ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 73
  • Охирин подшоҳи хуби Исроил

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Охирин подшоҳи хуби Исроил
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Йӯшиёҳу дӯстони нағз дошт
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Ҷавонон, шуморо чӣ гуна оянда дар пеш аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 73
King Josiah and his men destroy the idols used in false worship

ҲИКОЯИ 73

Охирин подшоҳи хуби Исроил

ЙӮШИЁҲУ ҳанӯз дар ҳаштсолагияш подшоҳи салтанати ҷанубии дусибтаи Исроил мегардад. Барои подшоҳӣ кардан, ӯ ҳоло хеле ҷавон буд. Бинобар ин, дар аввал чанде аз онҳое, ки ба синну сол калонтар буданд, ба ӯ дар ҳукмронӣ бар халқ ёрӣ медоданд.

Пас аз ҳафт соли подшоҳӣ Йӯшиёҳу ба ҷустуҷӯи Яҳува шурӯъ мекунад. Ӯ ба намунаҳои хубе мисли Довуд, Еҳӯшофот ва Ҳизқиё пайравӣ мекард. Ҳанӯз дар наврасияш Йӯшиёҳу кори далеронае мекунад.

Муддати тӯлонӣ рафтори аксари исроилиён хеле бад буд. Онҳо ба худоёни козиб ибодат менамуданд ва ба бутҳо саҷда мекарданд. Йӯшиёҳу бо ходимони худ баромада, мамлакатро аз ибодати нодуруст пок мекунад. Ин рафтори бузурге буд, зеро зиёди мардум худоёни козибро парастиш мекарданд. Дар ин расм ту Йӯшиёҳу ва одамонашро ҳангоми шикастани бутҳо мебинӣ.

Пас аз ин, Йӯшиёҳу се мардро ба таъмири маъбади Яҳува таъин мекунад. Пул аз мардум ҷамъ карда ва ба ин мардон дода мешуд, то ки онро барои корҳои лозимӣ сарф кунанд. Ҳангоми машғули кор будан дар маъбад, Ҳилқиёи саркоҳин як чизи муҳимеро дарёб кард. Ин китоби қонунҳо буд; ҳамон китобе, ки навиштанашро хеле ва хеле пештар Яҳува ба Мусо фармуда буд. Ин китоб солҳои зиёде гумшуда ҳисоб меёфт.

Китоб ба Йӯшиёҳу дода шуд ва ӯ хоҳиш кард, ки онро барояш бихонанд. Ҳангоми гӯш кардан, ӯ мефаҳмад, ки халқ қонунҳои Яҳуваро риоя намекунад. Ва ҳамон тавре ки дар расм мебинӣ, ӯ аз ин хеле андӯҳгин шуда, либоси танашро чок мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ғазаби Яҳува бар мо аланга гирифтааст, зеро ки падарони мо қонунҳоеро, ки дар ин китоб навишта шудаанд, риоя накардаанд».

King Josiah is distressed as he hears the law of God read to him

Йӯшиёҳу ба саркоҳин Ҳилқиё мефармояд, то бифаҳмад, ки Яҳува бо онҳо чӣ кор карданӣ аст. Ҳилқиё назди зане бо номи Ҳулдо, ки пайғамбар буд, омада аз ӯ дар ин бобат мепурсад. Ин зани набия аз Яҳува бар Йӯшиёҳу чунин мерасонад: «Ерусалим ва тамоми мардуми он ҷазо дода хоҳанд шуд, зеро ба худоёни козиб ибодат карданд ва мамлакат аз шарорат пур шудааст. Аммо азбаски ту, Йӯшиёҳу, корҳои хуб кардӣ, ин ҷазо дар рӯзҳои зиндагии ту нахоҳад омад».

2 Вақоеънома 34:1–28.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан