Калидҳои хушбахтии оила
Қарздорӣ. Чӣ кор кунем?
Янисa: «Дар вақти бӯҳрони молиявии Юнон бизнеси ман шикаст хӯрд, дар натиҷаи ин мо дигар хароҷоти бо хона алоқамандро рӯпӯш карда наметавонистем ва барои супоридани қарзҳое, ки тавассути кортҳои кредитӣ гирифта будем, шароит надоштем. Ман аз ташвишу хавотирии зиёд шабҳо хоб карда наметавонистам».
Катэрина: «Мо хонаамонро бо меҳру муҳаббат сохта будем, барои ҳамин ҳатто фикри аз даст додани он бароям даҳшатовар буд. Вақте ки ману Янис оиди чӣ тавр баргардонидани қарзамон сӯҳбат мекардем, он аксар вақт ба ҷанҷол табдил меёфт».
АЗ САБАБИ қарз муносибати аъзоёни оила метавонад зери фишор қарор гирад ё ҳатто тамоман вайрон шавад. Масалан, тадқиқотчӣ Ҷефри Дю мегӯяд, ки ҳамсароне, ки қарздоранд, вақти камро бо ҳамдигар мегузаронанд, зуд–зуд ҷанҷол мекунанд ва нисбат ба пештара на он қадар хушбахтанд. Назар ба дигар масъалаҳо баҳсҳо оиди қарзу пул зиёдтар давом мекунанд, сабаби ҷанҷол ва зӯроварии зиёд мегарданд ва эҳтимоли зиёд аст, ки душвориҳои дигарро ба миён меоранд. Барои ҳамин, тааҷҷубовар нест, ки чаро дар Иёлоти Муттаҳида норозигиҳо оиди пул сабаби асосии ҷудошавии ҳамсарон мебошанд.
Қарзи аз ҳад калон ҳамчунин метавонад ба саломатии шахс зарар расонад ва сабаби бехобӣ, дарди сар, дарди шикам, сактаи дил, афсурдаҳолӣ ва дигар бемориҳо гардад. Марта ном зане нақл мекунад: «Шавҳарам Люис аз боиси қарзамон гирифтори бемории афсурдаҳолӣ шуд ва қариб рӯзи дароз аз ҷойгаҳаш намехест. Шахсе, ки ман ба ӯ ҳамеша такя мекардам, ҳоло худаш мӯҳтоҷи дастгирӣ буд». Барои баъзеҳо чунин ғаму ташвиш як бори гарон мегардад. Масалан, мувофиқи иттилои Би–би–си зане аз ҷанубу шарқии Ҳиндустон аз сабаби надоштани имконият барои баргардонидани қарзаш, ки ба 840 доллари амрикоӣ баробар буд, даст ба худкушӣ зад. Ӯ ин пулҳоро барои табобат кардани фарзандонаш гирифта буд.
Оё оилаи шумо аз сабаби қарз зери фишор қарор дорад? Биёед, баъзе душвориҳоеро, ки одатан ҳамсарон бо онҳо ҳангоми қарздор буданашон дучор мешаванд, дида мебароем. Ҳамчунин биёед ба баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ба шумо дар ин маврид кӯмак карда метавонанд, аҳамият медиҳем.
ПРОБЛЕМАИ 1. Мо якдигарро айбдор мекунем.
«Ман занамро дар исрофкорӣ айбдор мекардам,— иқрор мешавад Люлаш,— ӯ бошад, шикояткунон мегуфт, ки агар ман ҷои кори доимӣ медоштам, пуламон ба ҳама чиз мерасид». Ҳамсарон чӣ кор карда метавонанд, то ки қарздорӣ дар байни онҳо ҷудоӣ наандозад?
Калид барои муваффақ гаштан: бо ин душворӣ якҷоя мубориза баред. Новобаста аз он ки шумо дар қарздор шуданатон гунаҳкоред ё не, фурӯ рехтани қаҳру ғазаб ба ҳамсаратон вазъиятро тағйир намедиҳад. Ҳоло шояд маслиҳати Эфсӯсиён 4:31 дар ҳаёти шумо аз пештара бештар қобили корбурд аст: «Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад».
Бо қарз мубориза баред, на бо якдигар. Шавҳаре, ки Стефанос ном дорад, ҳамкории ӯву занашро дар мубориза бо ин душворӣ чунин шарҳ медиҳад: «Мо қарзро душмани умумии худ меҳисобидем». Чунин ҳамкорӣ мувофиқи суханони Масалҳо 13:10 мебошад, ки он ҷо гуфта шудааст: «Аз ғурур фақат низоъ ба миён меояд, вале ҳикмат бо хоксорони машваратшунав аст». Ба ҷои он ки мағрурона бо душвориҳои пулӣ дар танҳоӣ мубориза баред, беҳтараш оиди онҳо ошкоро сӯҳбат кунед, фикри ҳамсаратонро ба назар гиред ва сипас қувваҳоятонро муттаҳид сохта амал намоед.
Фарзандонатон низ ба шумо кӯмак карда метавонанд. Падаре бо номи Эдгардо, ки дар Аргентина зиндагӣ дорад, аз таҷрибаи шахсияш нақл мекунад: «Писари хурдсолам мехост, ки соҳиби велосипеди нав шавад, лекин мо ба ӯ фаҳмондем, ки барои чӣ имконияти харидани онро надорем. Ба ҷои ин, мо ба писарамон велосипедеро, ки пеш аз они бобояш буд, додем ва ӯ аз рондани он хурсандии зиёд мегирифт. Ман дарк намудам, ки чун оила ҳамкорӣ кардан бениҳоят муҳим аст».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Вақт ҷудо кунед, то бо ҳамсари худ оиди қарзатон ошкоро ва оромона сӯҳбат намоед. Ҳар гуна хатоҳоеро, ки эҳтимол шумо ба онҳо роҳ дода будед, эътироф кунед. Лекин ба ҷои оиди гузашта аз ҳад зиёд фикр кардан, мулоҳиза ронед, ки дар оянда ҳангоми қабули қарорҳоятон шумо аз рӯи кадом принсипҳои Китоби Муқаддас амал мекунед (Забур 36:21; Луқо 12:15).
ПРОБЛЕМАИ 2. Аз қарз озод шудан ба назар ғайриимкон метобад
«Баъди бо бизнес машғул шуданам ман ба қарзи калоне ғӯтидам. Бӯҳрони молиявие, ки дар Аргентина сар зад, вазъияти маро бадтар кард,— ба хотир меорад Энрике,— бар замми ин занамро ҷарроҳӣ кардан лозим омад. Ман фикр мекардам, ки ҳеҷ гоҳ аз қарз озод шуда наметавонам, гӯё ки маро бо занҷире ба он сахт баста буданд». Марде бо номи Роберто, ки дар Бразилия зиндагӣ мекунад, тамоми пасандозашро ҳангоми бо як бизнеси хатарнок машғул шуданаш аз даст дод ва илова бар ин аз 12 бонк қарздор шуд. Ӯ мегӯяд: «Аз шарму хиҷолат ба ман муроҷиат кардан ба дӯстонам хеле душвор буд. Ман худро ночизу нокас ҳис мекардам».
Агар шумо аз сабаби қарздор буданатон сахт рӯҳафтода бошед ё худро аз ҳад зиёд гунаҳкор ва шарманда ҳис кунед, чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад?
Калид барои муваффақ гаштан: буҷаи худро назорат кунедb.
1. Буҷаи худро аз нав тартиб диҳед. Тамоми даромад ва хароҷоти оилаатонро дар давоми ду ҳафта, ё агар беҳтар донед, дар давоми як моҳ ба нақша гиред. Ба ин рӯйхат ҳамчунин маблағеро дохил намоед, ки шумо ба ҳисоби миёна барои супурдани андоз, пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо, харидани либос ва ғайра сарф карда метавонед.
2. Даромадатонро зиёд кунед. Шумо метавонед дар ҷои кори ҳозираатон корҳои иловагиро ба ӯҳда гиред, бо кори мавсимӣ машғул шавед, дарсҳои иловагӣ диҳед, партовҳои истеҳсолиро ба коркарди дубора супоред ё агар барои кардани коре маҳорати хуб дошта бошед, онро ба дигарон пешкаш кунед. Огоҳӣ: эҳтиёт бошед, ки пулкоркунӣ ба корҳои муҳимтар, масалан ба фаъолияти рӯҳониатон, халал нарасонад.
3. Хароҷотатонро кам кунед. Дар вақти харидани чизе дар бораи он фикр кунед, ки оё вай ба шумо дар ҳақиқат лозим аст ё онро фақат барои арзониаш хариданиед (Масалҳо 21:5). «Хуб мебуд, ки шахс ҳангоми харидани чизе саросема нашавад,— мегӯяд Энрике, ки дар боло зикр шуда буд,— зеро ин ба ӯ кӯмак мекунад, то бифаҳмад, ки оё ин чиз дар ҳақиқат барояш лозим аст ё ӯ танҳо соҳиби он шудан мехоҳад». Барои кам кардани хароҷот дар поён якчанд маслиҳатҳои иловагӣ оварда шудаанд.
● Ҷои зист. Агар мумкин бошад, ба хонае кӯчед, ки барои дар он зистан пули камтар сарф мешавад. Ҳамчунин қувваи барқ ва обро сарфакорона истифода баред.
● Хӯрок. Ба ҷои он ки мунтазам дар кӯча ё ошхона хӯрок хӯред, беҳтараш бо худ аз хона ягон чиз гиред. Аз бозору марказҳои савдо яклухт харид кунед ё аз иқдомҳои махсусе, ки мағозаҳо пешкаш мекунанд, истифода баред. «Ман меваҷоту сабзавотро аз бозор пеш аз маҳкамшавиаш мехарам ва ҳамин тавр пули камтарро сарф мекунам»,— мегӯяд Жоэлма, ки дар Бразилия зиндагӣ мекунад.
● Нақлиёт. Ба нақлиёти арзонтар савор шавед ё аз чиптаи моҳона истифода баред. Агар имконпазир бошад, пиёда гардед.
Пас аз камта́р кардани хароҷот, пули боқимондаатонро дуруст истифода баред.
4. Вазъияти худро дида бароед ва амал кунед. Аввал, меъёри фоиз, маблағи хизматрасонӣ ва оқибати саривақт пардохт накардани ҳар як қарзатонро муайян созед. Ҳангоми гирифтани қарз шартномаи бонкро бодиққат хонед, зеро қарздиҳандагон метавонанд фиреб кунандc. Масалан, як бонк дар Иёлоти Муттаҳида ҳангоми пешкаш кардани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон маълумот дод, ки гӯё даромади бонк аз ҳисоби қарзи додааш 24 фоизро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар асл он аз 400 фоиз зиёд буд.
Сипас, тартиби баргардонидани қарзҳоятонро муайян кунед. Яке аз роҳҳо ин аст, ки аввал он қарзеро баргардонед, ки меъёри фоизиаш аз ҳама калон мебошад. Ё ин ки аввал қарзҳои хурдро пардохт кунед, зеро донистани он ки аллакай қисми қарзҳоятонро баргардонидед, шуморо хотирҷамъ месозад. Агар шумо барои пардохти қарзҳое, ки меъёри фоизиашон баланд аст, қарзи дигаре бо меъёри фоизии камтар гиред, ин шояд ба шумо барои саривақт баргардонидани қарзҳоятон кӯмак кунад.
Ниҳоят, агар аз ӯҳдаи супоридани қарз баромада натавонед, кӯшиш кунед, ки бо қарздиҳандагонатон гапзанон карда роҳҳои дигари баргардонидани қарзро дида бароед. Шумо метавонед хоҳиш кунед, то мӯҳлати баргардонидани қарзатонро каме дарозтар кунанд ё фоизи онро пасттар намоянд. Баъзе қарздиҳандагон шояд ҳатто ба кам кардани қарзатон розӣ мешаванд, ба шарте ки шумо маблағи муайянкардаи онҳоро ҳамон замон пардохт кунед. Дар вақти фаҳмондани вазъияти пулию молии худ боинсофу боэҳтиром бошед (Қӯлассиён 4:6; Ибриён 13:18). Ҳангоми ба қарорҳои умумӣ омадан ҳар як қарорро ба таври хаттӣ навишта имзо гузоред. Ҳатто агар қарздиҳандаҳоятон дархости аввалаи шуморо қонеъ накунанд ҳам, тайёр бошед, ки бо мақсади сабуктар кардани ӯҳдадориҳоятон боз ба онҳо муроҷиат кунед (Масалҳо 6:1–5).
Албатта, ба шумо лозим меояд, ки дар масъалаҳои бо пул алоқаманд воқеъбин бошед. Ҳатто нақшаҳои беҳтарин аз боиси омилҳое, ки аз мо вобаста нестанд, метавонанд амалӣ нагарданд, зеро чӣ тавре ки Китоби Муқаддас мегӯяд, бисёр вақт пул «барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад» (Масалҳо 23:4, 5).
ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Баъди тартиб додани буҷа, маслиҳат кунед, ки чӣ тавр ҳар як аъзои хонавода хароҷотро дар оила камтар ва даромадро зиёдтар карда метавонад. Дидани он ки ҳар аъзои оила фидокорӣ зоҳир мекунад, ба шумо кӯмак расонида метавонад, ки дар мубориза бо қарз якдилона амал кунед.
ПРОБЛЕМАИ 3. Қарз тарзи фикррониамонро хароб мекунад.
Мубориза бо қарз метавонад ба бисёр ҷонибҳои муҳими ҳаёт таъсири манфӣ расонад. Марде бо номи Георгиос нақл мекунад: «Душвории калонтарин ин буд, ки тамоми ҳаёти мо дар гирди қарз давр мезад. Чизҳое, ки бояд дар ҷои аввали ҳаёт меистоданд, муҳимияти худро гум карданд».
Калид барои муваффақ гаштан: бигзор пул дар ҳаёти шумо ҷои худашро дошта бошад. Новобаста аз кӯшишҳоятон шояд шумо дар давоми солҳои зиёд қарзи худро баргардонида истодаед. Лекин нигоҳ накарда ба ин, он ки шумо чӣ тавр ба вазъият муносибат мекунед, дар ихтиёри худи шумост. Ба ҷои он ки аз ҳад зиёд оиди пул ва норасоии он фикр кунед, оқилона мебуд, ки ба насиҳати зерини Китоби Муқаддас гӯш диҳед: «Модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд» (1 Тимотиюс 6:8).
Қаноатмандӣ аз вазъияти пулии худ ба шумо имконият медиҳад, то «дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст» (Филиппиён 1:10). Ба он чизе, ки «беҳтар аст» муносибати наздик бо Худо ва оилаатон дохил мешаванд. Георгиос, ки дар боло зикр шуда буд, мегӯяд: «Ҳарчанд мо қарзҳоямонро пурра барнагардондем, ҳоло ҳаёти мо дигар гирди онҳо давр намезанад. Акнун издивоҷи мо хушбахттар аст, зеро мо ҳамроҳи фарзандон ва бо якдигар бештар бо корҳои рӯҳонӣ машғул ҳастем».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Чизҳоеро номбар кунед, ки дар ҳақиқат барои шумо пурарзишанд ва онҳоро бо пул харида намешавад. Сипас, фикр кунед, ки чӣ тавр шумо вақт ва қуввати бештари худро барои ҳар як чизи номбаркардаатон сарф карда метавонед.
Душвориҳои бо қарздорӣ алоқаманд ғаму ташвишҳои зиёд меоранд. Ва барои ҳал кардани онҳо аз тарафи шумо фидокорӣ дар талаб аст, ба ҳар ҳол чунин кӯшишҳо бенатиҷа нахоҳанд буд. Шавҳаре бо номи Анҷей, ки дар Полша зиндагӣ мекунад, иқрор мешавад: «Вақте фаҳмидам, ки як ҳамкори завҷаам бо иҷозати худи ҳамсарам ӯро шахси кафолатдиҳанда интихоб карда аз бонк пули калон қарз гирифт ва сипас гурехта рафт, ба ман ором нигоҳ доштани худ бениҳоят душвор буд». Лекин Анҷей оиди он ки чӣ тавр ӯву занаш ба ҳал кардани ин мушкилӣ муносибат намуданд, чунин мегӯяд: «Мо назар ба пештара бештар муттаҳид гаштем ва сабаби он на худи мушкилӣ буд, балки ҳамкории мо дар ҳалли он».
[Эзоҳҳо]
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
b Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳи сентябри с. 2011, зери мавзӯи «Чаро бояд пулро сарфакорона истифода барем?» нигаред.
c Барои фаҳмидани он ки чаро шартномаро ба таври хаттӣ тартиб додан лозим аст, ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», боби 14, сарх. 14 нигаред.
АЗ ХУД ПУРСЕД...
▪ Чӣ тавр ман ба оилаи худ барои аз қарз озод шудан кӯмак карда метавонам?
▪ Мо чӣ кор карда метавонем, то аз сабаби қарз муносибатамон зарар набинад ё вайрон нашавад?
[Тасвир дар саҳифаи 28]
Душвориҳои бо қарз алоқаманд метавонанд ба оила фишор оранд ё ҳатто онро вайрон кунанд
[Тасвир дар саҳифаи 30]
Барои мубориза бурдан бо қарз ҳамроҳи аҳли оилаатон чораҳои амалӣ андешед
[Тасвир дар саҳифаи 31]
Хурсандиеро, ки қаноатмандӣ меорад, чизу чора дода наметавонанд