ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • hf қисми 3 саҳ. 9-11
  • Душвориҳоро чӣ тавр бояд ҳал кард?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Душвориҳоро чӣ тавр бояд ҳал кард?
  • Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • 1 ДУШВОРИҲОРО МУҲОКИМА КУНЕД
  • 2 ГӮШ КУНЕД ВА БИФАҲМЕД
  • 3 АМАЛ НАМОЕД
  • Бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Ба якдигар вафодор бошед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Барои издивоҷи хушбахт роҳнамоии Худоро ҷӯед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Чӣ тавр бо наздикон сулҳро нигоҳ доштан мумкин аст?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
Маълумоти бештар
Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
hf қисми 3 саҳ. 9-11
Шавҳаре ба ҳисиёти занаш бодиққат гӯш дода истодааст

ҚИСМИ 3

Душвориҳоро чӣ тавр бояд ҳал кард?

«Ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад» (1 Петрус 4:8).

Азбаски шумо ва ҳамсаратон ҳаёти якҷояро сар мекунед, душвориҳои гуногун ба миён хоҳанд омад. Чаро? Зеро фикратон, ҳиссиётатон ва нуқтаи назаратон ба ҳаёт гуногун буда метавонад. Ё ин ки душвориҳо метавонанд аз боиси таъсири атрофиён ва вазъиятҳои ногаҳонӣ, ба миён оянд.

Шояд мо аз воқеият гурехтанӣ шавем, лекин дар Китоби Муқаддас маслиҳат дода шудааст, мо бояд душвориҳо ҳал кунем (Матто 5:23, 24). Ба воситаи ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас, шумо душвориҳоятонро ба таври беҳтарин ҳал хоҳед кард.

1 ДУШВОРИҲОРО МУҲОКИМА КУНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Вақте ҳаст... барои сухан рондан» (Воиз 3:1, 7). Барои дар бораи душвориҳо сӯҳбат кардан вақт ҷудо кунед. Фикр ва ҳиссиётатонро оиди ин ё он чиз, ростқавлона ба ҳамсаратон баён намоед. Ҳамеша ба ҳамсари худ «рост гӯед» (Эфсӯсиён 4:25). Ҳатто агар ҳолати эмотсионалиатон зери фишор қарор гирад ҳам, ба хашм дода нашавед. Ҷавоби нарм кӯмак мекунад, ки нофаҳмиҳо ба ҷанҷол табдил наёбад (Масалҳо 15:4; 26:20).

Ҳатто агар шумо бо чизе розӣ набошед ҳам, гузашт кунед ва ҳеҷ гоҳ нисбати ҳамсаратон нишон додани муҳаббат ва эҳтиромро фаромӯш насозед (Қӯлассиён 4:6). Кӯшиш кунед, ки масъаларо ҳар чӣ зудтар ҳал кунед ва муошират карданро давом диҳед (Эфсӯсиён 4:26).

Ҳамсарон душвориеро якҷоя муҳокима карда истодаанд

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Барои муҳокима кардани душворӣ вақти мувофиқ ёбед

  • Вақте ки барои гӯш кардан навбати шумо бошад, сухани ҳамсаратонро набуред. Барои сухан гуфтан навбати шумо ҳам меояд

2 ГӮШ КУНЕД ВА БИФАҲМЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Якдигарро... дӯст доред ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Румиён 12:10). Ба суханони ҳамсаратон гӯш кардани шумо хеле муҳим аст. Ҳаракат кунед, ки ҳангоми фаҳмидани нуқтаи назари ҳамсаратон «ҳамдард... ва фурӯтан бошед» (1 Петрус 3:8; Яъқуб 1:19). Чунин вонамуд накунед, ки гӯё гӯш карда истодаед. Агар имконпазир бошад, кори кардаистодаатонро як сӯ монда, пурра диққататонро ба ҳамсаратон равона созед ё аз ӯ пурсед, ки оё метавонед ин сӯҳбатро баъдтар муҳокима кунед. Вақте шумо ба ҳамсаратон на чун рақиб, балки ҳамчун аъзои гурӯҳатон нигоҳ мекунед, «ба хашм гирифтан шитоб» нахоҳед кард (Воиз 7:9).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Ҳатто агар суханони ҳамсаратон ба гӯшатон нафорад ҳам, самимона гӯш карданро давом диҳед

  • Аҳамият диҳед, ки ҳамсаратон бо ин суханонаш чӣ гуфтанӣ аст. Ба тарҳи рӯй ва оҳанги овози ӯ диққат диҳед

3 АМАЛ НАМОЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст, вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад» (Масалҳо 14:23). Танҳо оиди ҳал намудани ягон масъала розӣ шудан, кофӣ нест. Шумо бояд мувофиқи он чизе, ки якҷоя қарор кардед, амал намоед. Ин шояд заҳмат ва кӯшишу ғайрати зиёдро талаб кунад, лекин ин арзанда аст (Масалҳо 10:4). Агар шумо якҷоя чун як гурӯҳ кор кунед, аз меҳнататон «музди хубе» ба даст меоред (Воиз 4:9).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Қарор кунед, ки барои ҳал кардани душворӣ, ҳар яки шумо кадом қадамҳои амалиро хоҳед гузошт

  • Вақт аз вақт оиди пешравиҳои кардаатон мулоҳиза ронед

ДУШВОРИҲОРО ЯКҶОЯ ПАСИ САР КУНЕД

Якҷоя амал карда шумо метавонед, боварӣ дошта бошед, ки издивоҷи шумо мустаҳкам ва хушбахт мегардад, на ин ки ноустувору бадбахт (Масалҳо 24:3). Ба оянда назар дӯзед ва душвориҳои гузаштаро хотиррасон накунед (Масалҳо 17:9). Вақте ки шумо бо якдигар ҳамкорӣ карда, принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаред, шумо ҳар гуна душвориро бомуваффақият паси сар карда метавонед.

АЗ ХУД БИПУРСЕД...

  • Кадом душвории ҷиддиро ман бо ҳамсарам муҳокима кардан мехоҳам?

  • Барои фаҳмидани ҳиссиёти ҳамсарам оиди душворӣ ман чӣ кор карда метавонам?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан