ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • yc дарси 8 саҳ. 18-19
  • Йӯшиёҳу дӯстони нағз дошт

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Йӯшиёҳу дӯстони нағз дошт
  • Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Маводи монанд
  • Охирин подшоҳи хуби Исроил
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Ҷавонон, шуморо чӣ гуна оянда дар пеш аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Кӯдаконатонро таълим диҳед
yc дарси 8 саҳ. 18-19
Шоҳ Йӯшиёҳу ба дӯсташ Ирмиё гӯш медиҳад

ДАРСИ 8

Йӯшиёҳу дӯстони нағз дошт

Ба фикри ту оё кардани кори дуруст осон аст? ~ Бисёр одамон фикр мекунанд, ки осон нест. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки хусусан барои писарчае бо номи Йӯшиёҳу кардани кори дуруст душвор буд. Лекин ӯ дӯстони хубе дошт, ки барояш ёрдам мекарданд. Биё, дар бораи Йӯшиёҳу ва дӯстони вай мефаҳмем.

Дадаи Йӯшиёҳу номаш Омӯн буд ва дар Яҳудо подшоҳӣ мекард. Омӯн мардаки сахт ганда буд ва ба ҳайкалҳо саҷда мекард. Вақте ки дадааш мурд, Йӯшиёҳу дар Яҳудо подшоҳ шуд. Дар он вақт ӯ ҳамагӣ ҳаштсола буд. Ба фикрат ӯ ранги падараш одами ганда буд? ~ Не, ӯ ганда набуд.

Пайғамбар Сафанё хабари Яҳуваро ба мардуми Яҳудо эълон мекунад

Сафанё одамонро огоҳ карда мегуфт, ки ба ҳайкалҳо саҷда накунанд

Ҳатто дар кӯдакиаш Йӯшиёҳу мехост, ки ба гапи Яҳува гӯш кунад. Барои ҳамин вай танҳо бо он касоне дӯст мешуд, ки Яҳуваро нағз медиданд. Ва дӯстонаш бошанд, ба ӯ ёрдам мекарданд, ки кори дуруст кунад. Баъзе аз дӯстони Йӯшиёҳу киҳо буданд?

Яке аз дӯстони ӯ Сафанё ном дошт. Вай пайғамбар буд ва ба одамони Яҳудо хабар дода мегуфт, ки агар ба ҳайкалҳо саҷда карданро бас накунанд, бисёр бадиҳо ба сари онҳо меоянд. Йӯшиёҳу ба гапҳои Сафанё гӯш карда ба Яҳува хизмат мекард, на ба бутҳо.

Номи дӯсти дигараш Ирмиё буд. Ӯ бо Йӯшиёҳу ҳамсол буд ва онҳо дар наздикии якдигар зиндагӣ карда, калон мешуданд. Онҳо дӯстони ҷонӣ буданд. Барои ҳамин, вақте ки Йӯшиёҳу мурд, Ирмиё дар бораи сахт ёд кардани дӯсташ суруди махсусе навишт. Ирмиё ва Йӯшиёҳу барои кори дуруст ва гӯш кардани Яҳува ба якдигар ёрдам медоданд.

Йӯшиёҳу ва Ирмиё ба якдигар барои кардани кори дуруст ёрдам медоданд

Ту аз мисоли Йӯшиёҳу чӣ дарс гирифта метавонӣ? ~ Йӯшиёҳу ҳатто вақте ки майда буд, фақат кори дуруст кардан мехост. Вай медонист, ки бояд бо одамоне, ки Яҳуваро нағз медиданд, дӯстӣ кунад. Ту метавонӣ санҷида бинӣ, ки дӯстони интихобкардаи ту Яҳуваро нағз мебинанд ва ба ту барои кардани кори хуб ёрдам мекунанд.

АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД

  • 2 Вақоеънома 33:21–25; 34:1, 2; 35:25

САВОЛҲО:

  • Дадаи Йӯшиёҳу кӣ буд? Оё ӯ кори дуруст мекард?

  • Йӯшиёҳу ҳатто вақте ки кӯдак буд, чӣ кор кардан мехост?

  • Номи дӯстони Йӯшиёҳу чӣ буданд?

  • Ту аз мисоли Йӯшиёҳу чӣ дарс гирифта метавонӣ?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан