Оё шумо медонед?
Чаро Исо онҳоеро, ки дар маъбади Ерусалим савдо мекарданд, ба дуздон баробар кард?
ДАР Инҷили Матто мо мехонем: «Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард. Ва ба онҳо гуфт: “Навишта шудааст, ки “хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд”; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед”» (Мат. 21:12, 13).
Таърихи яҳудиён нишон медиҳад, ки фурӯшандагон дар маъбад ҳайвон ё паррандаро бениҳоят қимат фурӯхта, хаққи харидоронро мехӯрданд. Масалан, нархи кабӯтар дар асл паст буд ва одамони камбағал онро харида, қурбонӣ оварда метавонистанд. Вале дар як дастнависи қадимаи яҳудӣ гуфта шудааст, ки эҳтимол дар асри яки милодӣ нархи ду кабӯтар ба як динори тиллоӣ расид. Ин пули хеле калон буд. Барои ин маблағ коргари одӣ бояд 25 рӯз кор мекард. Азбаски савдогарони маъбад нархи кабӯтаронро дандоншикан карда буданд, зӯри одами камбағал ҳатто ба овардани ин қурбонӣ намерасид (Ибд. 1:14; 5:7; 12:6–8). Раввини яҳудиён, Шимон бен Гамалиэл, аз ин ҳолат ба қаҳр омада шумораи қурбониҳоеро, ки яҳудиён бояд меоварданд, кам кард. Баъд аз ин нархи ду кабӯтар зуд паст шуда ба садяки динор расид.
Чи хеле ки мебинем, ин фурӯшандагон баднафсу ноинсоф буданд ва харидоронро фиреб мекарданд. Ана барои ҳамин Исо онҳоро ба дуздон баробар кард.