ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 5 саҳ. 18-19
  • Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Исо дар молхона таваллуд мешавад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • «Ин Писари... Ман аст»
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Оё Исои Масеҳ дар моҳи декабр таваллуд шуд?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 5 саҳ. 18-19
Юсуф Марямро, ки болои хар савор аст, сӯйи Байт-Лаҳм мебарад

БОБИ 5

Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?

ЛУҚО 2:1–20

  • ИСО ДАР БАЙТ-ЛАҲМ ТАВАЛЛУД МЕШАВАД

  • ЧӮПОНОН ПЕШИ ИСОИ НАВЗОД МЕОЯНД

Қайсар Авғустус, императори Рум, фармон мебарорад, ки ҳама сокинони империяи Рум ба қайд гирифта шаванд. Барои ҳамин Маряму Юсуф ба зодгоҳи худ, ба Байт-Лаҳм, сафар мекунанд. Ин шаҳр дар ҷануби мамлакат, дар наздикии Ерусалим, ҷойгир аст.

Байт-Лаҳм аз одамоне, ки барои бақайдгирӣ меоянд, пур аст. Барои ҳамин Маряму Юсуф ҷой наёфта дар оғил ҷойгир мешаванд. Исо дар он ҷо таваллуд мешавад. Марям кӯдакро парпеч карда, дар охур, дар ҷое мемонад, ки хӯроки ҳайвонҳо гузошта мешавад.

Аз афташ, худи Худо роҳбарӣ карда буд, ки қайсар Авғустус ин фармонро барорад. Барои чӣ? Ин имкон медод, ки Исо, ки аз насли Довуд буд, дар зодгоҳи ин подшоҳ, яъне дар Байт-Лаҳм, таваллуд шавад. Чанд аср пеш дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар ин шаҳр ҳокиме таваллуд мешавад (Мико 5:2).

Шабе, ки Исо таваллуд шуд, шаби ғайриодие буд. Як гурӯҳ чӯпонон бо рамаҳои худ дар саҳро буданд. Ногоҳ гирди ин чӯпононро равшанӣ фаро мегирад. Ин равшанӣ аз ҷониби Яҳува аст. Фариштаи Худо ба чӯпонон мегӯяд: «Натарсед, чунки ман ба шумо хабари хушеро эълон мекунам, ки ба ҳамаи халқҳо шодии бузурге меорад. Имрӯз дар шаҳри Довуд барои шумо наҷотдиҳандае, ки Масеҳ ва Сарвар мебошад, таваллуд шуд. Барои шумо аломат ҳамин мешавад, ки тифли парпечкарда ва дар охур хобидаеро меёбед». Он вақт дар осмон фариштагони сершуморе пайдо мешаванд ва Худоро ҳамду сано хонда чунин мегӯяд: «Худоро дар осмонҳо ҷалол бод ва бар рӯйи замин осоиштагӣ дар миёни одамоне, ки Худо аз онҳо розист!» (Луқо 2:10–14).

Марям, Юсуф ва чӯпонон ба Исои навзод, ки дар охур хоб аст, нигоҳ мекунанд

Вақте фариштагон мераванд, чӯпонон ба якдигар мегӯянд: «Биёед худи ҳозир ба Байт-Лаҳм рафта, воқеаи рӯйдодаеро, ки Яҳува ба мо маълум сохт, бинем» (Луқо 2:15). Онҳо шитобон ба он ҷо мераванд ва Исои кӯдакро дар ҳамон ҷое, ки фариштагон гуфта буданд, меёбанд. Вақте чӯпонон воқеаро ба касоне, ки дар он ҷо буданд, нақл мекунанд, онҳо дар ҳайрат мемонанд. Ин воқеа ба Марям сахт таъсир мекунад, ӯ ҳамаи гуфтаҳои онҳоро дар дилаш ҷо дода, дар бораи онҳо мулоҳиза меронад.

Имрӯз бисёри одамон фикр мекунанд, ки Исо 25-уми декабр таваллуд шудааст. Лекин дар Байт-Лаҳм моҳи декабр ҳаво хунук ва боронист. Баъзан дар ин моҳ барф ҳам меборад. Барои ҳамин номумкин аст, ки чӯпонон моҳи декабр рамаи худро шабона дар берун чаронанд. Ғайр аз ин, моҳе, ки Исо таваллуд шуд, императори Рум дар бораи ба қайд гирифтани аҳолӣ фармон бароварда буд. Аз эҳтимол дур аст, ки ӯ дар зимистони қаҳратун аз яҳудиён талаб карда бошад, ки барои аз қайд гузаштан сафари дурудароз кунанд. Сабаб дар он ки яҳудиён бе ин ҳам аз ҳукумати Рум норозӣ буданд. Ин метавонист қатраи охирин шавад ва онҳоро ба исён тела диҳад. Барои ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки Исо на дар зимистон, балки тирамоҳ, эҳтимол, моҳи октябр, таваллуд шудааст.

  • Барои чӣ Юсуфу Марям ба Байт-Лаҳм мераванд?

  • Шаби таваллуди Исо чӣ чизи аҷоибе рӯй медиҳад?

  • Чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо 25-уми декабр таваллуд нашудааст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан