ҚИСМИ 11
Оё Яҳува моро мешунавад?
Худо дуоҳои моро мешунавад (1 Петрус 3:12).
Яҳува дуоро мешунавад (Забур 64:3). Ӯ мехоҳад, ки мо аз сидқи дил бо Ӯ сӯҳбат кунем.
Танҳо ба Яҳува дуо гӯед ва на ба каси дигаре.
Мо метавонем дар бораи бисёр чизҳо дуо гӯем (1 Юҳанно 5:14).
Дуо гӯед, ки иродаи Худо дар осмон ва ҳам дар замин иҷро шавад.
Ба воситаи номи Исо дуо гӯед, то нишон диҳед, ки он чизеро ки ӯ барои шумо кард, қадр мекунед.
Аз Худо пурсед, ки ба шумо барои кардани кори нек ёрӣ диҳад. Ҳамчунин метавонед дар бораи ғизо, кор, хона ва саломатӣ дуо гӯед.