамон мумкин ҳатто пай набаранд, ки аз он сироят ёфтаанд.
Бадгумонӣ дар он зоҳир мегардад, ки шахс оиди ягон одам ё гурӯҳи одамон ақидаи манфӣ дорад. Масалан, баъзеҳо одамони ягон миллат, маҳал, забон ё динро дӯст намедоранд, баъзеҳо занонро паст мешуморанд ё баръакс нисбати мардҳо бадгумонанд. Баъзеҳо бошанд, ба дигарон дар асоси синну сол, касб, бой ё камбағал будан, вазъи саломатӣ ва намуди зоҳириашон хулосаи манфӣ мебароранд. Бо вуҷуди ин онҳо фикр мекунанд, ки бадгумонӣ надоранд.
Оё шумо низ аз бадгумонӣ сироят ёфтаед? Бисёре аз мо ин чизро дар дигарон даррав пай мебарем. Лекин дар худ пай бурдани бадгумонӣ душвор буда метавонад. Аслан гирем, ҳамаи мо ба андозае бадгумонӣ дорем. Профессори соҳаи ҷомеашиносӣ Дэвид Уилямс мегӯяд, ки агар одамон дар бораи ягон гурӯҳ ақидаи бад дошта бошанд, ҳангоми яке аз онҳоро вохӯрдан «худ аз худ тавре муносибат мекунанд, ки одатан бо дигарон намекарданд».
Масалан, Ёвитса ном марде аз як мамлакати Аврупои Ҷанубу-Шарқӣ дар бораи як халқияти таҳҷоӣ чунин гуфт: «Ман гумон мекардам, ки дар байни ин халқият ягон одами дуруст нест. Аммо ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ман нисбати онҳо бадгумонӣ дорам. Ман боварӣ доштам, ки ақидаи ман дар бораи онҳо дуруст аст».
Бисёр давлатҳо барои мубориза бо миллатчигӣ ва дигар шаклҳои бадгумонӣ қонунҳо мебароранд. Вале бо ин роҳ бадгумониро решакан карда наметавонанд. Барои чӣ? Барои он ки он қонунҳо танҳо амали шахсро маҳдуд мекунанд. Онҳо фикр ва ҳиссиёти касро идора карда наметавонанд. Бадгумонӣ бошад, маҳз дар фикр ва дил пайдо мешавад. Пас, оё мубориза бо ин майл бефоида аст ва бар он ғолиб омадан номумкин мебошад? Оё аз ин «беморӣ» давое ҳаст?
Дар мақолаҳои навбатӣ мо панҷ принсипро муҳокима мекунем, ки ба бисёр одамон барои ақлу дили худро аз бадгумонӣ тоза кардан кӯмак карданд.