ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 1.11 саҳ. 3-6
  • Кӯмак ба оилаҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Кӯмак ба оилаҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Оилаҳои масеҳӣ, «тайёр бошед»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Ибодати оилавӣ чист?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Муҳимияти омӯзиши шахсӣ ва оилавии Китоби Муқаддас!
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 1.11 саҳ. 3-6

Кӯмак ба оилаҳо

1. Ҳар ҳафта риоя кардани шанбе ба оилаҳои исроилӣ чӣ манфиат меовард?

1 Риоя кардани рӯзи шанбе ғамхории муҳаббатомези Яҳува буд, ки ба оилаҳо манфиат меовард. Дар ин рӯз исроилиён аз меҳнати ҳаррӯзаашон дам мегирифтанд ва вақт пайдо мекарданд, ки дар бораи некиҳои Яҳува ва муносибаташон бо Ӯ мулоҳиза кунанд. Волидон аз ин имконият истифода бурда, метавонистанд қонуни Мусоро дар дили кӯдаконашон ҷойгир кунанд (Такр. Ш. 6:6, 7). Риояи шанбе ҳар ҳафта ба халқи Яҳува имконият медод, ки ба муносибаташон бо Яҳува диққат диҳанд.

2. Риояи шанбе дар бораи Яҳува ба мо чиро ошкор мекунад?

2 Албатта имрӯз Яҳува риояи шанберо аз оилаҳо талаб намекунад. Лекин ин қонун дар бораи Ӯ ба мо як фикрро ошкор мекунад. Худо ҳама вақт дар бораи беҳбудии рӯҳонии халқаш ғамхорӣ мекунад (Иш. 48:17, 18). Имрӯз яке аз роҳҳое, ки Яҳува ин ғамхориашро ба мо зоҳир мекунад, ин шоми ибодати оилавӣ мебошад.

3. Мақсади шоми ибодати оилавӣ дар чист?

3 Мақсади шоми ибодати оилавӣ дар чист? Аз моҳи январи соли 2009 сар карда, китобомӯзиши ҷамъомад дар як рӯз бо Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хизматӣ мегузарад. Яке аз сабабҳои ин дигаргунӣ дар он буд, то ки оилаҳо барои муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам гардондан, ҳар ҳафта ягон шоми махсусро барои ибодати оилавӣ ҷудо кунанд. Ҳар як оила аз рӯи имкон барангехта мешуд, ки ибодати оилавиро дар шоме, ки пеш китобомӯзиш мегузашт, гузаронад. Ва ин вақтро бесаросемагӣ истифода бурда, муҳокима ва омӯзиши Китоби Муқаддасро ба ниёзҳои оила мувофиқ кунонад.

4. Магар оилаҳо ибодати оилавиашонро бояд фақат як соат гузаронанд? Фаҳмонед.

4 Барои ба китобомӯзиш рафтан ба мо зарур буд, ки барои либоспӯшӣ, роҳ ва ғайра вақт ҷудо кунем. Ба бисёриҳо барои ба ин вохӯрии яксоата рафтан якчанд соат вақт сарф мешуд. Лекин бо тағйир ёфтани ҷадвали вохӯриҳо ҳоло мо ин вақтро бо аҳли оилаамон барои ибодати Яҳува мегузаронем. Барои ҳамин, шарт нест, ки шоми ибодати оилавии мо танҳо як соат гузарад. Мо бояд дар бораи қобилияту ниёзҳои оилаи худ фикр карда, вақтро мувофиқи он ҷудо кунем.

5. Оё тамоми вақти ибодати оилавӣ бояд бо муҳокимаи якҷоягӣ гузарад? Фаҳмонед.

5 Оё тамоми вақти ибодати оилавӣ бояд бо муҳокимаи якҷоягӣ гузарад? Вақте ки ҳамсарон ё оилаҳои фарзанддор мавзӯъҳои Навиштаҳоро якҷоя муҳокима мекунанд, онҳо якдигарро рӯҳбаланд мегардонанд (Рум. 1:12). Муносибати онҳо бо ҳамдигар мустаҳкамтар мешавад. Барои ҳамин, муҳокимаи Навиштаҳо бояд қисми муҳимтарини шоми ибодати оилавӣ бошад. Лекин ҳар як аъзои оила инчунин метавонад қисми ин вақтро барои омӯзиши шахсӣ истифода барад. Масалан, баъди муҳокимаи якҷоя, ҳар як аъзои оила метавонад дар як ҷо монда, ҳамзамон алоҳида омӯзиши шахсӣ кунад, шояд ба вохӯриҳо тайёрӣ диданашро тамом мекунад ё маҷаллаҳоро мехонад. Баъзе оилаҳо қарор мекунанд, ки он шом тамоман телевизор тамошо нахоҳанд кард.

6. Муҳокимаро чӣ тавр гузарондан мумкин аст?

6 Муҳокимаро чӣ тавр гузарондан мумкин аст? Шарт нест, ки муҳокима танҳо ба воситаи саволу ҷавоб гузарад. Барои он ки шоми ибодати оилавӣ зиндаву ҷолиб гузарад, бисёр оилаҳо барномаеро тартиб додаанд, ки он ба вохӯрии ҷамъомад, ки дар мобайни ҳафта мегузарад, монанд аст. Онҳо муҳокимаи худро ба якчанд қисм ҷудо карда, онро бо тарзҳои гуногун мегузаронанд. Масалан, онҳо якҷоя порчаи Китоби Муқаддас мехонанд, қисман ба вохӯриҳо тайёрӣ мебинанд ва мавъизакуниро машқ мекунанд. Дар саҳифаи 5 баъзе маслиҳатҳо оварда шудаанд.

7. Чӣ гуна фазоро бояд волидон ҳангоми ибодати оилавӣ фароҳам оваранд?

7 Фазои ибодати оилавӣ бояд чӣ гуна бошад? Оилаи шумо дар фазои пурмеҳр ва орому осуда беҳтар таълим хоҳад гирифт. Агар ҳаво хуб бошад, шумо метавонед омӯзишро баъзан дар берун гузаронед. Агар лозим бошад, метавонед танаффус кунед. Баъзе оилаҳо баъди барнома чой менӯшанд. Волидон дар ибодати оилавӣ вақтро на барои сарзаниш ё ҷанг кардани фарзандон истифода хоҳанд бурд, балки агар лозим ояд каме вақтро барои муҳокимаи одатҳои бад ва проблемаҳое, ки барояшон маълум гардиданд, сарф кунанд. Вале беҳтараш масъалаҳои нозукро дигар вақт, дар давоми ҳафта бо фарзандатон дар алоҳидагӣ муҳокима кунед, то ки ӯ дар назди бародару хоҳаронаш изо накашад. Ибодати оилавӣ набояд ба таври дилгиркунанда ва аз ҳад ҷиддӣ гузарад, балки нишон диҳад, ки мо Худои хушбахтро ибодат мекунем (1 Тим. 1:11).

8, 9. Сардорони оила чӣ тавр бояд тайёрӣ бинанд?

8 Чӣ тавр сардори оила метавонад тайёрӣ бинад? Оила ҳамон вақт манфиати зиёд хоҳад гирифт, агар сардори оила пешакӣ барои шоми ибодати оилавӣ тайёрӣ бинад, муайян кунад, ки кадом мавзӯъ ва чӣ гуна он муҳокима карда шавад (Мас. 21:5). Хуб мебуд, ки шавҳар дар ин бора бо занаш маслиҳат кунад (Мас. 15:22). Сардорони оила, хуб мебуд, ки вақт аз вақт пешниҳоди фарзандонашро низ ба назар гирад! Агар чунин кунед, шумо маълумоти пурарзишро хоҳед гирифт, яъне мефаҳмед, ки ба онҳо чӣ шавқовар аст ва чӣ онҳоро ташвиш медиҳад.

9 Барои сардорони оила шарт нест, ки ҳар ҳафта барои тайёрӣ вақти зиёд сарф кунанд. Масалан, баъзе қисмҳои барнома ҳар ҳафта гузаронда мешаванд ва ба сардорони оила зарур нест, ки ҳар дафъа барномаи навро тартиб диҳанд. Ӯ шояд баъд аз ҳар омӯзиш ҳол он ки ниёзҳои оилаашро дар ёд дорад, тайёрӣ хоҳад дид. Баъзе сардорони оила нақшаи кӯтоҳи омӯзишро тартиб дода, онро дар ҷои ба ҳама намоён мегузоранд, масалан ба яхдон мечаспонанд. Ин шавқу ҳавасро бедор месозад ва агар зарур бошад ба оила имконият медиҳад, ки тайёрӣ бинад.

10. Шахсоне ки танҳо зиндагӣ мекунанд ибодати оилавиро чӣ тавр истифода бурда метавонанд?

10 Шахсоне ки танҳо зиндагӣ мекунанд. Шахсоне ки танҳо зиндагӣ мекунанд метавонанд аз шоми ибодати оилавӣ истифода бурда, омӯзиши шахсӣ гузаронанд. Ба барномаи асосии омӯзиши шахсӣ, хондани Китоби Муқаддас, тайёрӣ ба вохӯриҳо, хондани «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» дохил мешавад. Баъзе воизон илова бар ин тадқиқоти шахсӣ мегузаронанд. Баъзан онҳо метавонанд ягон воиз ё оилаеро даъват карда, якҷоя дар асоси Навиштаҳо омӯзиши рӯҳбаландкунанда гузаронанд.

11, 12. Баъзе баракатҳои ибодати мунтазами оилавӣ кадоманд?

11 Манфиати мунтазам гузарондани шоми ибодати оилавӣ дар чист? Онҳое ки аз таҳти дил бо ибодати ҳақиқӣ машғуланд бо Яҳува наздик мешаванд. Ғайр аз ин оилаҳое, ки якҷоя Худоро ибодат мекунанд, пайванди оилавиашонро мустаҳкам мегардонанд. Як зану шавҳар дар мавриди баракатҳояшон чунин навиштанд: «Чун пешравони бе фарзанд мо дар ҳақиқат шоми ибодати оилавиро бесаброна интизор мешавем. Мо ҳис мекунем, ки ба якдигар ва Падари осмониамон наздик мешавем. Ҳоло вақте ки мо дар рӯзи гузаштани ибодати оилавӣ аз хоб бедор мешавем, аз якдигар чунин мепурсем: “Медонӣ имрӯз чӣ шом аст? Шоми ибодати оилавӣ!”»

12 Гузарондани шоми ибодати оилавӣ ба оилаҳои серкор низ кӯмак мекунад. Модаре, ки ду фарзандашро бе падар тарбия мекунад ва чун пешрави доимӣ хизмат мекунад, чунин навишт: «Пеш омӯзиши оилавиамон аз сабаби хастагиам дер–дер мегузашт. Ман намедонистам, ки чӣ гуна аз ӯҳдааш бароям. Ҳоло бошад, ман ба шумо барои шоми ибодати оилавӣ хеле миннатдорам. Имрӯз мо омӯзиши оилавиро мунтазам гузаронда, баракатҳои онро дида истодаем».

13. Чӣ кор кунем, ки оилаи мо аз ин дигаргунӣ ҳар чӣ бештар фоида гирад?

13 Шоми ибодати оилавӣ мисли риояи шанбе аз тарафи Падари осмониамон ҳадияе мебошад, ки ба оилаҳо кӯмак карда метавонад (Яъқ. 1:17). Чӣ қадаре ки оилаҳои исроилӣ рӯзи шанберо беҳтар риоя мекарданд, ҳамон қадар муносибаташон бо Яҳува мустаҳкам мешуд. Ба ин монанд, чӣ қадаре ки мо низ шоми ибодати оилавиамонро беҳтар истифода барем, ҳамон қадар манфиат хоҳем гирифт (2 Қӯр. 9:6; Ғал. 6:7, 8; Қӯл. 3:23, 24). Бо хуб истифода бурдани ин дигаргунӣ оилаи шумо бо гуфтаҳои забурнавис розӣ мешавад: «Валекин барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:28).

[Чорчӯба дар саҳифаи 5]

Ибодати оилавӣ набояд ба таври дилгиркунанда ва аз ҳад ҷиддӣ гузарад, балки нишон диҳад, ки мо Худои хушбахтро ибодат мекунем

[Замима дар саҳифаи 6]

ИН ВАРАҚАРО НИГОҲ ДОРЕД

Баъзе маслиҳатҳо барои шоми ибодати оилавӣ

Китоби Муқаддас.

• Аз хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас порчаеро хонед. Агар порчаи хондашуда имкон диҳад, як кас метавонад суханони муаллифро хонад, дигарон бошанд суханони қаҳрамононро.

• Порчаи аз Китоби Муқаддас хондаатонро бо саҳнача нишон диҳед.

• Пешакӣ ҳар як аъзои оиларо ба хондани бобҳои Китоби Муқаддас таъин кунед ва бигзор ӯ аз бобҳои хондааш як–ду савол қайд кунад. Сипас якҷоя саволҳои якдигарро тадқиқ кунед.

• Ҳар ҳафта дар варақча як ояти Китоби Муқаддасро нависед ва кӯшиш кунед, ки онро аз ёд карда фаҳмонед. Варақчаҳои ҷамъшударо ҳар ҳафта аз назар гузаронда бинед, ки чанд оятро аз ёд кардед.

• Хониши Китоби Муқаддасро дар намуди сабти аудио гӯш карда, ҳамзамон ба Китоби Муқаддаси худ нигоҳ кунед.

Вохӯриҳо.

• Якҷоя ба як қисми вохӯриҳо тайёрӣ бинед.

• Сурудҳои Салтанатро, ки ҳафтаи меомада сароида мешаванд, машқ кунед.

• Агар касе дар Мактаби таълими мавъиза нутқ ё дар вохӯрии хизматӣ намоиш дошта бошад, чӣ тавр пешкаш кардани онро муҳокима намоед ё дар назди оила машқ кунед.

Ниёзҳои оила.

• Порчаи китобҳои «Саволҳои ҷавонон» ва «Аз Устоди Бузург биомӯз»-ро (рус.) муҳокима кунед.

• Дар саҳнача ҳал кардани душворие, ки дар мактаб рӯй доданаш мумкин аст, нишон диҳед.

• Саҳначаеро нишон диҳед, ки дар он волидон вазифаи кӯдакон ва кӯдакон вазифаи волидонро иҷро мекунанд. Кӯдакон мавзӯеро тадқиқ намуда, бо волидонашон онро муҳокима мекунанд.

Хизмат.

• Саҳначаеро нишон диҳед, ки дар он пешниҳодот барои рӯзҳои истироҳат тайёр карда мешавад.

• Мақсадҳои ба даст оварда мешударо муҳокима кунед, ки чӣ тавр ҳар як аъзоёни оила метавонад дар давоми Шоми ёдбуд ё рухсатӣ доираи хизматашро васеъ гардонад.

• Ба ҳар як аъзои оила якчанд дақиқа диҳед, то онҳо тадқиқ кунанд, ки чӣ гуна ба саволҳои гуногуне, ки дар хизмат дода мешаванд ҷавоб диҳанд ва сипас онро бо саҳнача нишон диҳед.

Маслиҳатҳои иловагӣ.

• Якҷоя аз маҷаллаҳои тару тоза мақолаеро хонед.

• Бигзор ҳар як аъзои оила мақолаи барояш шавқоварро аз маҷаллаҳои охирин хонда, онро нақл кунад.

• Баъзан ягон воиз ё зану шавҳарро ба ибодати оилавиатон даъват намоед ва аз онҳо пурсида метавонед, ки ягон воқеаеро аз хизмат нақл кунанд ё чӣ тавр онҳо ҳақиқатро фаҳмиданд.

• Яке аз филмҳои ташкилотамонро тамошо кунед ва онро муҳокима намоед.

• Якҷоя аз маҷаллаи «Бедор шавед!» мақолаҳои «Саволҳои ҷавонон» ё «Викторинаи оилавӣ»-ро (рус.) муҳокима кунед.

• Якҷоя аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» мақолаҳои «Фарзандонатонро таълим диҳед» ё «Барои ҷавонон»-ро (рус.) муҳокима кунед.

• Порчаи «Солнома»-и охирин ё адабиётеро, ки дар анҷумани вилоятии охирин гирифтед, хонед ва муҳокима кунед.

• Баъд аз ташрифорӣ ба яке аз анҷуманҳо фикрҳои муфиди онро муҳокима кунед.

• Офаридаҳои Яҳуваро тамошо карда, муҳокима кунед, ки онҳо дар бораи Яҳува ба шумо чиро таълим медиҳад.

• Якҷоя ба ягон кор машғул шавед, масалан, қолаби ягон чизро созед, аз рӯи харита тадқиқ кунед ё ҷадвали ягон чизро тартиб диҳед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан