ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • sp саҳ. 11-12
  • Девҳо қотиланд!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Девҳо қотиланд!
  • Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
  • Маводи монанд
  • Исо аз девҳо пурзӯртар аст
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Ҳақиқат дар бораи фариштагон ва девҳо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Душманони Худо кистанд?
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Ояндаи олӣ
    Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
Маълумоти бештар
Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
sp саҳ. 11-12

Девҳо қотиланд!

Шайтон ва девҳо ҳамеша золиму хатарнок буданд. Дар замонҳои қадим Шайтон хидматгорон ва рамаҳои Айюб–пайғамбарро нобуд кард. Баъд вай бо «боди азиме» хонаеро, ки даҳ фарзанди Айюб дар он буданд, валангор карда, онҳоро кушт. Пас аз ин, Шайтон Айюбро «аз кафи пояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард» — Айюб 1:7–19; 2:7.

Дар рӯзҳои Исо–пайғамбар, девҳо одамонро гунгу кӯр мекарданд (Матто 9:32, 33; 12:22). Онҳо мардеро хеле азият медоданд ва ӯро маҷбур менамуданд, ки худро бо сангҳо бизанад (Марқӯс 5:5). Писареро дев водор мекард, ки наъраву фарёд занад ва ӯро «ба замин ғалтонида, сахт печутоб [ме-]дод» — Луқо 9:42.

Шайтон бо девҳояш Айюбро ба махави сахт ва мардеро ба хуруҷи саръӣ гирифтор карданд

Дар гузашта девҳо баъзеҳоро ба бемориҳо мубтало мекарданд, дигаронро ба хурӯҷҳои саръӣ гирифтор менамуданд

Имрӯз Шайтон ва девҳои вай беш аз ҳарвақта золиманд. Аз ҳамон вақте ки аз осмон сарнагун карда шуданд, аъмоли бадашон зиёдтар гашт. Хабарҳо аз тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза девҳо бераҳманд. Баъзе одамонро онҳо ба бемориҳо гирифтор мекунанд. Дигаронро шабҳо безобита карда аз хоб маҳрум месозанд, ё боиси хобҳои даҳшатнок диданашон мешаванд. Баъзе одамонро девҳо аз ҷиҳати ҷинсӣ азоб медиҳанд. Ҳамчунин баъзе инсонҳоро онҳо то ба девонагӣ мерасонанд, ба куштор ё худкушӣ васваса меандозанд.

Девҳо одамонро ба зӯроварӣ бармеангезанд ва онҳоро бо хобҳои даҳшатнок азоб медиҳанд

Имрӯз девҳо баъзеҳоро ба зӯроварӣ бармеангезанд, дигаронро шабҳо бо хобҳои даҳшатнок азоб медиҳанд

Линтина, сокини Суринам, нақл мекунад, ки дев ё рӯҳи шарир 16 нафари хонаводаашро кушт ва худи ӯро 18 сол ҷисману рӯҳан азият дод. Линтина шахсан эътимод ҳосил намуд, ки девҳо аз “то ба марг азоб додани қурбониҳои бечораи худ лаззат мебаранд”.

Лекин Яҳува ба муҳофизат кардани ходимони худ аз ҳамлаҳои Шайтон қодир аст — Масалҳо 18:10.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан