Дар вақтҳои нотинҷӣ аз рӯйи ин маслиҳатҳо амал карда пул ва дороии худро сарфа кунед
ХАРОҶОТАТОНРО КАМ КУНЕД
Буҷа тартиб диҳед
Чизҳоеро, ки ба онҳо муҳтоҷ нестед, нахаред. Аз худ пурсед: «Оё дар ҳақиқат ба ман мошини шахсӣ даркор аст? Оё худам сабзавот парвариш карда метавонам?»
Пеш аз харидани чизе аз худ пурсед: «Оё ин чиз дар ҳақиқат ба ман даркор аст? Зӯрам мерасад, ки онро харам?»
Агар дар ҷоятон дастрас бошад, аз давлат ё дигар ташкилотҳое, ки кумаки башардӯстона мерасонанд, ёрдам пурсед.
«Мо ҳамроҳи аҳли хонаводаамон мулоҳиза ронда ба хулоса омадем, ки аз баъзе вақтхушиҳое, ки пул сарф карда мешавад, даст мекашем. Инчунин, пухтани хӯрокҳоеро сар кардем, ки маҳсулоташ қимат нест» (Гифт).
БУҶА ТАРТИБ ДИҲЕД
Хароҷотатонро кам кунед
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Корҳои меҳнаткаш барор меёбанд, вале шитобкорро камбағалӣ дар пеш аст» (Панднома 21:5). Буҷа тартиб додан кумак мекунад, ки аз даромадатон зиёд пул сарф накунед.
Дар аввал қайд кунед, ки дар як моҳ чӣ қадар пул кор мекунед.
Сипас нависед, ки дар як моҳ чӣ қадар пул сарф мекунед. Муайян намоед, ки пулатон ба чӣ меравад.
Баъд даромади худро бо хароҷотатон муқоиса кунед. Агар зарур ояд, фикр кунед, ки аз чӣ даст мекашед ё аз кадом ҷиҳат сарфа карда метавонед.
«Ҳар моҳ мо даромад ва хароҷотамонро рӯйхат мекунем. Ҳаракат менамоем, ки пасандоз дошта бошем. Ҳамчунин пешакӣ муайян месозем, ки ба чӣ пул сарф карданамон лозим мешавад. Ин хел карда мо камтар хавотир мешавем, зеро аллакай медонем, ки чӣ тавр пуламонро сарф кунем» (Карлос).
ҚАРЗ НАГИРЕД / ПУЛ ҶАМЪ КУНЕД
Қарз нагиред / пул ҷамъ кунед
Фикр кунед, ки чӣ хел қарзҳоятонро бармегардонед. Вале, агар илоҷаш бошад, умуман қарз нагиред. Агар ягон чиз хариданӣ бошед, беҳтараш аввал пул ҷамъ кунед.
Ҳар моҳ кам-кам пул ҷамъ кунед, то барои харидани чизҳои дилхоҳ ва ҳароҷоте, ки ба нақша нагирифта будед, пул дошта бошед.
МЕҲНАТДӮСТ БОШЕД / КОРИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дар ҳар гуна меҳнат фоидае ҳаст» (Панднома 14:23).
Меҳнатдӯст бошед / кори худро аз даст надиҳед
Ба кори худ назари дуруст дошта бошед. Ҳатто агар он табъи дилатон набошад, фаромӯш накунед, ки он шуморо мехӯронад.
Меҳнатдӯст ва боваринок бошед. Дар ин сурат коратонро аз даст намедиҳед ё лоақал кори нав ёфтан бароятон осонтар мешавад.
«Ман барои ҳар кор дасту остин бармезанам, ҳатто агар он ба ман маъқул набошад ё маоши дилхоҳамро надиҳанд. Ман ҳама вақт аз рӯйи виҷдон ва босифат кор мекунам, гӯё онро барои худам карда истода бошам» (Дмитрий).
Агар кор кофта истода бошед...
Ташаббускор бошед. Ба корхонаҳое муроҷиат кунед, ки бароятон кор пешниҳод карда метавонанд, ҳатто агар дар бораи ҷойи корӣ эълон намонда бошанд. Инчунин ба дӯстон ва хешу табори худ гӯед, ки кор кофта истодаед.
Ба вазъият мутобиқ шавед. Мумкин шумо кореро, ки ба ҳама талаботатон ҷавобгӯ аст, наёбед.