ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jl дарси 10
  • Ибодати оилавӣ чист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ибодати оилавӣ чист?
  • Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Маводи монанд
  • Кӯмак ба оилаҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Хушбахтии оила. Қисми 2
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чун оила Яҳуваро ибодат кунед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
Маълумоти бештар
Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
jl дарси 10

ДАРСИ 10

Ибодати оилавӣ чист?

Оилае ибодати оилавӣ мегузаронад

Кореяи Ҷанубӣ

Ҳамсарон Китоби Муқаддасро меомӯзанд

Бразилия

Шоҳиди Яҳува Китоби Муқаддасро омӯзиш карда истодааст

Австралия

Оилае мавзӯеро аз Китоби Муқаддас муҳокима карда истодааст

Гвинея

Аз давраҳои қадим Яҳува мехоҳад, ки аъзоёни оила якҷоя вақт гузаронанд, аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват шаванд ва муносибаташонро бо якдигар мустаҳкам кунанд (Такрори Шариат 6:6, 7). Барои ҳамин, Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта вақти муайянро ҷудо карда, ҳамроҳи оилаашон ибодати оилавӣ мегузаронанд. Он чӣ хел мегузарад? Онҳо дар вазъияти орому осуда ҷамъ меоянд ва мувофиқи ниёзҳояшон мавзӯъҳои рӯҳониро интихоб карда муҳокима мекунанд. Ҳатто онҳое, ки танҳо́ зиндагӣ мекунанд, метавонанд ин вақтро барои ба Худо наздик шудан истифода бурда дар бораи ягон мавзӯъ омӯзиши шахсӣ гузаронанд.

Ибодати оилавӣ аъзоёни оиларо ба Яҳува наздик мекунад. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8). Мо бо Яҳува хубтар шинос мешавем, агар дар бораи Ӯ ва корҳояш аз Каломи Ӯ чуқуртар фаҳмем. Ибодати оилавиро аз хониши якҷояи Китоби Муқаддас сар кардан мумкин аст. Барои ин бобҳоеро, ки дар барномаи ҳарҳафтаинаи «Ҳаёт ва хизмати мо» оварда мешаванд, интихоб карда метавонед. Шояд шумо ин порчаро байни аъзоёни оилаатон тақсим карда бо овоз хонед. Баъди тамом кардани хониш ҳама якҷоя муҳокима карда метавонед, ки аз оятҳои хондашуда чӣ дарс гирифтед.

Ибодати оилавӣ аъзоёни оиларо ба ҳам наздик мекунад. Вақте ки занону шавҳарон ва ҳамчунин волидону фарзандон Китоби Муқаддасро якҷоя меомӯзанд, ин муносибатҳои онҳоро мустаҳкам мегардонад. Чунин омӯзиш бояд барои аҳли оила лаҳзаи хурсандибахш бошад. Вобаста аз синну соли фарзандон, волидон метавонанд мавзӯъҳои амаливу фоиданокро интихоб намоянд. Чунин мавзӯъҳоро аз «Бурҷи дидбонӣ», адабиётҳои дигар ё аз вебсайти мо jw.org/tg ёфтан мумкин аст. Шумо метавонед оиди душвориҳое, ки фарзандонатон дар мактаб вомехӯранд, гап занед ва роҳи ҳалли онҳоро муҳокима кунед. Ё шояд барномаи JW Broadcasting-ро (tv.jw.org) тамошо карда, якҷоя муҳокима намуда метавонед. Ҳамчунин шумо метавонед сароидани сурудҳоеро, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад хонда мешаванд, машқ кунед ва баъди ибодати оилавӣ аз чою ширинӣ баҳра баред.

Вақти махсусе, ки шумо ҳар ҳафта барои ибодати оилавӣ, сарф мекунед, ба ҳар як аъзои оилаатон ёрӣ медиҳад, ки аз омӯзиши Каломи Худо хурсандӣ ёбад. Яҳува кӯшишҳои шуморо ба таври фаровон баракат хоҳад дод (Забур 1:1–3).

  • Чаро мо барои гузарондани ибодати оилавӣ вақт ҷудо мекунем?

  • Чӣ тавр волидон ибодати оилавиро барои ҳамаи аъзоёни оилаашон хурсандиовар карда метавонанд?

БИСЁРТАР ФАҲМЕД

Оиди чӣ тавр гузаронидани ибодати оилавиатон, аз дигар аъзоёни ҷамъомад маслиҳат пурсед. Ҳамчунин аз онҳо пурсед, ки бо ёрии кадом адабиётҳо шумо фарзандонатонро оиди Яҳува таълим дода метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан