САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
ОБИ ШИРИН
ОБ МАНБАИ ҳаёт аст. Бе об, хусусан оби ширин, олами зинда вуҷуд дошта наметавонад. Ҳама мавҷудоти зинда асосан аз об иборат аст. Кӯлҳо, дарёҳо, ботлоқзорҳо ва обҳои зеризаминӣ одамон ва ҳайвонҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд. Ҳамчунин бе об кори ягон саноат пеш намеравад.
Ифлосшавии оби нӯшокӣ
Қисми зиёди сайёраи мо обпӯш аст. Лекин мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии обу ҳавошиносӣ танҳо нисфи оби замин дастрасу нӯшиданӣ мебошаду халос. Ҳарчанд ин миқдори об ба назар кам метобад, он барои идома ёфтани ҳаёт дар замин кифоя аст. Лекин дар натиҷаи афзоиши эҳтиёҷ ба он ва тағйирёбии иқлим, қисми зиёди оби нӯшокӣ ифлос ё дастнорас шуда истодааст. Мутахассисон тахмин мекунанд, ки баъди 30 сол, панҷ миллиард одам аз норасоии оби ширин танқисӣ кашида метавонад.
Сайёраи «ҷонсахт»
Дар Замин равандҳои табиие мавҷуданд, ки ба туфайли онҳо захираҳои об тамом намешаванд. Инчунин хок, ҷонварони обӣ ва нури офтоб обро тоза мекунанд. Биёед бо баъзе далелҳо шинос шуда, бубинем, ки сайёраи мо чӣ қадар тобовару барои ҳаёт созгор аст.
Исбот шудааст, ки об аз қабати хок гузашта, аз бисёр олудагиҳо пок мегардад. Баъзе растаниҳои ботлоқ бошанд, обро аз нитроген, фосфор ва моддаҳои заҳрдор тоза мекунанд.
Олимон муайян карданд, ки баъзе равандҳои физикиву биологӣ обро аз партовҳои табиӣ тоза мекунанд. Ин чирку ифлосиҳо дар оби равон ҳал мешаванд ва баъд бактерияҳо онҳоро мехӯранд.
Садафи сиёҳ ва як навъи гӯшмоҳӣ, ки дар оби ширин зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар давоми чанд рӯз обро аз баъзе моддаҳои кимиёии зараровар тоза кунанд. Шояд онҳо ин корро аз дастгоҳҳои обполоӣ ҳам тозатар иҷро мекунанд.
Гардиши об намемонад, ки захираҳои он дар сайёраи мо тамом шавад. Ин ва дигар равандҳои табиӣ намегузоранд, ки об аз атмосфера берун барояд ё ба таври дигар гум шавад.
Кадом чораҳо андешида мешаванд?
Вақте равғани мошинро ба замин намерезем ва моддаҳои зарароварро дар қуттиҳои муайян мепартоем, сарчашмаҳои оби ширинро тоза нигоҳ медорем
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки обро ба қадри имкон сарфакорона истифода барем. Онҳо мегӯянд, ки барои кам кардани ифлосшавии об ба замин рехтани равғани мошинро бояд пешгирӣ кунем ва доруҳо ё моддаҳои заҳролудро ба канализатсия напартоем.
Мутахассисон роҳҳои нави намакзудоиро (аз минералҳо тоза кардани оби баҳрро) ихтироъ карда истодаанд, то шӯрии обро пасттар намуда, онро ба оби ширин табдил диҳанд.
Аммо ин ҳалли мушкилӣ нест. Намакзудоӣ дар миқёси калон кори ғайриимкон метобад, зеро он маблағ ва энергияи аз ҳад зиёдро талаб мекунад. Соли 2021 дар ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи ҳифзи об гуфта шуда буд, ки барои дар тамоми ҷаҳон зиёдтар шудани оби ширин бояд дучанд меҳнат кард.
Китоби Муқаддас умед мебахшад
«Худо... қатраҳои обро боло мебардорад ва сипас буғ ҷамъ шуда, борон ба амал меояд. Абрҳо онро меборонанд ва бар сари одамон мерезанд» (Айюб 36:26–28).
Худо дар табиат гардиши обро ба роҳ мондааст, то дар Замин ҳамеша захираи об бошад (Пандгӯ 1:7).
Мулоҳиза ронед: Офаридгори мо равандҳоеро офаридаааст, ки обро тоза мекунанд. Барои ҳамин мо дилпурем, ки ӯ тамоми зарареро, ки одамон ба сайёраамон мерасонанд, бартараф месозад, зеро барои ин ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред, ки дар саҳифаи 15 омадааст.