ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 13 саҳ. 16
  • Подшоҳони Исроил ва Яҳудо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Подшоҳони Исроил ва Яҳудо
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Шарҳи мухтасари Юнус
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Юнус ва моҳии калон
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Аз пайғамбарон ибрат гиред. Намунаи Юнус-пайғамбар
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 13 саҳ. 16
Подшоҳи ҷавони Исроил

ҚИСМИ 13

Подшоҳони Исроил ва Яҳудо

Исроил тақсим мешавад. Бо гузашти вақт бар Исроил подшоҳони зиёде ҳукмронӣ мекунанд, ки аксарияташон ба Худо бевафо буданд. Бобилиён Ерусалимро харобазор мекунанд

ЧӢ ТАВРЕ ки Яҳува пешгӯӣ кард, баъд аз он ки Сулаймон Худоро тарк намуд, Исроил тақсим шуд. Писар ва вориси Сулаймон, Раҳабъом хеле бераҳм буд. Барои ҳамин даҳ сибти Исроил ошӯб бардошта подшоҳии шимолии Исроилро ташкил доданд. Ду сибти дигар бошад, ба тахти Довуд дар Ерусалим содиқ монданд ва подшоҳии ҷанубии Яҳудоро ташкил карданд.

Вазъият, ҳам дар Исроил ва ҳам дар Яҳудо ноором буд, чунки подшоҳони он ба Худо бевафоиву беитоатӣ карданд. Вазъият дар подшоҳии шимолӣ аз ҷанубӣ дида бадтар буд, чунки подшоҳони он аз аввал ибодати дурӯғро дастгирӣ мекарданд. Нигоҳ накарда ба корҳои бузурги чунин пайғамбарон мисли Илёс ва Элишоъ, ки ҳатто мурдагонро эҳё мекарданд, Исроил корҳои бадашро давом медод. Дар натиҷа Худо роҳ дод, ки Ашшур подшоҳии шимолро забт кунад.

Баъд аз сад сол Худо Яҳудоро низ ҷазо дод. Танҳо баъзе аз подшоҳони яҳудӣ ба огоҳии пайғамбарони Худо гӯш мекарданд ва мекӯшиданд, ки халқро ба назди Яҳува баргардонанд. Масалан, шоҳ Йӯшиёҳу Яҳудоро аз ибодати дурӯғ тоза кард ва маъбади Яҳуваро таъмир намуд. Вақте ки аввалин нусхаи дастнависи китоби Таврот, ки Худо ба Мусо–пайғамбар дода буд, ёфт шуд, Йӯшиёҳу аз шунидани суханони он то дараҷае андӯҳгин шуд, ки бо кӯшиши зиёд ибодати покро аз нав барқарор кард.

Афсӯс, ки ворисони Йӯшиёҳу ба намунаи ӯ пайравӣ намекарданд. Аз ин рӯ, Яҳува иҷозат дод, ки бобилиён Яҳудоро забт кунанд, Ерусалим ва маъбадро харобазор гардонанд. Онҳое ки зинда монданд ба Бобил ба асирӣ бурда шуданд. Худо пешгӯӣ кард, ки асирӣ 70 сол давом меёбад ва то ба ватан баргаштани халқ Яҳудо харобазор мемонад.

Аммо аз хонадони Довуд дигар ҳеҷ кас подшоҳ намешавад, то он даме ки Наҷотдиҳандаи ваъдашуда — Масеҳи пешгӯишуда ба сари ҳокимият наояд. Намунаи бисёр подшоҳоне, ки бар тахти Довуд дар Ерусалим нишаста буданд исбот мекунад, ки одамони нокомил бар дигарон қобилияти ҳукмронӣ карданро надоранд. Инро танҳо Масеҳ сазовор аст. Ба подшоҳи охирин аз хонадони Довуд Яҳува чунин гуфт: «Тоҷат бардошта хоҳад шуд... То вақти омадани он касе ки ҳақ аз они ӯст ва Ман онро ба ӯ хоҳам дод» (Ҳизқиёл 21:26, 27).

Бар 3 Подшоҳон, 4 Подшоҳон, 2 Вақоеънома аз боби 10 то 36, Ирмиё 25:8–11 асос ёфтааст.

  • Барои чӣ Исроил тақсим шуд ва дар ду подшоҳии навташкилёфта вазъият чӣ гуна буд?

  • Бо подшоҳии хонадони Довуд чӣ рӯй дод?

  • Мо дар бораи Яҳува аз китоби Юнус чиро мефаҳмем? (Ба замима нигаред.)

ЮНУС

Дар замонҳое, ки подшоҳӣ ду тақсим шуда буд, Худо Юнус–пайғамбарро ба Нинвеи дурдаст фиристод, то ки хабари мудҳишро ба сокинони бераҳми ин шаҳр эълон кунад. Юнус бошад, ба киштие нишаст, ки тамоман ба самти дигар шино мекард. Он гоҳ Худо мӯъҷиза карда, ба моҳии бузург фармуд, ки пайғамбарро фурӯ барад. Дар шиками моҳӣ қарор дошта, Юнус ба Яҳува дуо гуфт ва Худо ба моҳӣ амр дод, ки ӯро ба хушкӣ қай кунад. Акнун пайғамбар ба иҷро кардани супориши ба ӯ додашуда тайёр буд.

Баъд аз он ки Худо Юнусро таълим дода, ба ӯ итоаткориро омӯзонд, пайғамбар боз ба хатогӣ роҳ дод. Ӯ ба мардуми Нинве мавъиза кард ва онҳо тавба карданд. Лекин ба Юнус маъқул нашуд, ки Худо нисбати онҳо раҳмдилӣ ва марҳамат зоҳир кард. Шумо ин китоби аҷибро хонда мебинед, ки чӣ тавр Худо мӯъҷизаи дуюмро ба амал оварда, ба Юнус хислати раҳмдилиро таълим дод.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан