Шумо чӣ кор бояд кунед?
50 Оё мехоҳед, ки ҷовидона дар ҳамон биҳишти зебо зиндагӣ кунед?
Пас дар бораи гуфтаҳои Худо зиёдтар омӯзед. Бикӯшед, ки хондани Китоби Муқаддасро ёд гиред — Юҳанно 17:3; Ваҳй 1:3.
51 Дар бораи Исои Масеҳ бештар дониш гиред — Такрори Шариат 18:18, 19; Юҳанно 3:16; Аъмол 3:19–23.
52 Бикӯшед, ки танҳо корҳои нек кунед ва ба Яҳува итоат намоед — Румиён 6:17, 18, 22.
53 Дар хотир бидоред, ки Яҳува мегӯяд; мо набояд одам кушем — Хуруҷ 20:13; 1 Юҳанно 3:11, 12.
54 Мо набояд чизҳои ба дигарон тааллуқдоштаро гирем — Хуруҷ 20:15; Эфсӯсиён 4:28.
55 Бо зане, ки ҳамсараш нест, зиндагӣ ё хоб кардани мард мумкин нест — Хуруҷ 20:14, 17; 1 Таслӯникиён 4:3.
56 Дар ёд доред, ки Худо ба шавҳар доштани чанд занро иҷозат медиҳад? Мард бояд то кай бо зани худ зиндагӣ кунад? — Ҳастӣ 2:22, 24; Матто 19:5, 6; 1 Қӯринтиён 7:2, 10, 11.
57 Ҳамчунин дар ёд доред, ки мо бояд танҳо Яҳуваро ибодат кунем — Матто 4:10; 1 Тимотиюс 2:5.
58 Буту тасвирҳо ба мо ёрӣ дода наметавонанд. Чаро? — 1 Қӯринтиён 8:4.Оё доштани бутҳо хуб аст? — Такрори Шариат 27:15; 1 Юҳанно 5:21.
59 Чаро аз тӯмору тилисм ва ҷоду истифода кардан мумкин нест? — Такрори Шариат 18:10–13; Ваҳй 21:8.
60 Фариштагони шарир ё девҳо бар зидди Худо исён бардоштанд. Онҳо барои фиреби одамон фолбинҳоро ба кор мебаранд — Аъмол 16:16.
61 Мо бояд ба Худо дуо гӯем. Дуо маънои гуфтугӯ бо Худоро дорад. Яъне дар он мо ба Худо мегӯем, ки ба Ӯ хидмат кардан мехоҳем ва аз Вай ёрӣ мепурсем — Филиппиён 4:6, 7.
62 Мо бояд ба Исо итоат намоем ва ба вай эътимод кунем — Ибриён 5:9; Юҳанно 3:16.
63 Дар хотир доред, ки ӯ мурд, то моро наҷот диҳад — Румиён 5:8.
64 Дар хотир доред, ки Исо Подшоҳи ба чашм ноаёни мост. Мо бояд ба вай итоат намоем — Филиппиён 2:9, 10; Матто 28:18.
65 Исо гуфт, ки шумо бояд ба дигарон дар бораи чизҳои хуби омӯхтаатон нақл кунед. Ҳамчунин вай фармуд, то онҳое, ки мехоҳанд ба Худо хидмат намоянд, бояд таъмид бигиранд — Матто 28:19, 20; Юҳанно 4:7–15.
66 Бинобар ин, шумо метавонед бо дӯстонатон дар бораи ин чизҳои хуб сӯҳбат кунед — Матто 10:32.
67 Агар шумо хонданро хуб ёд гиред, метавонед зиёдтар биомӯзед ва қодир хоҳед буд, ки ба дигарон бештар кӯмак намоед — 2 Тимотиюс 2:15.
68 Исо ҳамчунин бачаҳоро таълим медод, ки ба Худо итоат намоянд. Ӯ ҳеҷ гоҳ он қадар банд набуд, ки барои сӯҳбат бо кӯдакон вақт ҷудо накунад — Матто 19:13–15.
69 Падару модарон бояд ҳамеша фарзандонро таълим диҳанд, ки Худоро дӯст доранд ва ба Ӯ итоат намоянд — Такрори Шариат 6:6, 7; Масалҳо 6:20–22; Эфсӯсиён 6:4.
70 Динҳои гуногун вуҷуд доранд. Таълимоти бисёре аз онҳо аз Китоби Муқаддас нест. Яҳува ба мо мефармояд, то динҳоеро, ки ҳақиқатро таълим намедиҳанд, тарк намоем — Ваҳй 18:4; Юҳанно 4:23, 24.
71 Яҳува дар рӯи замин ходимон дорад, ки метавонанд ба шумо дар бораи Ӯ зиёдтар биомӯзонанд. Медонед онҳо кистанд? — Аъмол 15:14; Румиён 10:14, 15.
72 Онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд. Дар байни онҳо сулҳ ҳукмфармост. Медонед чаро? Чунки онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд — Ишаъё 43:10–12; Юҳанно 13:34, 35.
73 Азбаски Яҳуваро ҳам дӯст медоранд, онҳо таъмид гирифтанд. Бо ин амал онҳо ба таври оммавӣ нишон медиҳанд, ки аз роҳҳои бади худ гаштаанд ва ҳаёташонро ба Худо бахшидан мехоҳанд — Аъмол 2:41.
74 Шоҳидони Яҳува умеди дар биҳишти нави зебо зиндагӣ карданро доранд — Забур 36:9–11, 29.
Шумо чӣ кор карда метавонед, то бо онҳо дар он ҷо зиндагӣ кунед? — Яъқуб 1:22, 25; 2:20–26.
75 Ба онҳо ҳамроҳ шуда, хидмат ба Яҳуваро омӯзед. Ин ходимони Худо Яҳува ва Исои Масеҳро дӯст медоранд ва ба эшон итоат мекунанд. Шумо ҳам онҳоро дӯст медоред? Оё мехоҳед ба дигарон кӯмак намоед, то дар бораи Худо омӯзанд? — Юҳанно 6:45–47.
76 Яҳува ва Исои Масеҳ шуморо дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки шумо дар биҳишт ҷовидона зиндагӣ кунед — Юҳанно 3:16.
Баъди дида баромадани расмҳо ва маълумоти ин рисола яқинан дар дилатон хоҳиши дар рӯи замин ҷовидона аз зиндагӣ баҳра бурдан пайдо шуд. Агар бихоҳед, ки дар ин хусус маълумоти бештаре бигиред, бароятон пешниҳод мекунем, ки бо Шоҳидони Яҳува дар маҳалли худ вохӯред. Ё метавонед аз суроғаҳои дар саҳифаи дуюми рисолабуда ба шӯъбаи наздиктарин ба шумо бинависед, ё касеро хоҳиш кунед, ки бароятон бинависад.