БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аз ҳаёти Самуил дарс гиред
Самуил тамоми ҳаёташ ба Яҳува вафодор монд. Дар хурдсолӣ ӯ нагузошт, ки писарони Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, ба ӯ таъсири бад расонанд (1Пш 2:22–26). Самуил калон мешуд ва Яҳува бо ӯ буд (1Пш 3:19). Дар пиронсолиаш ҳам ӯ содиқона хизмати Яҳуваро давом медод, ҳарчанд писаронаш ба ӯ пайравӣ намекарданд (1Пш 8:1–5).
Мо аз мисоли Самуил чӣ дарс мегирем? Ҷавонон, дилпур бошед, ки Яҳува тамоми душвориву ҳиссиёти шуморо мефаҳмад. Ӯ ба шумо барои далер будан кумак мекунад (Иш 41:10, 13). Волидон, агар фарзанди шумо ба Яҳува хизмат накунад, аз ҳад зиёд ғам нахӯред. Самуил натавонист писаронашро маҷбур кунад, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунанд. Ӯ ин масъаларо ба дасти Яҳува супурд ва беайбиашро нигоҳ дошта дили Яҳуваро хурсанд мекард. Шояд, намунаи шумо ба фарзандонатон таъсир расонаду онҳо ба назди Яҳува баргарданд.
ВИДЕОНАВОРИ «АЗ ОНҲО ИБРАТ ГИРЕД — САМУИЛ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр Самуил дар хурдиаш далерӣ нишон дод?
Дэнни чӣ хел далерӣ нишон дод?
Самуил дар пиронсолиаш чӣ гуна намунаи хуб гузошт?
Яҳува онҳоеро, ки дар роҳи ӯ устуворанд, дастгирӣ мекунад
Чӣ тавр волидони Дэнни намунаи хуб гузоштанд?