ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g21 № 1 саҳ. 10-11
  • Чаро мо азоб мекашем, пир мешавем ва мемурем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро мо азоб мекашем, пир мешавем ва мемурем?
  • Бедор шавед!—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Амали аввалин марду зан моро ба ин ҳол оварда расонд
  • Сабаби дигари азоби мо фариштаҳои бадкор мебошанд
  • Баъзан худи мо сабабгори ранҷу азобамон мегардем
  • Сабаби дигари азоби мо «рӯзҳои охир» мебошанд
  • Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Барои чӣ дунё пур аз ранҷу азоб аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2021
g21 № 1 саҳ. 10-11
Одамони қашшоқ барои зинда мондан мубориза мебаранд, то қути лоямут ба даст оранд.

Чаро мо азоб мекашем, пир мешавем ва мемурем?

Дар назари Офаридгор мо мисли фарзандонаш ҳастем, барои ҳамин ӯ намехоҳад, ки мо азоб кашем. Набошад, чаро гирду атрофи мо пур аз ранҷу азоб аст?

Амали аввалин марду зан моро ба ин ҳол оварда расонд

«Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт» (РУМИЁН 5:12).

Худованд аввалин марду зан, Одаму Ҳавворо бо ақлу тани комил офарида буд. Ӯ ҳамчунин онҳоро дар биҳишти рӯйи замин ҷой дод, ки он боғи Адан ном дошт. Парвардигор ба онҳо гуфта буд, ки аз тамоми дарахтони боғ хӯрда метавонанд, ғайр аз яктоаш. Сад афсӯс ки, Одаму Ҳавво меваи дарахти манъшударо хӯрда гуноҳ карданд (1 Мӯсо 2:15–17; 3:1–19). Баъди беитоатиашон Худованд ин ҷуфтро аз боғи Адан берун кард ва ҳаёти онҳо беҳад душвор гашт. Бо гузашти вақт онҳо фарзанддор шуданд ва ҳаёт барои фарзандонашон низ вазнин гашт. Ҳамаи онҳо пир шуда мурданд (1 Мӯсо 3:23; 5:5). Мо низ касал мешавем, пир мегардем ва оқибат мемурем, чунки насли Одаму Ҳавво мебошем.

Сабаби дигари азоби мо фариштаҳои бадкор мебошанд

«Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (1 ЮҲАННО 5:19).

Иблис — Шайтон, фариштаи ноаёне мебошад, ки ба зидди Худо баромад (Юҳанно 8:44; Ошкорсозӣ 12:9). Баъдтар, дигар фариштаҳо низ ба Шайтон ҳамроҳ шуданд ва девҳо ном гирифтанд. Ин фариштаҳои бадкор одамонро гумроҳ карда, аз Офаридгор дур месозанд. Онҳо ба бисёр одамон таъсир мерасонанд, то ба кори бад даст зананд (Забур 106:35–38; 1 Тимотиюс 4:1). Ба Шайтону девҳояш маъқул аст, ки ҳаёти одамонро талх созанд.

Баъзан худи мо сабабгори ранҷу азобамон мегардем

«Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад» (ҒАЛОТИЁН 6:7).

Бисёр вақт мо аз гуноҳи мерос гирифтаамон ё аз таъсири бади одамони гирду атроф азоб мекашем, лекин баъзан мо худамон ҳаётамонро душвор мегардонем. Чӣ тавр? Вақте ки ба кори бад даст мезанем ё қарори бехирадона қабул мекунем, оқибати бади онро медаравем. Баръакси ин, агар одамон корҳои хуб кунанд, оқибат чизҳои хубро дарав мекунанд. Масалан, шавҳар ва падари поквиҷдоне, ки аз таҳти дил кор мекунаду оилаашро дӯст медорад, бисёр чизҳои хубро медаравад ва оилаашро хушбахт месозад. Вале, агар касе қиморбозӣ кунад, ба айшу нӯш дода шавад ё танбалӣ кунад, шояд оқибат худашу оилааш ба як бурда нон зор шаванд. Барои ҳамин, агар мо ба Офаридгорамон гӯш диҳем, бохирадона амал мекунем. Ӯ мехоҳад, ки мо бисёр чизҳои хубро даравем, аз он ҷумла «осоиштагии бисёр»-ро (Забур 119:165).

Сабаби дигари азоби мо «рӯзҳои охир» мебошанд

«Дар рӯзҳои охир... одамон худбин, пулпараст... беитоат ба падару модар... бепарҳез, ваҳшӣ, душмани некӣ... мешаванд» (2 ТИМОТИЮС 3:1–5).

Имрӯзҳо одамон айнан чи хеле ки пешгӯйӣ шуда буд, амал мекунанд. Рафтори онҳо тасдиқ мекунад, ки мо дар «рӯзҳои охир» ё охирзамон зиндагӣ дорем. Дар Навиштаҳо ҳамчунин пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои охир ҷангҳо, гушнагӣ, заминҷунбиҳои сахт ва вабоҳо рӯй медиҳанд (Матто 24:3, 7, 8; Луқо 21:10, 11). Ин чизҳо ба азобҳои бисёр ва марг оварда мерасонанд.

Ман дар дилам оромӣ ёфтам

«Ман дар 19-солагиам фалаҷ шудам ва ба ман мегуфтанд, ки ин оқибати кори бадест, ки ман дар ҳаёти гузаштаам карда будам. Барои ҳамин ман бисёр фикр мекардам ва азоб мекашидам. Баъзеҳо мегуфтанд, ки дарду азобро Худо медиҳад. Ман чунин Худои бераҳмро дӯст дошта наметавонистам. Баъдтар ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам ва фаҳмидам, ки Офаридгор дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Асосан фариштаи бадкор, ки Шайтон ном дорад, ба азоби одамизод сабабгор аст. Ҳамчунин фаҳмидам, ки ба наздикӣ Худованд Шайтон ва ҳама корҳои бадеро, ки ӯ кардааст, нест мекунад. Муҳаббати ман ба чунин Худои меҳрубон хеле зиёд гашт ва ман дар дил оромӣ ёфтам» (Санҷай).

Санҷай.

Бисёртар фаҳмед:

Барои ёфтани маълумоти бештар дар бораи ранҷу азоб ва чӣ тавр бартараф кардани он ба сомонаи jw.org дар бахши ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС > БА САВОЛҲОИ ХУД ҶАВОБ ЁБЕД > РАНҶУ АЗОБ нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан