ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 89
  • Исо маъбадро пок мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо маъбадро пок мекунад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Рашки Исо ба ибодати пок
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Оё ҳайвонот баъди марг ба осмон мераванд?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Оё шумо медонед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 89
Jesus chases the money changers out of the temple and overturns their tables

ҲИКОЯИ 89

Исо маъбадро пок мекунад

ИСО хеле хашмгин аст, ҳамин тавр–не? Медонӣ сабаб дар чист? Дар он аст, ки ин одамон дар маъбади Худо хасисиву чашмгуруснагӣ мекунанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз одамони ба ин ҷо барои ибодати Худо меомада, пули зиёд ситонанд.

Ин гӯсолаҳову гӯсфандон ва кафтаронро мебинӣ? Ин шахсон онҳоро рӯирост дар ин ҷой — дар маъбад мефурӯшанд! Медонӣ барои чӣ? Барои он ки исроилиён бояд ҳайвонот ва паррандагонро барои Худо қурбонӣ кунанд.

Қонуни Худо мегӯяд, ки агар исроилие гуноҳе содир кунад, бояд ба Худо ягон чизро ҳамчун қурбонӣ пешниҳод намояд. Исроилиён дар мавридҳои дигар ҳам бояд қурбонӣ мекарданд. Вале исроилӣ аз куҷо метавонист, ки парранда ё ҳайвонеро гирифта барои Худо қурбонӣ кунад?

Баъзе аз исроилиён худашон паррандаҳову ҳайвонотро парвариш мекарданд ва метавонистанд, ки барои қурбонӣ овардан аз байни онҳо бигиранд. Аммо аксарияти мардум ҳайвонот ва паррандагони худро надоштанд. Ҷои зисти баъзеҳо бошад, аз Ерусалим чунон дур буд, ки онҳо ҳайвоноти худашонро ба маъбад оварда наметавонистанд. Бинобар ин, одамон омада ҳайвонот ва паррандагонро аз худи ҳамин ҷой мехариданд. Вале фурӯшандагон нархро хеле баланд мемонданд. Онҳо одамонро фиреб мекарданд. Ғайр аз ин, онҳо умуман ҳуқуқи дар маъбади Худо савдо карданро надоштанд.

Ана барои чӣ Исо ба хашм омадааст. Ӯ мизҳои савдогаронро чаппа карда, тангаҳояшонро пош медиҳад. Баъд, ӯ аз ресмон тозиёнае сохта, ҳамаи ҳайвонотро аз маъбад берун мекунад. Пас ба кафтарфурӯшон мефармояд: «Онҳоро аз ин ҷо берун кунед! Дар хонаи Падари ман пулкоркуниро бас кунед!».

Баъзе аз пайравони Исо дар ин ҷо, ҳамроҳи вай дар маъбаданд. Онҳо аз дидани корҳое, ки Исо мекард, тааҷҷуб менамуданд. Сипас матнеро аз Китоби Муқаддас ба ёд меоранд, ки дар бораи Писари рӯҳонии Худо мегуфт: «Муҳаббат ба хонаи Худо монанди оташ дар ӯ шӯълавар аст».

Ҳангоме ки Исо барои ҷашни иди Фисҳ дар ин ҷо, дар Ерусалим буд, ӯ мӯъҷизаҳои зиёдеро ба амал овард. Баъд аз ид ӯ Яҳудияро тарк карда, ба Ҷалил бармегардад. Дар роҳ ӯ вилояти Сомарияро убур мекунад. Биё бубинем, ки дар он ҷо чӣ воқеаҳо рӯй медиҳанд.

Юҳанно 2:13–25; 4:3, 4.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан