СУРУДИ 20
Ту Писари азизатро қурбон кардӣ
1. Худоё, мо ҳама
пеш будем ноумед.
Писарат қурбон шуд —
ту додӣ умед!
Аз ин хабар диҳем
ба ҳама одамон,
Бо ҷидду ҷаҳд созем
мо дилатро шодмон.
(Нақарот)
Ту додӣ фидия
ба мо аз муҳаббат,
Барои ин ҳадяат
сипосгузорем то абад.
2. Хайрхоҳӣ, раҳмдилӣ,
мо туро дӯст дорем.
Атои фидяро
хеле қадр кунем.
Писаре, ки чун ҷон
азиз бароят буд,
Фидои мо кардӣ,
то ёбем раҳоӣ.
(Нақарот)
Ту додӣ фидия
ба мо аз муҳаббат,
Барои ин ҳадяат
сипосгузорем то абад.
(Хотима)
Худои раҳмдило, мо ҳастем миннатдор
Барои Писарат, ки ҳаст моро халосгор.