ДАРСИ 5
Самуил ҳама вақт дуруст рафтор мекард
Самуил аз майдагиаш дар хайма, яъне дар ҷое, ки одамон барои ба Яҳува хизмат кардан меомаданд, кор мекард ва дар наздикии он зиндагӣ мекард. Ту медонӣ, ки Самуил чӣ хел дар хайма кор мекардагӣ шуд? Барои инро фаҳмидан биё, аввал дар бораи модари Самуил, Ҳанно мефаҳмем.
Ҳанно солҳои дароз бефарзанд буд. Ӯ сахт мехост кӯдакдор шавад, лекин намешуд. Вай ба Яҳува дуо гуфт, ки ба ӯ ёрдам кунад. Ҳанно ваъда дода гуфт, ки агар писардор шавад, ӯро барои зиндагӣ ва кор кардан ба хайма мефиристад. Яҳува ба дуояш ҷавоб дод ва ӯ писардор шуд. Ҳанно номи писарашро Самуил монд. Чи хеле ки ӯ ваъда дода буд, вақте ки Самуил се-чорсола шуд, очааш ӯро гирифта ба хайма барои хизмати Худо бурд.
Марде, ки номаш Элӣ буд, дар хайма чун саркоҳин хизмат мекард. Саркоҳин касе буд, ки аз номи халқ ба Худо гап мезад. Ду писарони Элӣ ҳам дар хайма чун коҳин хизмат мекарданд. Дар хотират ҳаст, ки хайма хонае буд, ки дар он ҷо ба Худо хизмат мекарданд. Одамон дар он ҷо фақат дар бораи кардани корҳои нағз фикр мекарданд. Лекин писарони Элӣ бошанд, бисёр корҳои ганда мекарданд. Самуил корҳои онҳоро медид. Ту чӣ фикр дорӣ Самуил ранги писарони Элӣ корҳои ганда мекард? ~ Албатта не. Вай ҳама вақт кори дуруст мекард, чи хеле ки дадаю очааш ба ӯ ёд дода буданд.
Ба фикрат Элӣ бо ду писари худ бояд чӣ кор мекард? ~ Вай бояд, онҳоро ҷазо медод. Элӣ набояд мемонд, ки онҳо дар хонаи Худо кор кунанд. Лекин вай ин хел накард, барои ҳамин Яҳува ба ӯ ва ду писараш қаҳраш омад. Яҳува қарор кард, ки онҳоро ҷазо медиҳад.
Самуил гапи Яҳуваро ба Элӣ гуфт
Як шаб, вақте ки Самуил хоб буд, вай шунид, ки касе номашро гирифта, ӯро ҷеғ зада истодааст: «Самуил!» Вай давида ба назди Элӣ рафт, лекин Элӣ гуфт: «Ман туро ҷеғ назадам». Ва ҳамин хел ӯ боз ду бори дигар пеши Элӣ давида омад. Сеюм бор вақте ки ӯ омад, Элӣ ба вай гуфт, ки агар як бори дигар он овозро шунавад, бояд чунин гӯяд: «Бале, Яҳува гап зан, ман туро гӯш карда истодаам». Ва Самуил ҳамин хел кард. Яҳува ба вай гуфт: «Ба Элӣ гӯй, ки ман оилаи ӯро барои кори ганда кардагиашон, ҷазо медиҳам». Ба фикри ту оё ба Самуил осон буд, ки ин гапро ба Элӣ гӯяд? ~ Не, ин осон набуд. Аммо нигоҳ накарда ба он ки Самуил метарсид, чи хеле ки Яҳува ба ӯ гуфт, ҳамин хел кард. Он чизе Яҳува гуфт иҷро шуд. Ду писарони Элиро куштанд ва худи ӯ ҳам мурд.
Самуил барои мо мисоли нағз аст. Вай ҳама вақт кори дуруст мекард, ҳатто нигоҳ накарда ба он ки кори гандаи дигаронро медид. Агар дар пеши ту дигарон корҳои ганда кунанд, ту чӣ кор мекунӣ? Оё ту ранги Самуил рафтор карда кори дуруст карданро давом медиҳӣ? Агар ранги Самуил рафтор кунӣ, ту ҳам Яҳува ва ҳам дадаю очаатро хурсанд мекунӣ.