ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 44
  • Роҳоб ҷосусонро пинҳон мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Роҳоб ҷосусонро пинҳон мекунад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Роҳоб ба Яҳува боварӣ дошт
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Деворҳои Ериҳӯ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Халқи Исроил ба замини Канъон медарояд
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • 12 ҷосус
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 44
Rahab and one of the spies at her window with the scarlet cord

ҲИКОЯИ 44

Роҳоб ҷосусонро пинҳон мекунад

ИН МАРДОН ба нохушӣ афтодаанд. Онҳо бояд ба зудӣ гурезанд, вагарна кушта хоҳанд шуд. Онҳо ҷосусони исроилӣ мебошанд ва зане, ки барояшон ёрӣ медиҳад, Роҳоб аст. Роҳоб дар ин ҷо — хонае, ки дар болои девори Ериҳӯ аст, зиндагӣ мекунад. Биё бифаҳмем, ки барои чӣ ин мардон ба нохушӣ афтодаанд.

Исроилиён барои дарёи Ӯрдунро убур карда, ба Канъон гузаштан тайёранд. Лекин пеш аз он ки ҳамин тавр кунанд, Еҳушаъ ду ҷосусро ба он ҷо мефиристад. Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Биравед, он сарзамин ва шаҳри Ериҳӯро дида бароед».

One of the spies climbs down the wall using Rahab’s scarlet cord

Ҷосусон ба шаҳри Ериҳӯ омада, ба хонаи Роҳоб медароянд. Лекин касе ба шоҳи Ериҳӯ хабар мебарад, ки «ду исроилӣ ин бегоҳ барои ҷосусии замини мо омадаанд». Баъди огоҳӣ аз ин хабар, шоҳ назди Роҳоб одамони худро фиристода, мефармояд: «Мардонеро, ки дар хонаат ҳастанд, берун овар!». Аммо Роҳоб ҷосусонро дар боми хонааш пинҳон карда, ҷавоб медиҳад: «Ким–кадом мардон имрӯз ба хонаи ман омада буданд, лекин намедонам, ки куҷоиянд. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, пеш аз он ки дарвозаи шаҳр маҳкам шавад, онҳо ба зудӣ аз ин ҷо рафтанд. Агар шитоб кунед, ба онҳо расида метавонед!». Ва ин одамон ба таъқиби ҷосусон шитофтанд.

Баъд аз рафтани онҳо, Роҳоб бошитоб ба бом баромада, ба ҷосусон гуфт: «Ман медонам, ки Яҳува ин заминро ба шумо хоҳад дод; мо шунидаем, ки чӣ тавр Ӯ дар вақти аз Миср баромадани шумо қаъри Баҳри Сурхро хушк кард ва чӣ гуна шумо ду подшоҳ — Сиҳӯн ва Ӯҷро куштед. Ман ба шумо некӣ кардам, аз ин рӯ қавл диҳед, ки шумо ҳам ба ман некӣ хоҳед кард ва падару модар, хоҳарону бародарони маро нахоҳед кушт».

Ҷосусон қавл медиҳанд, ки ҳамин тавр хоҳанд кард, вале Роҳоб низ бояд коре кунад. «Ин ресмони сурхро гирифта, ба тирезаи худ бибанд ва тамоми хешовандонатро дар хонаат ҷамъ кун. Ва вақте ки мо барои забти Ериҳӯ меоем, ин ресмонро дар тирезаат овезон дида, ҳеҷ касро дар ин хона нахоҳем кушт» — гуфтанд онҳо. Ҷосусон ба назди Еҳушаъ баргашта, тамоми рӯйдодҳоро ба ӯ нақл мекунанд.

Еҳушаъ ибни Нун 2:1–24; Ибриён 11:31.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан