Қисми 6
Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ дод?
1, 2. Чӣ гуна волидони нахусти мо он оғози зебоеро, ки Худо ба онҳо бахшида буд, вайрон карданд?
ЧӢ ВОҚЕА рӯй дод? Он оғози зебоеро, ки Худо дар биҳишти Адан ба нахустволидайни мо ато карда буд, чӣ вайрон сохт? Аз чӣ сабаб ба ҷои сулҳу осоиштагие, ки дар биҳишт буд, ҳазорҳо сол инҷониб бадӣ ва ранҷу азоб ҳукмфармост?
2 Сабаб дар он аст, ки Одаму Ҳавво аз озодии ирода суистеъмол намуданд. Онҳо аз хотир бароварданд, ки бе роҳбарии Худо ва қонунҳои Ӯ муваффақ буда наметавонанд. Одаму Ҳавво қарор доданд, ки мустақилият аз Худо ба онҳо беҳбудӣ меорад. Барои ҳамин онҳо аз ҳудуде, ки Худо барои озодии ирода муқаррар карда буд, берун баромаданд (Ҳастӣ боби 3).
Саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ бар олам
3–5. Чаро Худо Одаму Ҳавворо нест карда, ҳамаро аз нав сар накард?
3 Чаро Худо Одаму Ҳавворо дарҳол нест карда, ҷуфти дигарро наофарид? Чунки ҳуқуқи ҳукмрони олам будани Худо зери шубҳа гузошта шуд.
4 Савол чунин буд: кӣ ҳуқуқ дорад ҳукмрон бошад, ва ҳукмронии кӣ дуруст аст? Худо Офаридгори тамоми махлуқот ва Қодири Мутлақ аст, бинобар ин танҳо Ӯ ҳуқуқ дорад ҳукмрон бошад. Азбаски Худо соҳиби хиради бепоён аст, ҳукмронии Ӯ барои махлуқоташ беҳтарин мебошад. Вале он вақт дурустии ҳокимияти Худо зери шубҳа гузошта шуд. Ҳамчунин оё офаридаи Ӯ — одам ягон нодурустие дошт? Баъдтар саволеро, ки ба беайбии инсон дахл дорад, дида мебароем.
5 Аз Худо дур шудани инсон саволи дигареро низ ба миён овард: магар одамон бе роҳбарии Худо муваффақ буда метавонанд? Офаридгор, албатта, ҷавоби ин саволро медонист, аммо Ӯ хост, ки худи одамон ҷавоби онро дарёбанд. Бинобар ин Ӯ ба онҳо озодии пурраеро, ки талабгораш буданд, бидод. Ин ҳалли беҳтарини масъалаи пешомада буд. Ҳамин тавр, одамон аз озодии иродаи хеш истифода бурда, мустақилият аз Худоро интихоб намуданд, ва Худо роҳ дод, то хости онҳо шавад.
6, 7. Чаро Худо роҳ дод, то одамон ин қадар вақт озодии пурра дошта бошанд?
6 Худо ба одамон барои санҷида дидани озодии пурра вақти кофӣ дод, то абадан муайян гардад, ки ба одамон таҳти роҳбарии Худо зиндагӣ кардан беҳтар аст ё дар мустақилият аз Ӯ. Ба одамон вақти басанда дода шуд, то дар соҳаи сиёсат, саноат, илм ва тиб ба қуллаи комёбиҳои худ бирасанд.
7 Аз ин рӯ, Худо роҳбарии одамиро то рӯзҳои мо иҷозат дод, то ки қатъиян маълум шавад, ки одамон бе роҳбарии Ӯ муваффақ мегарданд ё не. Ҳамин тавр, одам тавонист байни некиву бадӣ, муҳаббату нафрат, адолат ва беадолатӣ интихоб намояд. Ӯ инчунин бояд бо оқибати интихоби худ дучор мегардид: агар некиро интихоб менамуд, дар осоиштагӣ мезист ва агар бадиро интихоб менамуд, дар азоб.
Исёни махлуқоти рӯҳӣ
8, 9. a) Чӣ гуна дар олами рӯҳӣ исён сар зад? б) Шайтон ба ғайр аз Одаму Ҳавво боз киро ба исён барангехт?
8 Боз як далели дигареро бояд ба инобат гирифт. Нахустволидони мо дар исён ба муқобили роҳбарияти Худо танҳо набуданд. Вале дар он замон боз киҳо вуҷуд доштанд? Махлуқоти рӯҳӣ. Пеш аз офариниши одам, Худо шакли бартари ҳаётро офарид: шумораи зиёди фариштагонро, ки дар осмонанд. Онҳо низ бо озодии ирода ва бо талаботи ба роҳбарии Худо итоат намудан офарида шуда буданд (Айюб 38:7; Забур 103:4; Ваҳй 5:11).
9 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки исён аввалин бор дар олами рӯҳӣ сар зад. Яке аз махлуқоти рӯҳӣ хост, ки озодии пурра дошта бошад. Ӯ ҳатто хост, ки одамон ӯро ибодат намоянд (Матто 4:8, 9). Ин исёнгари рӯҳӣ сабаби он гардид, ки Одаму Ҳавво муқобили Худо баромаданд, ва бардурӯғ изҳор намуд, ки Худо аз онҳо чизи беҳтареро пинҳон медорад (Ҳастӣ 3:1–5). Аз ҳамин сабаб ӯ Иблис (Тӯҳматгар) ва Шайтон (Душман) номида шуд. Баъдтар ӯ дигар махлуқоти рӯҳиро низ ба исён барангехт. Онҳо ҳамчун девҳо маълуманд (Такрори Шариат 32:17; Ваҳй 12:9; 16:14).
10. Исёни одамон ва махлуқоти рӯҳӣ ба чӣ оварда расонд?
10 Ба муқобили Худо исён бардошта, одамон зери таъсири Шайтон ва девҳои ӯ афтоданд. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас Шайтон «худои ин дунё» номида шудааст, ки «зеҳнашонро [зеҳни беимононро] кунд кардааст». Аз ин сабаб Каломи Худо мегӯяд, ки «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст». Худи Исо низ Шайтонро «мири ин ҷаҳон» номид (2 Қӯринтиён 4:4; 1 Юҳанно 5:19; Юҳанно 12:31).
Ду саволи баҳсталаб
11. Бо кадом суоли баҳсталаби дигар Шайтон ҳаққонияти Худоро зери шубҳа гузошт?
11 Шайтон суоли баҳсталаби дигареро бардошта, ҳаққонияти Худоро зери шубҳа гузошт. Дар асл ӯ Худоро айбдор кард, ки Ӯ дар тарзи офаридани инсон ба хатогӣ роҳ дод ва гуфт, ки ягон одам дар озмоиш содиқ намемонад. Шайтон ҳатто изҳор намуд, ки дар озмоиш одамон Худоро лаънат мехонанд (Айюб 2:1–5). Ҳамин тавр Шайтон беайбии одамизодро зери шубҳа гузошт.
12–14. Чӣ тавр вақт ҳақиқатро оиди ду саволи баҳсталабе, ки Шайтон бардошта буд, бояд нишон медод?
12 Аз ҳамин сабаб Худо ба тамоми махлуқоти оқил фурсати кофӣ дод, то онҳо бубинанд, ки чӣ гуна ин саволи баҳсталаб ва савол оиди ҳукмронии Худо ҳал карда мешавад. (Бо Хуруҷ 9:16 муқоиса кунед.) Бо мурури замон таърихи инсоният бояд ҳақиқатро нисбати ин ду саволи баҳсталаб нишон медод.
13 Оиди дурустии роҳбарии Худо вақт бояд аён месохт, ки: оё инсон метавонад аз Худо беҳтар роҳбарӣ кунад? Оё ягон тарзи давлатдории инсон метавонад олами аз ҷанг, ҷинояткорӣ ва беадолатӣ озодро барпо созад? Магар метавонад қашшоқиро бартараф сохта, серию пурӣ орад? Оё ягон ҳокимияти инсонӣ бар беморӣ, пирӣ ва марг ғолиб меояд? Таҳти роҳбарии Худо бошад, ҳамаи ин, албатта, иҷро мегардид (Ҳастӣ 1:26–31).
14 Дар бораи саволи баҳсталаби дуюм, яъне қадру қимати одами офаридашуда бошад, вақт бояд нишон медод, ки: магар Худо дар тарзи офариниши одам ба хатогӣ роҳ дода буд? Оё ягон одам дар озмоиш росткор мемонад? Оё ягон кас ба ҷои роҳбарии одамӣ, роҳбарии Худоро интихоб менамояд?
[Тасвири саҳифаи 13]
Худо ба одамон фурсат дод, то онҳо ба авҷи дастовардҳои худ бирасанд.
[Бо рухсати 13]
Shuttle: Based on NASA photo