ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • yc дарси 4 саҳ. 10-11
  • Ӯ падари худ ва Яҳуваро хурсанд мекард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ӯ падари худ ва Яҳуваро хурсанд мекард
  • Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Маводи монанд
  • Қавли Йифтоҳ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Бо имон амал кунед ва ба Худо писанд оед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Ифтоҳ — марди худотарс
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Вафодорон ба ваъдаашон вафо мекунанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Кӯдаконатонро таълим диҳед
yc дарси 4 саҳ. 10-11
Йифтоҳ бо духтарчааш вақт мегузаронад

ДАРСИ 4

Ӯ падари худ ва Яҳуваро хурсанд мекард

Дар вақти бар зидди душман ҷангидани лашкари Исроил, Йифтоҳ  ба Яҳува дуо мегӯяд

Йифтоҳ дар дуо ба Яҳува чиро ваъда дод?

Йифтоҳ баъд аз ҷанг ба хона баргашта духтарашро, ки ба пешвози ӯ баромад ба оғӯш мегирад

Ин осон набуд, лекин духтари Йифтоҳ он чизе ки падараш ваъда дода буд, иҷро кард

Ту дар сурат духтарчаро мебинӣ? ~ Ӯ духтари мардест, ки Йифтоҳ ном дошт. Дар Китоби Муқаддас номи ин духтарча гуфта нашудагӣ, лекин мо медонем ки ӯ, падараш ва Яҳуваро хурсанд мекард. Биё, аввал дар бораи падараш мефаҳмем.

Йифтоҳ мардаки нағз буд ва бо духтараш вақти бисёрро гузаронда ба ӯ дар бораи Яҳува гап мезад. Вай боз мардаки боқувват ва сардори хуб буд. Барои ҳамин исроилиён ба пеши вай омада гуфтанд, ки дар ҷанги зидди душман ба онҳо сардор шавад.

Йифтоҳ ба Яҳува дуо гуфт ва ёрдам пурсид, ки дар ин ҷанг зӯр барояд. Ӯ ба Худо ваъда дод, ки агар ӯ дар ҷанг зӯр барояд, вай якум касе, ки аз хона ба пешаш мебарояд, ба Яҳува медиҳад. Ва он кас бояд тамоми умраш дар хаймаи Худо кор мекард ва дар наздикии он зиндагӣ мекард. Хайма ҷое буд, ки одамон барои ба Худо хизмат кардан ба он ҷо мерафтанд ва баъд гашта меомаданд. Йифтоҳ дар ҷанг зӯр баромад. Медонӣ, якум шуда аз хонаи ӯ ба пешаш кӣ баромад? ~

Аз хона ба пеши Йифтоҳ духтари яккаву ягонааш баромад. Ва акнун ӯ маҷбур шуд, ки духтарашро аз худаш ҷудо кунад. Инро фикр карда Йифтоҳ зиқ шуд. Лекин дар ёд дошт, ки ӯ ба Худо ваъда дода буд. Ва духтараш инро фаҳмида ба дадааш гуфт: «Дадаҷон ту ба Яҳува ваъда додӣ, барои ҳамин бояд ваъдаи додаатро иҷро кунӣ».

Духтари Йифтоҳ барои хайма чӯб ҷамъ мекунад; дӯстонаш барои хабаргирии ӯ омаданд

Ҳар сол дӯстони духтари Йифтоҳ ба хабаргирии вай меомаданд

Духтари Йифтоҳ ҳам зиқ шуд. Чунки дар хайма вай бояд шӯ намекард ва кӯдакдор намешуд. Лекин ӯ сахт мехост, ки ваъдаи дадааш додагиро иҷро кунаду бо ин кораш дили Яҳуваро хурсанд кунад. Ин кор барои ӯ назар ба шӯ кардан ё кӯдакдор шудан, заруртар буд. Барои ҳамин вай аз хонаашон рафт ва тамоми умраш дар хайма кор мекард.

Ба фикри ту оё бо ин кор ӯ дили падараш ва Яҳуваро хурсанд кард? ~ Албатта, хурсанд кард! Агар ту гапдаро бошиву Яҳуваро дӯст дорӣ, ту ҳам монанди духтари Йифтоҳ мешавӣ. Ту ҳам дили дадаю очаат ва Яҳуваро хеле хурсанд мекунӣ.

АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД

  • Такрори Шариат 6:4–6

  • Доварон 11:30–40

  • 1 Қӯринтиён 7:37, 38

САВОЛҲО:

  • Йифтоҳ кӣ буд? Ӯ ба Худо чӣ ваъда дод?

  • Барои чӣ ба духтари Йифтоҳ иҷро кардани ваъдаи падараш осон набуд?

  • Духтари Йифтоҳ кадом корро сахт кардан мехост?

  • Чӣ хел ту ба духтари Йифтоҳ монанд шуда метавонӣ?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан