Оё Худо одамони бадро боз нобуд мекунад?
22 Имрӯз ҳам одамон хеле бад шудаанд. Кадом корҳои бадро дар ин ҷо мебинед?
23 Баъзеҳо одам мекушанд. Худо мегӯяд, ки ин корро кардани шумо мумкин нест — Хуруҷ 20:13; 1 Юҳанно 3:11, 12.
24 Баъзеҳо дуздӣ мекунанд. Худо мегӯяд, ки шумо набояд дуздӣ кунед — Хуруҷ 20:15; Эфсӯсиён 4:28.
25 Баъзе одамон якчанд зан мегиранд. Ҳастанд онҳое, ки бо ду зан дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз ҷуфтҳои марду зан якҷоя зиндагӣ мекунанд, вале бо ҳам издивоҷ накардаанд. Мувофиқи Китоби Муқаддас ҳамаи ин нодуруст аст — Матто 19:4–6; 1 Қӯринтиён 7:1–4; 1 Тимотиюс 3:1, 2.
26 Дар ёд доред, ки Худо ба Одам фақат як зан дод? — Ҳастӣ 2:22, 24.
27 Баъзеҳо бутҳоро ибодат мекунанд. Худо мегӯяд, ки шумо набояд бутҳо ё тасвирҳоро парастиш кунед — Хуруҷ 20:4, 5; Ишаъё 44:9–17; 1 Юҳанно 5:21.
28 Яҳува одамони бадеро, ки ислоҳ намешаванд, нобуд мекунад — Забур 36:9, 10; Луқо 13:5; 1 Қӯринтиён 6:9, 10.