ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 7 саволҳои 1-5
  • Подшоҳии Худо чист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Подшоҳии Худо чист?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Салтанати Худо чист?
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Подшоҳии Худо чист?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Салтанати Худо чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Салтанати Худо ҳукмрон аст
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 7 саволҳои 1-5

ДАРСИ 7

Подшоҳии Худо чист?

1. Подшоҳии Худо чист?

1. Подшоҳии Худо дар осмон; 2. Исо махавиро шифо медиҳад

Барои чӣ Исо Шоҳи беҳтарин аст? (МАРҚӮС 1:40–42).

Подшоҳии Худо ҳокимияти осмонӣ аст. Он ба ҷойи ҳамаи ҳокимиятҳои мавҷудбуда худаш ҳукмронӣ хоҳад кард. Ба туфайли он иродаи Худо ҳам дар осмон ва ҳам дар замин иҷро мешавад. Ин дар ҳақиқат хабари нағз аст. Одамизод ба ҳокимияти хуб ниёзи калон дорад ва ба қарибӣ Подшоҳии Худо ин ниёзро қонеъ хоҳад кард. Он ягонагии байни ҳамаи офаридаҳои зиндаро дар рӯи замин барқарор мекунад. (Дониёл 2:44 ва Матто 6:9, 10; 24:14-ро хонед).

Ҳар як Подшоҳӣ шоҳи худро дорад. Яҳува дар Подшоҳии Худ Исои Масеҳро Шоҳ таъйин кардааст. (Ваҳй 11:15-ро хонед).

Видеонавори «Подшоҳии Худо чист?»-ро тамошо кунед.

2. Барои чӣ Исо Шоҳи беҳтарин аст?

Исо Шоҳи беҳтарин мебошад, зеро ӯ меҳрубон аст ва адолатро дӯст медорад (Матто 11:28–30). Беш аз ин, қуввати вай барои ба ҳамаи одамон кӯмак расондан мерасад, чунки ӯ аз осмон истода бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Баъди эҳё шуданаш вай ба осмон рафт ва дар тарафи рости Яҳува нишаста интизор шуд (Ибриён 10:12, 13). Оқибат, Худо ба ӯ қудрат дод, ки ҳукмрониро сар кунад. (Дониёл 7:13, 14-ро хонед).

3. Ҳамроҳи Исо боз кӣ ҳукмронӣ мекунад?

Гурӯҳи одамон, ки дар Каломи Худо «муқаддасон» номида шудаанд, ҳамроҳи Исо аз осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард (Дониёл 7:27). Аввалин шуда ба ин гурӯҳ шогирдони наздик ва содиқи Исо дохил шуданд. Яҳува то ҳол мардону занони содиқро чун «муқаддасон» интихоб карда истодааст. Мисли Исо, онҳо баъди маргашон чун шахсони рӯҳӣ эҳё мешаванд. (Юҳанно 14:1–3 ва 1 Қӯринтиён 15:42–44-ро хонед).

Чанд нафар одамон ба осмон мераванд? Исо он гурӯҳро «рамаи хурд» номида нишон дод, ки шумораи онҳо калон нест (Луқо 12:32). Онҳо оқибат 144 000 нафарро ташкил хоҳанд дод ва ҳамроҳи Исо бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард. (Ваҳй 14:1-ро хонед).

4. Вақте ки Исо ҳукмрониро сар кард, чӣ рӯй дод?

Омӯзиши Китоби Муқаддас

Подшоҳии Худо соли 1914 ба ҳукмронӣ сар кардa. Аввалин коре, ки Исо чун подшоҳ кард он буд, ки ӯ Шайтон ва девҳои вайро аз осмон ба замин ронд. Шайтон аз ин ба ғазаб омад ва сабабгори он шуд, ки дар тамоми рӯи замин мусибатҳо рӯй диҳанд (Ваҳй 12:7–10, 12). Барои ҳамин, аз он вақт инҷониб инсоният аз азобу уқубати хеле зиёд азоб мекашад. Ҷангҳо, гуруснагӣ, бемориҳо ва заминҷунбиҳо қисмҳои «аломати» онанд, ки Подшоҳии Худо ба наздикӣ тамоми корҳои рӯи заминро ба дасти худ мегирад. (Луқо 21:7, 10, 11, 31-ро хонед.

5. Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад?

Бо воситаи кори умумиҷаҳонии мавъиза Подшоҳии Худо аллакай имрӯз мардуми сершуморро аз ҳамаи халқу миллатҳо муттаҳид карда истодааст. Миллионҳо одамони хоксор тобеони Исои Масеҳ шуда истодаанд. Вақте ки Подшоҳии Худо ҷаҳони Шайтонро несту нобуд мекунад, он чунин одамонро наҷот хоҳад дод. Барои ҳамин, ҳамаи онҳое, ки баракатҳои Подшоҳии Худоро ба даст овардан мехоҳанд, бояд тобеони итоаткори Исо буданро ёд гиранд. (Ваҳй 7:9, 14, 16, 17-ро хонед).

Тарафдорони Подшоҳии Худо дар биҳишти рӯи Замин

Дар давоми 1 000 сол Подшоҳии Худо нияти аввалаи Яҳуваро, ки нисбати инсоният дошт, иҷро хоҳад кард. Он гоҳ тамоми замин ба биҳишт табдил меёбад. Оқибат, Исо Подшоҳиро ба дасти Худо месупорад (1 Қӯринтиён 15:24–26). Оё шумо касеро медонед, ки ба вай дар бораи Подшоҳии Худо гуфтан мехостед? (Забур 36:10, 11, 29-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба бобҳои 8 ва 9-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

a Барои гирифтани маълумоти зиёдтар дар бораи пешгӯиҳои Китоби Муқаддас оиди соли 1914, ба китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?», саҳифаҳои 217-220 нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан