СУРУДИ 39
Дар назди Худо номи нек пайдо кунед
1. Мо хоҳем ҳар рӯз бо итоаткорӣ
Худоро ҷӯем, то ёбем некномӣ.
Чун мебинад Худо рафтори хуби мо,
Барояш бошад ин гуворо.
2. Дар ин ҷаҳон мо шуҳрат намеҷӯем,
Бо он дӯстиро орзу намекунем,
Зеро ки ин ҷаҳон, бешак, ҳаст гузарон,
Ҷовид лек монанд парҳезгорон.
3. Худо гар гирад дар ёдаш номи мо
Ва дар китобаш он монад доимо,
Мо хоҳем ёфт наҷот ва дорем эътимод,
Ки он ном орад ба мо ҳаёт.
(Ҳамчунин нигаред ба 1 Мӯсо 11:4; Пнм. 22:1; Мал. 3:16; Ошкор. 20:15.)