МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23
СУРУДИ 63 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!
Номи Яҳува — аҳамияти он барои мо
«Шумо шоҳидони ман ҳастед,— мегӯяд Яҳува» (ИШ. 43:10).
МАҚСАД
Мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳар яки мо номи Яҳуваро муқаддас гардонда, аз туҳмат пок карда метавонем.
1, 2. Мо аз куҷо медонем, ки номи Яҳува барои Исо муҳим аст?
БАРОИ Исо чизи муҳимтаре аз номи Яҳува нест. Ӯ номбардори асосии Падараш аст. Аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ки Исо барои ҷалол додани номи Яҳува ва хислатҳои зебои ӯ тайёр буд ҷонашро диҳад (Марқ. 14:36; Ибр. 10:7–9). Барои муқаддас гардондани номи Яҳува баъд аз Ҳукмронии ҳазорсолааш Исо бо омодагӣ Подшоҳиро ба Яҳува бармегардонад (1 Қӯр. 15:26–28). Исо ҳам Яҳува ва ҳам номашро бениҳоят дӯст медорад.
2 Исо аз номи Падараш ба замин омад ва номи ӯро ба шогирдонаш шиносонд (Юҳ. 5:43; 12:13; Юҳ. 17:6, 26). Ӯ аз номи Яҳува таълим медод ва муъҷизаҳо мекард (Юҳ. 10:25). Исо аз Падараш илтиҷо кард, ки «ба хотири номи худ» шогирдонашро дар паноҳаш нигаҳ дорад (Юҳ. 17:11). Агар барои Исо номи Падараш ин қадар муҳим бошад, пас, шахс наметавонад худро пайрави Исо донаду бо номи Яҳува шинос набошад ё онро ба забон нагирад.
3. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Барои мо пайравони Масеҳ номи Падараш қадру қимати зиёд дорад (1 Пет. 2:21). Аз ин мақола мефаҳмем, ки барои чӣ имрӯз Яҳува мавъизагарони «Подшоҳии» худро номбардоронаш гардондааст (Мат. 24:14). Инчунин мефаҳмем, ки номи Яҳува барои ҳар яки мо чӣ аҳамият дорад.
«ХАЛҚЕ БО НОМИ ХУД»
4. а) Исо пеш аз осмон рафтан ба шогирдонаш чӣ супориш дод? б) Вобаста ба ин супориш кадом савол ба миён меояд?
4 Пеш аз ба осмон баргаштанаш Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Хушхабар бояд берун аз Исроил паҳн мешуд ва ба гӯши ҳамаи халқҳо мерасид, то ҳар хоҳишманд шогирди Исо шуда тавонад (Мат. 28:19, 20). Вале бинед Исо чӣ гуфт: «Дар бораи ман шаҳодат медиҳед». Маънои ин оят чист? Оё шогирдони нави Исо бояд танҳо дар бораи Исо шаҳодат медоданд ё ҳамчунин бояд номи Яҳуваро медонистанд? Аз воқеаҳои Корнома боби 15 ба ин савол ҷавоб меёбем.
5. Чӣ тавр расулон ва пирони Ерусалим нишон доданд, ки одамон бояд номи Яҳуваро донанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
5 Соли 49-уми милодӣ расулон ва пирон дар Ерусалим барои ҳалли як масъалаи муҳим ҷамъ омаданд: оё ғайрияҳудиёни бехатна барои масеҳӣ шудан бояд хатна мешуданд? Дар охири суҳбат бародари Исо, Яъқуб, чунин гуфт: «[Петрус] як ба як нақл кард, ки чӣ тавр Худо бори аввал ба халқҳои дигар назар кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ орад». Яъқуб номи киро дар назар дошт? Суханони пайғамбар Омӯсро иқтибос оварда, ӯ илова кард: «То бақияи мардум якҷоя бо одамони ҳамаи халқҳо, одамоне, ки номи маро бар худ доранд, маро, Яҳуваро, бо ҷидду ҷаҳд биҷӯянд,— мегӯяд Яҳува» (Кор. 15:14–18). Мувофиқи ин оятҳо шогирдони нав бояд номи Худоро бар худ медоштанд. Ин чӣ маъно дорад? Шогирдони нав бояд на фақат дар бораи Худо дониш мегирифтанд, балки бо номи ӯ хонда ва шинохта мешуданд.
Дар вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи асри як мардони вафодор аниқу равшан фаҳмиданд, ки масеҳиён бояд халқе бо номи Худо хонда шаванд (Ба сархати 5 нигаред.)
6, 7. Исо барои чӣ ба замин омад ва муҳимтарин сабабаш кадом буд?
6 Номи Исо чунин маъноро дорад: «Яҳува наҷот аст». Мувофиқи номаш амал карда, Исо ба имондорон наҷоти Яҳуваро дастрас кард. Исо барои он ба замин омад, ки ҷонашро барои одамизод фидо кунад (Мат. 20:28). Товонро пардохт карда, Исо барои одамизод дари наҷот ва ҳаёти ҷовидониро кушод (Юҳ. 3:16).
7 Барои чӣ ба одамизод наҷот даркор буд? Воқеаи боғи Аданро ба ёд биёред. Аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ки Одаму Ҳавво бар зидди Худо баромаданд ва дари ҳаёти абадӣ барояшон баста шуд (1 Мӯсо 3:6, 24). Аз ин рӯ Исо барои наҷоти насли Одаму Ҳавво ба замин омад. Ӯ ҳамчунин барои як кори муҳимтаре омад. Шайтон дар боғи Адан номи Яҳуваро сиёҳ карда буд (1 Мӯсо 3:4, 5). Барои ҳамин номи Яҳуваро аз доғи туҳмат пок кардан даркор буд. Исо медонист, ки, агар номи Яҳува пок гардад, одамизод батамом озод мешавад. Маҳз Исо номи Яҳуваро аз туҳмат пок карда метавонист, зеро ӯ намоянда ва номбардори Яҳува буд.
Шахс наметавонад худро пайрави Исо донаду бо номи Яҳува шинос набошад ё онро ба забон нагирад
8. Ҳамаи пайравони Исо бояд чиро дарк мекарданд?
8 Ҳамаи онҳое, ки ба Исо имон меоварданд, ҳам яҳудиён ва ҳам ғайрияҳудиён бояд тан мегирифтанд, ки Наҷотбахшашон Падари Исо, Яҳува Худо, аст (Юҳ. 17:3). Онҳо ҳам мисли Исо аз рӯйи номи Яҳува шинохта мешуданд. Онҳо ҳам барои муқаддас гаштани номи Яҳува бояд саҳм мегузоштанд — наҷоташон ба ин вобаста буд (Кор. 2:21, 22). Ҳамаи пайравони бовафои Исо бояд дар бораи Яҳува ва Исо дониш мегирифтанд. Аз ҳамин сабаб Исо дуояшро бо чунин суханон тамом кард: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам ва боз мешиносонам, то муҳаббате, ки ту ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва онҳо бо ман якдил бошанд» (Юҳ. 17:26).
«ШУМО ШОҲИДОНИ МАН ҲАСТЕД»
9. Мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки номи Яҳува бароямон муҳим аст?
9 Ҳамаи пайравони ҳақиқии Исо бояд дар муқаддас гардондани номи Яҳува саҳм гузоранд (Мат. 6:9, 10). Номи Яҳува барояшон бояд аз дигар номҳо боло истад. Чӣ тавр мо номи Яҳуваро муқаддас карда, исбот кунем, ки Шайтон туҳматгар аст?
10. Кадом мурофиаи судӣ дар бобҳои 42–44-и китоби Ишаъё оварда шудааст? (Ишаъё 43:9; 44:7–9). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Мо дар муқаддас гаштани номи Яҳува саҳми муҳим гузошта метавонем. Дар ин бора дар китоби Ишаъё бобҳои 42 то 44 омадааст. Дар ин бобҳо Яҳува худоёни дигарро гӯё ба мурофиаи судӣ даъват мекунад, то худо будани худро исбот кунанд. Инчунин дар ин мурофиа Яҳува шоҳидонро даъват мекунад, ки барои ҳимояи худоёнашон сухан гӯянд. Лекин ҳеҷ кас ин корро карда наметавонад. (Ишаъё 43:9; 44:7–9-ро хонед.)
Бо бисёр роҳҳо мо исбот мекунем, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)
11. Дар Ишаъё 43:10–12 Яҳува ба халқаш чӣ мегӯяд?
11 Ишаъё 43:10–12-ро хонед. Яҳува ба халқи худ чунин мегӯяд: «Шумо шоҳидони ман ҳастед... ва ман Худо ҳастам». Яҳува ба онҳо саволе медиҳад: «Магар ғайр аз ман Худое ҳаст?» (Иш. 44:8). Мо ҳам метавонем ба ин савол ҷавоб диҳем. Ин бароямон шарафи бузург аст. Бо сухану рафтори худ мо шаҳодат медиҳем, ки Яҳува Худои яккаву ягона аст ва номи ӯ аз дигар номҳо болотар меистад. Чӣ қадар Шайтон ҳаётамонро вазнин нагардонад, мо бо тарзи ҳаёти худ исбот мекунем, ки Яҳуваро бо тамоми дили худ дӯст медорем ва ба ӯ содиқем. Бо ин роҳ мо номи Яҳуваро муқаддас гардонда метавонем.
12. Пешгӯйии Ишаъё 40:3, 5 чӣ тавр иҷро шуд?
12 Вақте мо аз номи Яҳува ё обрӯйи ӯ пуштибонӣ мекунем, ба Исои Масеҳ пайравӣ мекунем. Пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ карда, гуфта буд, ки «як нафар роҳро барои Яҳува тайёр мекунад» (Иш. 40:3). Чӣ тавр ин суханон иҷро шуданд? Яҳёи Таъмиддиҳанда роҳро барои Исо, ки аз номи Яҳува омада буду аз номи ӯ гап мезад, тайёр кард (Мат. 3:3; Марқ. 1:2–4; Луқ. 3–6). Дар китоби Ишаъё боз гуфта мешавад: «Ҷалоли Яҳува ошкор мешавад» (Иш. 40:5). Ин пешгӯйӣ чӣ тавр иҷро шуд? Исо вақти ба замин омаданаш рафтору гуфтори Яҳуваро бекаму кост такрор мекард. Ӯ гӯё пардаи осмонро кушод, то одамон сифатҳои Яҳуваро бо тамоми рангу зебашон дида тавонанд (Юҳ. 12:45).
13. Мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем?
13 Мисли Исо мо ҳам шоҳидону номбардорони Яҳуваем. Мо дар бораи корҳои ҳайратангези ӯ ба дигарон нақл мекунем. Барои ин корро боз ҳам беҳтар кардан мо бояд ба дигарон гӯем, ки Исо барои муқаддас гардондани номи Яҳува чӣ кор кардааст (Кор. 1:8). Исо бузургтарин Шоҳиди Яҳува аст ва мо ба ӯ пайравӣ мекунем (Ошкор. 1:5). Чӣ тавр номи Яҳуваро қадрдонӣ карда метавонем?
ЧӢ ТАВР МО НОМИ ЯҲУВАРО ҚАДРДОНӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?
14. Аз рӯйи суханони Забур 105:3 мо дар бораи номи Яҳува чӣ фикр дорем?
14 Мо бо номи Яҳува мефахрем. (Забур 105:3-ро хонед.) Вақте мо бо номи Яҳува ифтихор мекунем, ӯ аз ин шод мешавад (Ирм. 9:23, 24; 1 Қӯр. 1:31; 2 Қӯр. 10:17). Номи Яҳуваро бар худ доштан барои мо шодию шараф аст, на нангу сархамӣ. Мо ба ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягон ва дигарон бо далерӣ мегӯем, ки Шоҳиди Яҳуваем. Шайтон мехоҳад, ки ҳангоми суҳбат бо дигарон мо номи Яҳуваро ба забон нагирем (Ирм. 11:21; Ошкор. 12:17). Шайтону пайғамбарони бардурӯғаш мехоҳанд номи Яҳуваро аз хотири одамон тарошида гиранд (Ирм. 23:26, 27). Вале мо, ки дӯстдорони номи Яҳуваем, ӯро васф карда, «тамоми рӯз» шодӣ мекунем (Заб. 5:11; 89:16).
15. Номи Яҳуваро хондан чӣ маъно дорад?
15 Мо минбаъд низ номи Яҳуваро ба забон мегирем (Юил 2:32; Рум. 10:13, 14). Номи Яҳуваро хондан на фақат маънои онро донистану ба забон гирифтанро дорад. Мо бо хислату сифатҳои Яҳува шинос шудем, ба ӯ такя мекунем ва роҳнамоии ӯро меҷӯем (Заб. 20:7; 99:6; 116:4; 145:18). Инчунин мо ба дигарон дар бораи хислатҳои ӯ мавъиза мекунем, онҳоро сӯйи тавбаву ислоҳ даъват мекунем, то ризои Худоро соҳиб шаванд (Иш. 12:4; Кор. 2:21, 38).
16. Мо чӣ хел исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст?
16 Барои номи Яҳува мо тайёрем, ки азоб кашем (Яъқ. 5:10, 11). Вақте дар сахтиҳо ба Яҳува содиқ мемонем, мо дурӯғгӯйиҳои Шайтонро фош мекунем. Дар замонҳои Айюб Шайтон хизматгорони Яҳуваро туҳмат карда, чунин гуфт: «Одам барои ҷони худ тайёр аст аз баҳри ҳама чиз барояд» (Айюб 2:4). Шайтон даъво кард, ки одам танҳо дар вақти хушҳолӣ ба ӯ хизмат мекунад. Ҳамин ки мушкилиҳо ба сараш оянд, аз Яҳува рӯй мегардонад. Айюби вафодор ин дурӯғи Шайтонро фош кард. Мисли Айюб мо ҳам дар ин кори бузург ҳисса гузошта метавонем. Чӣ балое, ки Шайтон ба сарамон наорад, мо ҳам аз Яҳува рӯй намегардонем. Мо сад фоиз боварӣ дорем, ки Яҳува ба хотири номаш моро дар паноҳаш нигаҳ медорад (Юҳ. 17:11).
17. Мувофиқи 1 Петрус 2:12 мо бо кадом роҳ номи Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
17 Мо номи Яҳуваро ҳурмат мекунем (Пнм. 30:9; Ирм. 7:8–11). Мо номбардори Яҳуваем ва аз номи ӯ гап мезанем. Барои ҳамин дигарон Худоямонро аз рӯйи гуфтору рафтори мо мешиносанд. (1 Петрус 2:12-ро хонед.) Аз ин рӯ мо мехоҳем бо ҳар амалу суханамон Яҳуваро ситоиш кунем. Бо ҳамин роҳ мо нокомил ҳам бошем, номи Яҳуваро баланд мебардорем.
18. Боз бо кадом роҳ исбот мекунем, ки номи Яҳува бароямон муҳим аст? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
18 Мо дар фикри номи Яҳуваем, на дар ғами обрӯйи худ (Заб. 138:2). Барои чӣ ин муҳим аст? Мо аз рӯйи муҳаббатамон ба Яҳува дар чашми одамони гирду атроф шум шуда метавонемa. Исо барои ҷалол додани номи Яҳува тайёр буд, ки ҳамчун ҷинояткор кушта шавад. Ӯ ба шармандагӣ тоб оварда, дар бораи обрӯйи худ аз ҳад зиёд ғам намехӯрд, ҳушу ёдаш ба иҷрои нияти Яҳува равона буд (Ибр. 12:2–4; Мат. 26:39).
19. Номи Яҳува барои шумо чӣ аҳамият дорад?
19 Мо бо номи Яҳува мефахрем ва сарбаландем, ки Шоҳиди Яҳува хонда мешавем. Ба хотири номи Яҳува мо ба ҳама мазоқу масхара тоб меорем. Номи Яҳува бароямон аз обрӯйи худамон дида муҳимтар аст. Чи монеае ки Шайтон ба сари роҳамон намонад, биёед минбаъд низ Яҳуваро ситоиш кунем. Бо ин роҳ мо ба Исо пайравӣ карда, исбот мекунем, ки номи Яҳува бароямон аз ҳама муҳим аст.
СУРУДИ 10 Яҳува — Худои моро, ҳамд гӯед!
a Ҳатто Айюби содиқ, вақте се дӯсташ ба обрӯйи ӯ панҷа заданд, худашро гум кард. Дар аввал, вақте фарзандон ва тамоми чизу чораашро аз даст дод, «Айюб гуноҳе накард ва Худоро дар ягон кори бад айбдор нанамуд» (Айюб 1:22; 2:10). Лекин, вақте ӯро ба бадкорӣ айбдор карданд, ӯ «девонавор сухан» мегуфт. Ӯ ба ҷойи пок кардани ном ё обрӯйи Худо, аз пайи ҳимояи обрӯйи худаш шуд (Айюб 6:3; 13:4, 5; 32:2; 34:5).