ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rq дарси 6 саҳ. 12-13
  • Салтанати Худо чист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Салтанати Худо чист?
  • Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Маводи монанд
  • Подшоҳии Худо чист?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Салтанати Худо чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Подшоҳии Худо чист?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Салтанати Худо ҳукмрон аст
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Худо аз мо чӣ талаб дорад?
rq дарси 6 саҳ. 12-13

Дарси 6

Салтанати Худо чист?

Салтанати Худо дар куҷо ҷойгир аст? (1)

Подшоҳи он кист? (2)

Оё ба Подшоҳ дар ҳукмронӣ касони дигар ҳамроҳанд? Агар ҳа, чанд нафар? (3)

Чӣ нишондиҳандаи он аст, ки мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем? (4)

Салтанати Худо дар оянда барои одамон чӣ кор хоҳад кард? (5-7)

1. Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, ӯ пайравони худро меомӯзонид, ки дар бораи Салтанати Худо дуо гӯянд. Салтанат ҳокимиятест, ки сарвараш подшоҳ аст. Салтанати Худо ҳокимияти ғайриоддӣ мебошад. Он дар осмон ҷойгир аст ва бар рӯи замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Он номи Худоро ҷалол хоҳад дод. Ин Салтанат иродаи Худоро чуноне ки он дар осмон иҷро шуд, дар замин низ иҷро хоҳад кард (Матто 6:9, 10).

2. Худо ваъда додааст, ки Подшоҳи Салтанати Ӯ — Исо хоҳад буд (Луқо 1:30-33). Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, ӯ исбот намуд, ки Ҳокими меҳрубон, одил ва комил мешавад. Ба осмон баргашта, Исо ҳамон замон бар тахти Салтанати Худо нанишаст (Ибриён 10:12, 13). Яҳува ҳокимияти ваъдашударо ба ӯ дар соли 1914 дод. Аз ҳамон боз, Исо дар осмон чун Подшоҳи аз ҷониби Яҳува таъиншуда ҳукм меронад (Дониёл 7:13, 14).

3. Яҳува ҳамчунин баъзе мардону занони ба Ӯ содиқро аз замин интихоб кард, то ки онҳо низ аз осмон ҳукмронӣ намоянд. Онҳо ҳамчун подшоҳон, доварон ва коҳинон бар инсоният ҳукм меронанд (Луқо 22:28-30; Ваҳй 5:9, 10). Исо ин шахсонеро, ки бо ӯ подшоҳӣ ва ҳукмронӣ мекунанд, «рамаи хурд» номидааст. Адади онҳо 144 000 нафар аст (Луқо 12:32; Ваҳй 14:1-3).

4. Вақте ки Исо Подшоҳ шуд, ӯ Шайтон ва фариштаҳои шарирро аз осмон ба ҳудуди замин ронд. Ана бо ин сабаб, вазъият дар замин аз соли 1914 хеле бад шуд (Ваҳй 12:9, 12). Ҷангҳо, гуруснагӣ, вабоҳо, афзудани беқонунӣ — ҳамаи ин қисми «аломат»-е ҳастанд, ки нишондиҳандаи ҳукмронии Исо ва ба охир расидани ин тартиботи шарирона мебошад (Матто 24:3, 7, 8, 12; Луқо 21:10, 11; 2 Тимотиюс 3:1-5).

5. Ба қарибӣ Исо одамонро доварӣ хоҳад кард; мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад. «Гӯсфандон» онҳоеанд, ки садоқати худро ба ӯ нигоҳ медоранд. Онҳо ҳаёти ҷовидониро соҳиб хоҳанд шуд. «Бузҳо» — касоне мебошанд, ки Салтанати Худоро рад мекунанд (Матто 25:31-34, 46). Дар ояндаи наздик, Исо шахсонеро ки ба «бузҳо» ташбеҳ дода шудаанд, нобуд хоҳад кард (2 Таслӯникиён 1:6-9). Агар шумо дар ҳисоби «гӯсфандон»-и Исо буданатонро хоҳед, бояд ба хабари Салтанат гӯш диҳед ва мувофиқи омӯхтаатон рафтор намоед (Матто 24:14).

6. Ҳоло ҷаҳон ба мамлакатҳои зиёде тақсим шудааст. Ҳар яке аз онҳо ҳукумати худро доранд. Ин халқҳо зуд-зуд бо ҳамдигар меҷанганд. Аммо ба ҷои тамоми ҳукуматҳои одамӣ Салтанати Худо хоҳад омад. Он ягона ҳукумате хоҳад буд, ки дар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад (Дониёл 2:44). Дигар ҷангҳо, ҷинояткорӣ ва зӯровариҳо нахоҳанд буд. Ҳамаи одамон дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ хоҳанд кард (Мико 4:3, 4).

7. Дар муддати Ҳукмронии Ҳазорсолаи Исо, одамони содиқ комил мешаванд ва замин ба биҳишт мубаддал мегардад. Дар поёни ҳазорсола, Исо ҳар як чизеро ки Худо аз ӯ хоста буд, ба анҷом мерасонад. Баъд, ӯ Салтанатро ба Падари худ бармегардонад (1 Қӯринтиён 15:24). Чаро ба дӯстон ва наздикони худ дар бораи он чи ки Салтанат бо худ хоҳад овард, нақл накунем?

[Тасвири саҳифаи 13]

Таҳти ҳукмронии Исо дигар нафрат ва бадгумонӣ вуҷуд нахоҳад дошт

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан