ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • gf дарси 4 саҳ. 6-7
  • Чӣ тавр дар бораи Худо дониш метавон гирифт

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр дар бораи Худо дониш метавон гирифт
  • Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Маводи монанд
  • Худо кист?
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Мактуб аз Худои меҳрубон
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Ҳақиқат дар бораи Худо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Шахсе, ки ҳама чизро офаридааст
    Устоди Бузургро гӯш кун
Маълумоти бештар
Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
gf дарси 4 саҳ. 6-7

ДАРСИ 4

Чӣ тавр дар бораи Худо дониш метавон гирифт

Шумо дар бораи Яҳува бо хондани Китоби Муқаддас дониши зиёдтар гирифта метавонед. Дар давраҳои қадим Худо баъзе одамонро барои навиштани фикрҳояш интихоб намуд. Ин навиштаҳо Китоби Муқаддас номида шудаанд. Имрӯз мо бо хондани Китоби Муқаддас бо Худо шинос мешавем. Азбаски Китоби Муқаддас каломи фиристодаи Яҳува аст, онро ҳамчунин Каломи Худо меноманд. Мо ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас эътимод дошта метавонем, чунки Яҳува ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. «Дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибриён 6:18). Каломи Худо ҳақиқатро дар худ дорад (Юҳанно 17:17).

A family reads the Bible together

Каломи Худо яке аз ганҷҳои гаронбаҳотаринест, ки Худо ба мо ато кардааст. Он ба мактуби аз падари меҳрубон ба фарзандонаш фиристодашуда монанд аст. Он ба мо дар бораи ваъдаи Худо нисбати табдил додани замин ба ҷои беҳтарин барои зист — Биҳишт нақл мекунад. Дар он гуфта шудааст, ки Худо дар гузашта чӣ кор кардааст, ҳозир ба чӣ машғул аст ва дар оянда барои фарзандони вафодори худ чӣ кор хоҳад кард. Инчунин Каломи Худо ба мо ёрӣ медиҳад, ки мушкилиҳоямонро ҳал намуда, хушбахтӣ ёбем (2 Тимотиюс 3:16, 17).

Шоҳидони Яҳува дӯстони Худоянд; онҳо ба шумо барои фаҳмидани он ки Китоби Муқаддас чиро меомӯзад, ёрӣ хоҳанд дод. Ба онҳо бигӯед, ки шумо Китоби Муқаддасро омӯхтан мехоҳед. Барои омӯзиш онҳо пул намегиранд (Матто 10:8). Ғайр аз ин, шумо метавонед ба вохӯриҳои масеҳӣ биёед, ки дар Толорҳои Салтанат гузаронида мешаванд. Агар ба ин вохӯриҳо биёед, шумо дар муддати кӯтоҳ дониши зиёде дар бораи Худо хоҳед гирифт.

Офаридаҳои Худоро мушоҳида намуда, шумо Ӯро хубтар шинохта метавонед. Масалан, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳастӣ 1:1). Дар вақти офаридани «осмон» Яҳува офтобро офарид. Он дар бораи Худо ба мо чӣ мегӯяд? Офтоб дар бораи қудрати бузурги Яҳува шаҳодат медиҳад. Фақат Ӯ метавонист чунин Офтоби бузурги дурахшандаро офарад. Ҳамчунин он ба мо мерасонад, ки Яҳува хеле хирадманд аст, чунки барои офаридани офтобе, ки ҳам гармӣ медиҳад, ҳам равшанӣ, лекин сӯхта тамом ҳам намешавад, хирад лозим аст.

Офаридаҳои Яҳува нишон медиҳанд, ки Ӯ моро дӯст медорад. Дар бораи рангорангии меваҳо мулоҳиза кунед. Яҳува метавонист, ки фақат як намуди меваро барои мо офарад, ё ин ки умуман чизе наофарад. Аммо Ӯ ба мо намудҳои гуногуни меваро, ки шакл, ҳаҷм, ранг ва лаззати гуногун доранд, ато кардааст. Ин ҳама нишон медиҳанд, ки Яҳува Худоест, ки на танҳо моро дӯст медорад, балки хеле пурҳиммат, ғамхор ва меҳрубон низ аст (Забур 103:24).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан