МАВЗУЪ БАРОИ ОМӮЗИШ
Вафодорон ба ваъдаашон вафо мекунанд
Доварон 11:30–40-ро хонед ва аз мисоли Ифтоҳу духтараш дар бораи ба ваъда вафо кардан маълумот гиред.
Ба мазмуни матн сарфаҳм равед. Исроилиёни вафодор ба ваъдаҳое, ки ба Яҳува дода буданд, чӣ назар доштанд? (4 Мӯсо 30:2). Аз чӣ маълум аст, ки Ифтоҳу духтараш ба Яҳува имони қавӣ доштанд? (Дов. 11:9–11, 19–24, 36).
Ба ҳар як ҷузъиёт аҳамият диҳед. Вақти назр кардан Ифтоҳ, эҳтимол, дар бораи чӣ фикр мекард? (w16.04 саҳ. 7, сарх. 12). Ифтоҳу духтараш барои ба ҷо овардани назр чӣ фидокориҳо карданд? (w16.04 саҳ. 7, 8, сарх. 14–16). Хизматгорони Яҳува имрӯз чӣ хел ваъдаҳо медиҳанд? (w17.04 саҳ. 5–8, сарх. 10–19).
Дарсҳо барои мо. Аз худ пурсед:
Чӣ кор кунам, ки ба ваъдаи бахшидани худ ба Яҳува вафо кунам? (w20.03 саҳ. 13, сарх. 20).
Барои ба Яҳува бисёртар хизмат кардан чӣ фидокориҳо карда метавонам?
Барои ба ваъдае, ки ба ҳамсарам додаам, чӣ тавр вафодор монам? (Мат. 19:5, 6; Эфс. 5:28–33).