БОБИ ШАШ
Баъд аз мурдан бо одам чӣ мешавад?
1–3. Одамон дар бораи марг чӣ саволҳо медиҳанд ва чӣ тавр баъзе динҳо ба онҳо ҷавоб медиҳанд?
КИТОБИ МУҚАДДАС ваъда медиҳад, ки Худо маргро нест мекунад (Ваҳй 21:4). Аз боби панҷ мо фаҳмидем, ки қурбонии Исо ба мо имконият медиҳад, ки соҳиби зиндагии беохир шавем. Лекин имрӯзҳо ҳама одамон мемуранд (Воиз 9:5). Барои ҳамин мо мехоҳем донем, ки баъд аз марг бо мо чӣ мешавад.
2 Вақте ягон одами наздики мо мемурад, мо аз худ мепурсем: «Ӯ дар куҷост? Оё ӯ азоб мекашад? Оё ӯ ба мо кӯмак расонда метавонад? Оё ман боз ӯро медида бошам?»
3 Ҳар дин ба ин саволҳо ҳар хел ҷавоб медиҳад. Баъзе динҳо мегӯянд, ки одамони хуб баъд аз марг ба осмон мераванд, одамони бад — дар дӯзах месӯзанд. Баъзеи дигар таълим медиҳанд, ки баъд аз марг рӯҳи одам аз вай баромада, ҳамроҳи хешу табори мурдааш зиндагӣ мекунад. Ба фикри баъзе динҳо баъд аз марги одам бо ӯ саволу ҷавоб мекунанд ва ӯ баъд аз ин чун одами дигар ва ё ҳатто чун ҳайвон аз нав таваллуд мешавад.
4. Динҳо дар бораи марг чӣ таълим медиҳанд?
4 Чи хеле ки дидем, ҳар дин дар бораи марг ҳар хел таълим медиҳад. Аммо ҳама динҳо як чизи асосиро таълим медиҳанд, ки гӯё баъд аз марги инсон як қисми ӯ зиндагиро давом медиҳад. Оё ин гап рост аст?
БАЪД АЗ МАРГ БО МО ЧӢ МЕШАВАД?
5, 6. Вақте мо мемурем, бо мо чӣ мешавад?
5 Яҳува медонад, ки баъд аз марг бо мо чӣ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки вақте одам мемурад, зиндагии вай тамом мешавад. Марг охири зиндагист. Баъди мурдани одам фикру ҳиссиёти вай нест мешавадa. Одами мурда ҳеҷ чизро ҳис намекунад, намешунавад ва намедонад.
6 Подшоҳ Сулаймон гуфта буд, ки «мурдаҳо чизе намедонанд». Мурдаҳо ҳеҷ чиз намедонанд ва ҳеҷ чизро ҳис намекунанд. Онҳо на бад дида метавонанд ва на дӯст дошта метавонанд, чунки «дар гӯр... на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат». (Воиз 9:5, 6, 10-ро хонед.) Дар Забур 145:4 гуфта мешавад, ки баъди марг «андешаҳои [одам] нест мешавад».
ИСО ДАР БОРАИ МАРГ ЧӢ ГУФТ?
Яҳува одамонро барои дар замин беохир зиндагӣ кардан офаридааст
7. Исо маргро ба чӣ монанд кард?
7 Яке аз дӯстони наздики Исо Лаъзор ном дошт. Вақте ӯ мурд, Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «дӯсти мо Лаъзор хуфтааст», яъне хоб рафтааст. Аммо ин гапи ӯ маъно надошт, ки Лаъзор дам гирифта истодааст, чунки баъдтар ӯ гуфт, ки «Лаъзор мурдааст» (Юҳанно 11:11–14). Исо мурданро ба хоб баробар кард. Ӯ нагуфт, ки Лаъзор дар осмон ё ҳамроҳи хешу табори мурдааш аст. Инчунин Исо нагуфт, ки ӯ дар дӯзах азоб мекашад ё чун одами дигар ё ҳайвон аз нав таваллуд шудааст. Лаъзорро хоби сахт бурда буд. Дар дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас низ марг бо хоби сахт баробар карда шудааст (Забур 12:4; Дониёл 12:2).
8. Мо аз куҷо медонем, ки Худо одамонро барои он наофаридааст, ки онҳо оқибат муранд?
8 Баъзеҳо мегӯянд, ки «мурдан амри Ҳақ аст», яъне Худо ҳамин хел кардааст, ки мо оқибат мурем. Оё Яҳува Одаму Ҳавворо бо мақсаде офарид, ки онҳо оқибат муранд? Не, албатта. Яҳува мехост, ки онҳо беохир зиндагӣ кунанд. Яҳува одамонро офарид ва хоҳиши доимо зиндагӣ карданро дар дили онҳо ҷо кард (Воиз 3:11). Падару модар тобу тоқати онро надоранд, ки марги фарзанди худро бинанд. Барои онҳо аз марги фарзанд чизи бадтаре нест. Худои мо низ ба монанди падари меҳрубон намехоҳад, ки мо пир шавем ва мурем. Ӯ моро офаридааст, ки беохир зиндагӣ кунем.
БАРОИ ЧӢ ОДАМОН МЕМУРАНД?
9. Барои чӣ Худо ба Одаму Ҳавво қонун дод ва оё иҷро кардани он душвор буд?
9 Дар боғи Адан Яҳува ба Одам чунин гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳастӣ 2:9, 16, 17). Ин фармони аниқу равшан буд. Ба ин амри Худо итоат кардан душвор набуд ва Худо ҳақ дошт, ки ба онҳо гӯяд, ки чӣ нек асту чӣ бад. Агар онҳо гапи Яҳуваро мегирифтанд, нишон медоданд, ки Ӯро ҳамчун ҳокими худ қабул мекунанд. Ҳамчунин бо итоаткориашон онҳо ба Ӯ миннатдорӣ нишон медоданд.
10, 11. а) Чӣ тавр Шайтон Ҳавворо фиреб кард? б) Барои чӣ гуноҳи Одаму Ҳавво нобахшиданист?
10 Сад афсӯс ки, Одаму Ҳавво ба гапи Худо гӯш надоданд. Шайтон ба Ҳавво савол дод: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Ҳавво дар ҷавоб гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем, лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред» (Ҳастӣ 3:1–3).
11 Лекин Шайтон ба вай гуфт: «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, ориф [донанда]-и неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3:4–6). Шайтон гӯё ба Ҳавво чунин фаҳмонд: ту ҳам мисли Худо ҳуқуқ дорӣ худат гӯӣ, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Шайтон гуфт, ки агар Ҳавво аз меваи дарахт хӯрад, намемурад, лекин ин гапи Шайтон дурӯғ буд. Ҳавво меваро хӯрду ба шавҳараш дод ва ӯ ҳам хӯрд. Одаму Ҳавво медонистанд, ки Худо ба онҳо хӯрдани меваро манъ кардааст. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки онҳо дидаву дониста қонуни Худоро шикастанд. Бо хӯрдани ин мева онҳо нишон доданд, ки нисбати Падари осмонии худ ягон зарра ҳурмат надоранд. Барои ҳамин гуноҳи онҳо нобахшиданӣ буд!
12. Беитоатии Одаму Ҳавворо ба чӣ монанд кардан мумкин аст?
12 Афсӯс ки, Одаму Ҳавво нисбати Офаридгор чунин беҳурматӣ нишон доданд! Тасаввур кунед, ки шумо як духтару як писар доред. Шумо хуни ҷигар хӯрда онҳоро калон мекунед. Лекин онҳо гапи шуморо нагирифта, чӣ коре ки худашон хостанд, ҳамонро мекунанд. Оё дилатон садпора намешавад?
Одам аз хок буд ва ба хок баргашт
13. Бо Одам охир чӣ шуд?
13 Вақте Одаму Ҳавво гапи Худоро нагирифтанд, онҳо имконияти доимо зиндагӣ карданро аз даст доданд. Яҳува ба Одам гуфт: «Ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ». (Ҳастӣ 3:19-ро хонед.) Бале, Одам аз хок офарида шуда буд ва, вақте мурд, боз гашта хок шуд (Ҳастӣ 2:7). Ӯ дигар вуҷуд надошт.
14. Чаро одамон мемуранд?
14 Агар Одаму Ҳавво гапи Худоро мегирифтанд, имрӯз ҳам зинда мебуданд. Лекин онҳо гуноҳ карданд ва оқибат мурданд. Гуноҳ ба монанди касалиест, ки аз падару модар ба фарзандон мегузарад. Мо фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем, барои ҳамин гунаҳкор таваллуд мешавем ва мемурем (Румиён 5:12). Лекин Худо намехост, ки ин хел шавад. Яҳува ҳеҷ гоҳ мақсад надошт, ки одамон муранд. Дар Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас, марг душман номида шудааст (1 Қӯринтиён 15:26).
ҲАҚИҚАТ МОРО ОЗОД МЕКУНАД
15. Вақте мо ҳақиқатро дар бораи марг мефаҳмем, аз чӣ озод мешавем?
15 Ҳақиқатро дар бораи ҳолати мурдагон фаҳмида мо аз таълимоти нодуруст ва тасаввуроти хато озод мешавем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мурдагон азоб намекашанд, хафа намешаванд ва ҳеҷ чизро ҳис намекунанд. Мо наметавонем бо онҳо гап занем ва онҳо ҳам наметавонанд бо мо гап зананд. Мо наметавонем ба онҳо ёрдам кунем ва онҳо ҳам ба мо ёрдам карда наметавонанд. Мурдагон ба мо зарар расонда наметавонанд, барои ҳамин мо набояд аз онҳо тарсем. Лекин бисёр динҳо таълим медиҳанд, ки вақте одам мемурад, рӯҳаш зиндагӣ мекунад. Баъзеҳо ба намояндагони дин пул медиҳанд, то дар ҳаққи мурда дуо гӯянд. Мо, ки ҳақиқатро дар ин бора фаҳмидаем, ба ин дурӯғҳо бовар намекунем.
16. Бисёр динҳо дар бораи мурдаҳо чӣ мегӯянд?
16 Шайтон динҳои дурӯғро истифода бурда одамонро фиреб мекунад, ки ҳаёти одам баъд аз марг ҳам давом дорад. Оё дини шумо ҳам ҳаминро таълим медиҳад ва ё он чиро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст? Дар ҳақиқат, Шайтон бо таълимоти дурӯғи худ одамонро аз Яҳува дур кардааст.
17. Оё Худо одамонро дар дӯзах месӯзонад? Фаҳмонед.
17 Он чизе, ки динҳои бисёр таълим медиҳанд, аз ақл берун аст. Масалан, баъзеҳо таълим медиҳанд, ки одамони бад абадан дар дӯзах месӯзанд. Оё ин дуруст аст? Не, ин дурӯғи маҳз аст. Тасаввур кунед, ки шиносатон кӯдакашро барои ягон кори нодурусташ ҷазо медиҳад. Ӯ дасти кӯдакро гирифта дар оташ месӯзонад. Шумо дар бораи чунин одам чӣ фикр мекунед? Шумо, албатта, мегӯед, ки он шахс бераҳму сангдил аст. Шояд, шумо бо ӯ ҳатто салом кардан нахоҳед. Оё Худои меҳрубон метавонад одамонро дар дӯзах сӯзонад? Не. Ӯ ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки одамон чунин азоб кашанд! (1 Юҳанно 4:8-ро хонед.) Ин дурӯғро Шайтон бофтааст, то ки Худоро бадном кунад ва ӯ мехоҳад, ки одамон ба ин бовар кунанд.
18. Барои чӣ мо набояд аз мурдагон тарсем?
18 Ба гуфти баъзе динҳо баъди марги инсон рӯҳи ӯ берун мебарояд. Ин динҳо таълим медиҳанд, ки мо бояд рӯҳи мурдагонро ҳурмат кунем ва ҳатто аз онҳо тарсем. Ба фикри онҳо рӯҳи мурдагон метавонанд ба мо некӣ ё бадӣ кунанд. Бисёри одамон ба ин дурӯғ бовар доранд. Барои ҳамин онҳо мурдагонро ибодат мекунанд. Дигарон бошанд, кӯшиш мекунанд, ки рӯҳи гузаштагонро шод кунанд. Дар ёд доред, ки мурдагон ҳеҷ чизро ҳис намекунанд ва намедонанд, барои ҳамин мо набояд аз онҳо тарсем ё барояшон ягон кор кунем. Мо бояд танҳо аз Яҳува тарсем ва Ӯро ибодат кунем, чунки Ӯ Офаридгори мост (Ваҳй 4:11).
19. Барои чӣ мо бояд дар бораи марг ҳақиқатро донем?
19 Агар дар бораи марг ҳақиқатро донем, мо ба ҳар дурӯғе, ки динҳои бисёр таълим медиҳанд, бовар намекунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба ваъдаҳое, ки Яҳува дар бораи оянда медиҳад, сарфаҳм равем.
20. Дар боби оянда мо дар бораи чӣ мефаҳмем?
20 Дар замонҳои пеш пайғамбари Худо, Айюб, чунин савол дода буд: «Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?» (Айюб 14:14). Оё мумкин аст, ки мурда аз нав зинда шавад? Ҷавоби Китоби Муқаддас шуморо ба ҳайрат меорад. Биёед дар ин бора аз боби оянда фаҳмем.
a Баъзе одамон бовар доранд, ки баъд аз марги одам рӯҳи вай зиндагиро давом медиҳад. Барои дар ин бора бисёртар фаҳмидан нигаред ба Мавзӯъҳои 16 ва 17.