ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • dg қисми 2 саҳ. 3-4
  • Замини аз ранҷу азоб озод

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замини аз ранҷу азоб озод
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Маводи монанд
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
    Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Тамоми ранҷу азобҳо ба қарибӣ ба охир мерасанд!
    Тамоми ранҷу азобҳо ба қарибӣ ба охир мерасанд!
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Дӯстони Худо дар Биҳишт зиндагӣ хоҳанд кард
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
Маълумоти бештар
Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
dg қисми 2 саҳ. 3-4

Қисми 2

Замини аз ранҷу азоб озод

1, 2. Одамони зиёд кадом нуқтаи назари дигарро соҳибанд?

БО ВУҶУДИ ИН ақидаи миллионҳо одамон ба куллӣ фарқ мекунад. Ин одамон итминон доранд, ки инсониятро ояндаи хеле хуб интизор аст. Ба гуфти онҳо ба қарибӣ маҳз ин ҷо, дар рӯи замин оламе барқарор хоҳад шуд, ки пурра аз бадӣ ва ранҷу азоб озод аст. Ин одамон боварии қатъӣ доранд, ки дар ояндаи наздик тамоми бадиҳо бартараф шуда, дунёи комилан нав пойдор мегардад. Ва ҳатто мегӯянд, ки таҳкурсии ин дунёи нав маҳз ҳозир гузошта шуда истодааст.

2 Ин одамон боварӣ доранд, ки дунёи нав аз ҷанг, зулм, ҷинояткорӣ, беадолатӣ ва қашшоқӣ озод гашта, дар он беморӣ, ғаму ғусса, гиря ва ҳатто марг нахоҳад буд. Он вақт одамон комил гардида, дар биҳишти заминӣ абадан хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Ҳатто мурдагон эҳё мешаванд ва имконияти ҷовидона умр ба сар бурданро пайдо мекунанд!

3, 4. Чаро ин одамон дар ақидаи худ устуворанд?

3 Оё ин ҳама орзу ва хаёли хом аст? Не, ҳаргиз. Чунин ақидаи онҳо нисбати оянда дар имони асоснок ба он ки биҳишт ҳатман меояд, замина ёфтааст (Ибриён 11:1). Чаро ин одамон дар ақидаи худ устуворанд? Чунки биҳишт ваъдаи Офаридгори пурқудрати даҳр аст.

4 Дар бобати ваъдаҳои Худо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст». «Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ... оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?» «Худованди лашкарҳо қасам хӯрда, мегӯяд: “Ба яқин, чунон ки салоҳ дидаам, ончунон хоҳад шуд, ва чунон ки қарор додаам, ончунон ба амал хоҳад омад”» (Еҳушаъ ибни Нун 23:14; Ададҳо 23:19; Ишаъё 14:24).

5. Ба кадом саволҳо бояд ҷавоб ёфт?

5 Агар нияти Худо офаридани биҳишти заминӣ бошад, пас чаро Ӯ аввалан ба рӯй додани ин қадар бадӣ роҳ дод? Барои чӣ Ӯ шаш ҳазор сол инҷониб дар бартараф сохтани бадӣ сабр мекунад? Магар садсолаҳои пур аз ранҷу азоб нишонаи онанд, ки Худо ба мо ғамхор нест ё ҳатто вуҷуд ҳам надорад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан