ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 34 саҳ. 177-181
  • Вақте ки одам мемурад, бо вай чӣ мешавад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вақте ки одам мемурад, бо вай чӣ мешавад?
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Умеди воқеӣ дар хусуси наздикони фавтидаамон
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Мурдагон зинда мешаванд!
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Чӣ умеде дар бобати наздикони фавтидаамон вуҷуд дорад?
    Чӣ умеде дар бобати наздикони фавтидаамон вуҷуд дорад?
Маълумоти бештар
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 34 саҳ. 177-181

БОБИ 34

Вақте ки одам мемурад, бо вай чӣ мешавад?

ТУ МУМКИН медонӣ, ки ҳамаи одамон пир ё касал мешаванд ва мемуранд. Баъзан ҳатто кӯдакон ҳам мемуранд. Оё ба ту аз марг ё аз одамони мурда тарсидан даркор аст? ~ Ба фикри ту, баъди мурдан бо одам чӣ мешавад? ~

2 Мо имрӯз аз ягон кас пурсида наметавонем, ки баъди марг бо одам чӣ мешавад, зеро дар рӯзҳои мо ҳеҷ кас мурда аз нав зинда нашудааст. Лекин дар рӯзҳои Устоди Бузург як мард мурда аз нав зинда шуда буд. Вақте ки мо дар бораи ин шахс мехонем, мо мефаҳмем, ки баъди марг бо одам чӣ рӯй медиҳад. Он мард дӯсти Исо буд ва дар шаҳраки Байт-Ҳинӣ, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир буд, зиндагӣ мекард. Номи он мард Лаъзор буд ва ӯ ду апа дошт. Номи онҳо Марто ва Марям буд. Биё аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки боре бо ин оила чӣ рӯй дод.

3 Як рӯз Лаъзор сахт касал шуд. Он вақт Исо аз Байт-Ҳинӣ хеле дур буд. Барои ҳамин, Марто ва Марям одам фирсонданд, то ба Устоди Бузург гӯяд, ки бародари онҳо — Лаъзор касал аст. Онҳо медонистанд, ки Исо бародарашонро сиҳат карда метавонад. Исо духтур набуд, лекин вай бо қувваи худодод ҳар гуна касалиҳоро шифо бахшида метавонист (Матто 15:30, 31).

4 То омадани Исо аҳволи Лаъзор чунон бад шуд, ки вай мурд. Лекин инро фаҳмида Исо ба шогирдонаш гуфт, ки Лаъзор хоб рафтааст ва ӯ бояд рафта вайро бедор кунад. Шогирдон ба ин суханони Исо сарфаҳм нарафтанд. Барои ҳамин, Исо ба таври рӯирост ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст». Мо аз ин суханони Исо дар бораи марг чӣ мефаҳмем? ~ Мо мефаҳмем, ки марг ба хоб монанд аст. Ва ин хоб чунон сахт аст, ки одам ҳеҷ чизро намефаҳмад.

5 Ҳоло Исо ба пеши Марто ва Марям меравад. Дар хонаи онҳо аллакай ёру дӯстони зиёдашон ҷамъ шудаанд, зеро мехоҳанд, ки ин хоҳаронро дилбардорӣ кунанд. Вақте Марто мефаҳмад, ки Исо омада истодааст, вай ба пешвози ӯ мебарояд. Баъдтар Марям ҳам, ба пеши Исо меравад. Ӯ зиқу ғамзада аст. Исоро дида Марям гирякунон худро ба пеши пойҳои вай мепартояд. Ёру дӯстоне, ки аз қафои Марям мераванд, ҳамроҳи вай гиря мекунанд.

6 Устоди Бузург аз онҳо мепурсад: «Лаъзорро дар куҷо гӯр кардед?» Он гоҳ одамон Исоро ба назди ғоре, ки Лаъзорро дар он ҷо монда буданд, мебаранд. Одамони гирёну мотамзадаро дида худи Исо ҳам гиря мекунад. Ӯ мефаҳмад, ки аз даст додани шахси наздик хеле дардовар аст.

7 Даҳани ғор бо санге маҳкам аст, барои ҳамин Исо мегӯяд: «Сангро бардоред». Ба фикри ту, оё кардани ин кор лозим аст? ~ Марто фикр мекунад, ки ин корро кардан лозим нест. Ӯ ба Исо мегӯяд: «Устод! Мурда аллакай бадбӯй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост».

8 Лекин Исо ба ӯ ҷавоб медиҳад: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?» Ин суханони Исо нишон медиҳанд, ки ҳоло Марто чизеро мебинад, ки номи Худоро болобардор мекунад. Исо чӣ кор карданӣ аст? Вақте ки сангро мегиранд, Исо бо овози баланд ба Яҳува дуо мегӯяд. Баъд ӯ фарёд зада мегӯяд: «Эй Лаъзор, берун ой!» Оё Лаъзор мебарояд? Магар ин хел шуданаш мумкин аст? ~

9 Канӣ ба ман гӯй: оё ту ягон касро аз хоб бедор карда метавонӣ? ~ Ҳа, агар ту бо овози баланд ҷеғ занӣ, вай, албатта, бедор мешавад. Лекин оё ту шахсеро, ки ба хоби марг рафтааст, бедор карда метавонӣ? ~ Не, албатта. Чӣ қадаре ки овозатро баланд карда ӯро ҷеғ назанӣ ҳам, шахси мурда туро намешунавад. Имрӯз ҳеҷ кас дар замин — на ман, на ту ва на ягон одами дигар — барои аз хоби марг бедор кардани шахсе ягон кор карда наметавонад.

Исо фарёд мезанад ва Лаъзор аз ғор зинда шуда мебарояд

Исо барои Лаъзор чӣ кор кард?

10 Лекин Исо аз дигар одамон фарқ мекунад. Ба вай Худо қувваи ғайриоддӣ додааст. Барои ҳамин, вақте ки Исо Лаъзорро ҷеғ мезанад, як чизи аҷоибе рӯй медиҳад. Шахсе, ки аз мурданаш чор рӯз гузашта аст, аз даруни ғор мебарояд! Ӯ аз нав зинда аст! Акнун вай боз нафас мекашад, роҳ мегардад ва гап мезанад. Ҳа, Исо Лаъзорро эҳё мекунад! (Юҳанно 11:1–44).

11 Биё камтар фикр мекунем. Вақте ки Лаъзор мурд, бо вай чӣ шуд? Оё ягон қисми вай — ҷон ё арвоҳ — аз баданаш ҷудо шуда дар ягон ҷои дигар зиндагӣ карданро давом дод? Оё рӯҳи Лаъзор ба осмон рафт? Оё Лаъзор дар давоми он чор рӯз дар осмон — дар пеши Худо ва фариштаҳояш — зиндагӣ мекард?

12 Не. Ба хотир ор: Исо гуфт, ки Лаъзор хоб аст. Вақте ки ту хоб меравӣ, ту чӣ ҳис мекунӣ? Ҳангоми сахт хоб буданат, ту намефаҳмӣ, ки дар гирду атроф чӣ рӯй медиҳад, ҳамин тавр-не? ~ Ва баъд аз бедор шудан, то он даме ки ба соат нигоҳ накунӣ, ту намефаҳмӣ, ки чӣ қадар хоб будӣ.

13 Бо мурдагон ҳам, ҳамин хел аст. Онҳо ҳеҷ чизро намефаҳманд ва ҳис намекунанд. Ҳамчунин мурдаҳо ягон кор карда наметавонанд. Лаъзор ҳам баъди мурданаш дар ҳамин ҳолат буд. Марг ба хоби сахте монанд аст, ки дар он шахс ягон чизро намефаҳмад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мурдаҳо чизе намедонанд» (Воиз 9:5, 10).

Лаъзор дар даруни ғор

Вақте ки Лаъзор мурд, бо вай чӣ шуд?

14 Боз дар бораи ин фикр кун: агар Лаъзор он чор рӯз дар осмон мебуд, оё ӯ ба дигарон дар ин бора ягон чиз нақл намекард? ~ Ва агар ӯ дар осмон мебуд, оё Исо ӯро аз он ҷои беранҷу азоб маҷбуран ба замин гирифта меовард? ~ Албатта, не!

15 Лекин бисёриҳо мегӯянд, ки мо рӯҳу арвоҳ дорем ва ба фикри онҳо рӯҳ баъди мурдани одам зиндагӣ карданро давом медиҳад. Ин одамон мегӯянд, ки рӯҳи Лаъзор баъди мурданаш дар ким-куҷое зиндагӣ мекард. Лекин Китоби Муқаддас ин хел намегӯяд. Дар он гуфта шудааст, ки Худо инсони аввалин — Одамро «ҷони зинда» офарид. Ҳа, Одам баъди офарида шуданаш ҷон, яъне шахси зинда шуд. Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки вақте Одам гуноҳ кард, вай мурд. Ӯ дигар ҳеҷ чизро намефаҳмид. Вай аз хок офарида шуд ва баъд аз мурданаш ба хок баргашт. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки гуноҳу марг аз Одам ба тамоми фарзандонаш гузашт (Ҳастӣ 2:7; 3:17–19; Румиён 5:12).

16 Равшан аст, ки инсон рӯҳу арвоҳ надорад ва баъди мурданаш аз вай ҳеҷ чиз ҷудо шуда зиндагиро давом намедиҳад. Ҳар як одам худаш ҷон мебошад. Ва азбаски гуноҳу марг аз инсони аввалин ба ҳамаи одамон гузашт, ҳамаи мо мемурем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҷоне ки гуноҳ мекунад, мемурад» (Ҳизқиёл 18:4).

Кӯдакон дар қабристон

Барои чӣ аз мурдаҳо тарсидан лозим нест?

17 Баъзе шахсон аз мурдаҳо метарсанд. Онҳо ҳатто дар наздикии қабристон намегарданд, зеро фикр мекунанд, ки одам рӯҳ дорад ва он баъди мурдани одам аз вай баромада ба зиндаҳо зарар мерасонад. Лекин оё шахси мурда ба зиндаҳо зарар расонида метавонад? ~ Не, наметавонад.

18 Баъзеи дигар бошанд, фикр мекунанд, ки арвоҳи мурдаҳо метавонанд хурсанд ё хафа шаванд. Аз ин рӯ онҳо барои шод кардани арвоҳи хешу табори мурдаашон маъракаҳо мекунанд. Лекин одамоне, ки ин хел мекунанд, нишон медиҳанд, ки дар асл ба гуфтаҳои Худо оиди мурдаҳо бовар намекунанд. Агар мо ба суханони Худо бовар кунем, мо аз мурдаҳо наметарсем. Ва агар мо ба Худо барои ҳаёти додагиаш дар ҳақиқат миннатдор бошем, мо ба корҳое, ки ба Ӯ маъқул нест, даст намезанем.

19 Лекин мумкин дар сарат чунин фикр пайдо мешавад: «Оё Худо кӯдакони мурдаро аз нав зинда мекунад? Оё Худо ин корро кардан мехоҳад?» Биё инро аз боби навбатӣ мефаҳмем.

Биё мехонем, ки Китоби Муқаддас дар бораи мурдаҳо ва дар бораи он ки одам — ҷон аст, чӣ мегӯяд: Забур 113:25; 145:3, 4 ва Ишаъё 29:8.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан