ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • yc дарси 3 саҳ. 8-9
  • Роҳоб ба Яҳува боварӣ дошт

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Роҳоб ба Яҳува боварӣ дошт
  • Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Маводи монанд
  • Роҳоб ҷосусонро пинҳон мекунад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Деворҳои Ериҳӯ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Халқи Исроил ба замини Канъон медарояд
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Кӯдаконатонро таълим диҳед
yc дарси 3 саҳ. 8-9
Роҳоб ба назди ҷосусоне, ки дар боми хонааш пинҳон карда буд, баромада истодааст

ДАРСИ 3

Роҳоб ба Яҳува боварӣ дошт

Биё, худамонро дар шаҳри Ериҳӯ тасаввур мекунем. Ин шаҳр дар замини Канъон ҷойгир буд, ки одамони он ҷо ба Яҳува боварӣ надоштанд. Як зане, ки номаш Роҳоб буд, дар он шаҳр зиндагӣ мекард.

Вақте ки Роҳоб майда буд, дар бораи он ки чӣ хел Мусо Баҳри Сурхро ду тақсим карду исроилиёнро аз Миср баровард, шунида буд. Вай боз фаҳмида буд, ки чӣ хел Яҳува ба исроилиён ёрдам дод, ки дар ҷангҳо муқобили душманонашон зӯр бароянд. Ҳозир бошад ӯ фаҳмид, ки исроилиён дар пеши шаҳри Ериҳӯ истодаанд.

Роҳоб ҷосусонро халос кард, барои он, ки ба Яҳува боварӣ дошт

Як бегоҳ ду марди исроилӣ барои дида баромадани шаҳри Ериҳӯ пинҳонӣ ба он ҷо даромаданд. Ин мардонро ҷосус мегуфтанд. Онҳо ба хонаи Роҳоб омаданд. Вай онҳоро ба хона дароварда меҳмон кард. Дар он шаб подшоҳи Ериҳӯ фаҳмид, ки ба шаҳр ҷосусон даромаданд ва дар хонаи Роҳоб истодаанд. Барои ҳамин подшоҳ одамонро фиристод, то он ҷосусонро қапанд. Роҳоб бошад, ду ҷосусро дар болои боми хонааш пинҳон кард. Ва вақте ки одамони подшоҳ он мардонро кофтанӣ омаданд, Роҳоб ба онҳо гуфт: «Он мардон дар ин ҷо буданд, лекин ҳозиракак рафтанд. Агар шумо аз пушташон равед, онҳоро қапида метонед». Ту медонӣ ки барои чӣ Роҳоб ҷосусонро халос кард? ~ Барои он ки ӯ ба Яҳува боварӣ дошт ва медонист, ки Худо замини Канъонро ба исроилиён медиҳад.

Пеш аз он ки ҷосусон аз хонаи Роҳоб раванд, онҳо ваъда доданд, вақте ки шаҳри Ериҳӯ вайрон мешавад, ӯ ва аҳли оилааш халос мешаванд. Ҷосусон гуфтанд, ки барои халос шудан, Роҳоб бояд як кор кунад. Медонӣ чӣ кор? ~ Он мардон ба Роҳоб гуфтанд: «Ин ресмони сурхро гирифта аз тирезаи хонаат овезон кун. Агар ту ин корро кунӣ, ҳамаи одамоне, ки он вақт дар хонаи ту мебошанд, зинда хоҳанд монд». Роҳоб чӣ хеле, ки ҷосусон гуфтанд, ҳамин хел кард. Ту мехоҳӣ фаҳмидан, ки баъд чӣ шуд? ~

Ресмони сурхе аз тирезаи хонаи Роҳоб, дар деворҳои Ериҳӯ овезон аст

Яҳува, Роҳоб ва аҳли оилаашро халос кард

Пас аз чанд рӯз, исроилиён ба деворҳои Ериҳӯ наздик омада, бе овоз гирди шаҳрро чарх заданд. Ва ҳамин хел дар мобайни шаш рӯз, онҳо шаҳрро як борӣ, чарх мезаданд. Лекин дар рӯзи ҳафтум бошад, онҳо шаҳрро ҳафт бор давр заданд. Баъд аз ин ҳамаашон бо овози баланд дод заданд. Ҳамин вақт Яҳува деворҳои гирди шаҳрро вайрон кард. Лекин фақат хонаи Роҳоб, ки дар деворҳои гирди шаҳр ҷойгир буду аз тирезааш ресмони сурх овезон буд, вайрон нашуд. Оё ту инро дар расм мебинӣ? ~ Роҳоб ва аҳли хонаводаи ӯ халос шуданд!

Ту аз рафтори Роҳоб барои худат чӣ дарс мегирӣ? ~ Роҳоб ба Яҳува боварӣ дошт, зеро бисёр чизҳои аҷоибро дар бораи Ӯ медонист. Ту ҳам дар бораи Яҳува бисёр чизҳои аҷоибро фаҳмида истодаӣ. Оё ту ҳам монанди Роҳоб ба Худо боварӣ дорӣ? ~ Албатта!

АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД

  • Еҳушаъ ибни Нун 2:1–24; 6:1–5, 14, 15, 20–25

  • Ибриён 11:31

САВОЛҲО:

  • Роҳоб дар майдагиаш кадом воқеаҳоро шунида буд?

  • Чӣ хел ӯ ба ҷосусон ёрдам дод? Барои чӣ Роҳоб ба онҳо ёрдам кард?

  • Ҷосусон ба Роҳоб чӣ ваъда доданд?

  • Ту аз рафтори Роҳоб барои худат чӣ дарс мегирӣ?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан