ЗАМИМА
Оё Исои Масеҳ дар моҳи декабр таваллуд шуд?
САНАИ тавлиди Исо дар Китоби Муқаддас нест. Вале ин китоб далелҳои кофие дорад бар он ки Исо дар фасли зимистон зоида нашудааст.
Дар шаҳре ки Исо тавлид ёфт, яъне дар Байт-Лаҳм, вазъи обу ҳаво дар фасли зимистон чӣ гуна буд? Дар моҳи ибрии Кислев (мувофиқ аст ба ноябр-декабр), одатан ҳаво хунуку боронист. Баъд аз он моҳи Тевет медаромад (декабр-январ), ки моҳи хунуктарини сол буд ва дар ин вақт пуштаҳои замини Яҳудия ҳатто баъзан барфпӯш буданд. Биёед бубинем, ки Китоби Муқаддас дар бораи иқлими он ҷойҳо чӣ мегӯяд.
Эзрои пайғамбар дар китоби худ шаҳодат медиҳад, ки моҳи Кислев дар ҳақиқат хунуку боронист. Баъд аз нақли он ки халқи Яҳудо «дар рӯзи бистуми моҳи нӯҳум [моҳи Кислев]» ҷамъ омаданд, Езро хабар медиҳад, ки мардум «аз борон меларзиданд». Ва дар бораи ҳавои ин вақти сол худи мардуми ҷамъомада гуфтанд: «Мавсими боронҳост ва маҷоли дар кӯча истодан надорем» (Эзро 10:9, 13; Ирмиё 36:22). Фаҳмост, ки чаро чӯпонони он ҷойҳо рамаҳои худро моҳи декабр дар берун нигоҳ намедоштанд.
Вале Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шаби тавлиди Исо чӯпонон рамаҳои худро дар саҳро бонӣ мекарданд. Луқо, нависандаи Инҷил, шаҳодат медиҳад, ки дар ин вақт «дар он навоҳӣ, шубонон дар саҳро ба сар мебурданд ва дар шаб посбонии гӯсфандҳои хешро мекарданд» (Луқо 2:8–12, ТФ). Аҳамият диҳед, ки чӯпонон дар ҳавои кушод, дар саҳро зиндагӣ мекарданд, на ин ки танҳо рӯзона меомаданд. Рамаҳои онҳо тамоми шаб дар саҳро мемонданд. Магар дар ҳавои хунуку бороние, ки Байт-Лаҳм дар моҳи декабр дорад, чӯпонон бо рамаҳо дар берун, дар ҳавои кушод мемонданд? Не, албатта. Ҳамин тавр, воқеаҳои ҳангоми тавлиди Исо рӯйдода шаҳодат медиҳанд, ки ӯ моҳи декабр зоида нашудаастa.
Дар Каломи Худо санаи аниқи марги Исо оварда шудааст, вале дар хусуси вақти таваллуди ӯ ин китоб маълумоти зиёд намедиҳад. Ин суханҳои Сулаймон-пайғамбарро ба хотир меорад, ки гуфтааст: «Номи нек беҳ аз равғани атрафшон; ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд» (Воиз 7:1). Аз ин рӯ, ҳайратовар нест, ки Китоби Муқаддас дар бораи хидмату марги Исо бо ҷузъиёти зиёде нақл мекунад, аммо дар хусуси вақти таваллуди ӯ қариб ҳеҷ чиз намегӯяд.
Шабе ки Исо таваллуд шуд, чӯпонон бо рамаҳои худ дар саҳро буданд
a Дар ин бора аз саҳ. 287–291-и китоби «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (нашри Шоҳидони Яҳува, рус.) бештар омӯхта метавонед.