Шуморо кӣ офарид?
1 Худо осмону заминро офарид — Ҳастӣ 1:1.
2 Худо ном дорад. Номи Ӯ Яҳува аст. Дар Забур 82:19 [83:18,ТФ] омадааст: «Ва Худованд, Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ».
Яҳува дар осмон зиндагӣ мекунад. Ӯ рӯҳ мебошад. Ӯро дидан имконнопазир аст — Ишаъё 66:1; 1 Юҳанно 4:12; Юҳанно 4:24.
3 Яҳува Худо фариштаҳои зиёдеро дар осмон офарид. Онҳо ҳам рӯҳ ҳастанд. Пештар ҳамаи онҳо хуб буданд. Дар гузашта фариштаҳо баъзан шакли инсонӣ мегирифтанд, то ки одамон онҳоро дида тавонанд — Ибриён 1:7.
4 Яҳува ҳайвонотро хеле пештар аз сиришта шудани одам офарид — Ҳастӣ 1:25.
5 Яҳува ҳамчунин мардро бо номи Одам ва занро бо номи Ҳавво офарид — Ҳастӣ 1:27.
Худо онҳоро дар боғи зебо ё биҳишт ҷойгир кард. Ӯ барои Одам фақат як зан офарид. Мард бояд танҳо бо як зан зиндагӣ мекард — Ҳастӣ 2:8, 21, 22, 24.
6 Рӯҳе, ки дар одам аст, қувваест, ки тани ӯро зинда нигоҳ медорад — Ҳастӣ 7:22.
7 Ҳамин гуна рӯҳ ҷисми ҳайвонҳоро низ зинда нигоҳ медорад — Воиз 3:19.