ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 34
  • Ғизои нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ғизои нав
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Мори мисин
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Хайма барои ибодат
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Мусо бо асо ба кӯҳпора мезанад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 34
An Israelite mother and son picking up manna

ҲИКОЯИ 34

Ғизои нав

МЕДОНӢ, ки одамон аз замин чиро ҷамъ карда истодаанд? Он ба шабнам монанд аст. Рангаш сафед ва худаш дона–донаи борик. Вале он шабнам нест, балки чизи хӯрдание мебошад.

Қариб як моҳ мешавад, ки исроилиён аз Миср баромаданд. Ҳоло онҳо дар биёбонанд. Дар биёбон меваю сабзавот намерӯяд, барои ҳамин одамон шикоят мекунанд: «Кошки Яҳува моро дар Миср мекушт. Дар он ҷо ба ҳар ҳол аз хӯрданиҳо ҳар чизе ки диламон мекашид, буд».

Яҳува гуфт: «Чунон мекунам, ки хӯрок аз осмон борад». Ва ҳамин тавр ҳам кард. Субҳи дигар, исроилиён мебинанд, ки ин хӯрдании сафед аз осмон боридааст ва онҳо аз якдигар мепурсанд, ки ин чӣ бошад.

Мусо ҷавоб медиҳад: «Ин аст хӯроке, ки Яҳува барои хӯрдан ба шумо дод». Одамон онро МАНН номиданд. Маззаи он ба кулчаи тунуки бо асал молидашуда монанд буд.

Мусо ба халқ мегӯяд: «Ҳамон қадар ҷамъ кунед, ки хӯрда метавонед». Ва ҳар субҳ онҳо ҳамин тавр мекарданд. Баъдтар, дар вақти гармии офтоб, манни дар замин боқимонда об мешуд.

Ҳамчунин Мусо гуфт: «Ҳеҷ кас набояд маннро барои рӯзи дигар захира намояд». Вале баъзеҳо ба ин гӯш надоданд. Медонӣ, ки дар натиҷа чӣ шуд? Субҳи рӯзи дигар, манне ки онҳо захира карда буданд, пур аз кирм ва бадбӯй гашт!

Israelites collecting manna

Аммо дар яке аз рӯзҳои ҳафта, Яҳува иҷозат медиҳад, ки маннро мардум ду маротиба зиёдтар ҷамъ кунанд. Ин рӯзи шашум буд. Ва Яҳува ба онҳо мегӯяд, ки каме маннро барои рӯзи дигар боқӣ гузоранд, чунки дар рӯзи ҳафтум Ӯ чизеро нахоҳад боронид. Вақте ки онҳо маннро барои рӯзи ҳафтум захира мекарданд, он пур аз кирм ва бадбуй намегашт! Ин мӯъҷизаи дигаре буд!

Дар давоми тамоми солҳои дар биёбон будани исроилиён, Яҳува онҳоро бо манн таъмин мекард.

Хуруҷ 16:1–36; Ададҳо 11:7–9; Еҳушаъ ибни Нун 5:10–12.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан